Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Симкорту телефон - танҳо баъди супурдани изи ангушт


Парлумони Тоҷикистон қонунеро таҳрир дорад, ки бар асоси он, симкорту телефон ба аҳолӣ танҳо баъд аз гирифтани изи ангуштонашон фурӯхта хоҳанд шуд.

Парлумони Тоҷикистон мехоҳад қонун дар бораи “Ба қайдгирии давлатии дактилоскопӣ”-ро, ки ҳанӯз соли 1999 қабул шуда буд, бозбинӣ кунад.

Ҷӯрахон Маҷидзода, раиси Кумитаи тартибот ва амнияти Маҷлиси намояндагон - маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ин қонун бо дарназардошти вазъи кунунии кишвар ва ба хотири кӯмак ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои мубориза ба ҷинояткорӣ бознависӣ мешавад. Дар сурати тасвиби иловаҳо ба ин қонун ҳар шаҳрванди аз 16- сола боло ӯҳдадор мешавад, ки ҳангоми гирифтани шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият аз қайди дактилоскопӣ (гузоштани изи ангуштон) гузарад. Хазинаи изи ангуштон, ки ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ҷамъоварӣ мешаванд, дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад. Фурӯхтани симкорту дастгоҳҳои электронии иртиботӣ, назири телефонҳои мобилӣ, ба афроде иҷоза дода мешаванд, ки аз қайди дактилоскопӣ гузашта бошанд.

Ҷаноби Маҷидзода мегӯяд: “Чанд дона симкорту телефон бигиранд, маҳдуд нест. Аммо пеш аз гирифтан бояд аз қайди дактилоскопӣ гузаранд. Ин ҳам як ёрдамчии субъектҳои зиддитерористӣ ҳаст. Ҳар як дастгоҳе, ки сарчашмаи ахборот аст ва барои иттилоот истифода мешавад, бояд соҳибаш аз қайди дактилоскопӣ гузарад. Ин вобастагӣ дорад ба алоқаҳои электронӣ. ”

Ин вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ҳатмӣ шудани гирифтани изи ангуштон на танҳо дар ифшои ҷиноятҳо, балки барои шиносоии шахсияти ҷасадҳое, ки ёфт мешаванд, ва ё афроди аз ақл бегона низ кӯмак мерасонад.

Симкорту телефон - танҳо баъди гирифтани нақши ангушт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Соли 2013 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фармоне содир кард, ки ҳангоми гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ ронандагон бояд изи ангушт супоранд, аммо пас аз норозигии сокинон, ки супурдани изи ангушт дар қонунҳо маҷбурӣ нест, ин фармон лағв шуд.

Файзулло Салимов, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мегӯяд, ба таври ҳатмӣ супурдани изи ангушт ба сари худ шаҳрвандонро ба иҷрои қонунҳо талқин мекунад. Ӯ гуфт: “Ин ду ҷиҳат дорад. Аввалан, пайдо шудани ҳаракатҳои гуногуни террористӣ, гумроҳ кардани ҷавонон ва дувум, дар растаҳои шаҳр бе ягон ҳуҷҷат симкорт мефурӯшанд, ки дар ин ҷо мардум зарар мебинанд. Зарари молӣ ҳам набинанд, зарари маънавӣ мебинанд. Он касоне, ки кортҳои беимзо мехаранд, ба ҳар касе хоҳанд, ҳар гуна муносибат мекунанд ва асаби одамонро мехарошанд. Борҳо ба ман аз рақамҳои ношинос чунин муносибат шудааст. Барои ҳамин ин қонун хеле хуб аст.”

То соли гузашта дар хиёбонҳои шаҳрҳои Тоҷикистон имкони харидории симкортҳои ширкатҳои мобилӣ бидуни шиноснома мумкин буд, аммо ҳоло назорат аз болои фурӯши симкортҳо ҳам ҷиддитар шудааст.

Хайринисо, як фурӯшандаи симкортҳои мобилӣ дар назди бозори “Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе мегӯяд, рӯзе бештар аз даҳ нафар хоҳиш мекунанд, то барояшон бидуни супурдани нусхаи шиноснома симкорт фурӯшанд: “Баъзан, нусхаи шиносномаи дигаронро меоранд, вале мо ҳаргиз ба ин шакл барояшон симкорт намефурӯшем. Ин кор тамоман мумкин нест. Мо нигоҳ мекунем, ки нусхаи шиносномаи худашон ҳаст, баъд барояшон симкорт мефурӯхтем.”

Аммо Умедҷон, фурӯшандаи телефони мобилӣ мегӯяд, фурӯхтани телефони мобилӣ танҳо ба афроде, ки изи ангушт супурдаанд, эҳтимол бозори онҳоро касод кунад.

Шонздаҳ сол пеш вақте, ки қонун дар бораи “Ба қайдгирии давлатии дактилоскопӣ” қабул шуда буд, дастгоҳҳои иртиботи электронӣ, аз ҷумла телефонҳои мобилӣ мисли имрӯз ба таври оммавӣ истифода намешуданд. Аз ин рӯ, вакилони парлумон таҳрири ин қонунро бо дарназардошти шароити тағйирёфта зарур мешуморанд.

XS
SM
MD
LG