Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии муштзанҳои тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар


Ҷаҳон Қурбонов
Ҷаҳон Қурбонов

​Ҷаҳон Қурбонов ва Муродҷон Расулов, варзишгарони тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Қатар ноком шуданд.

Варзишгарони тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва Муродҷон Расулов, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни мардон дар пойтахти Қатар – Доҳа – намояндагӣ карданд, рӯзи 6 октябр дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо ва роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳрум шуданд.

Ҷаҳон Қурбонови пуртаҷриба дар рақобатҳо дар вазни 91 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Игор Якубовскии лаҳистонӣ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Муродҷон Расулов бошад, дар вазни 49 кило дар аввалин қувваозмоияш аз Самуэл Кармона Ҳередиа (Испания) бо ҳисоби 0:3 мағлуб гашт.

Дар ин сабқати ҷаҳонӣ байни мардон, ки то рӯзи 15 октябр идома хоҳад кард, беш аз 250 варзишгар аз 73 кишвар иштирок доранд. Даври муқаддамотӣ, ки 6 октябр шурӯъ шуд, 9 октябр ба анҷом мерасад. Рӯзи 10 октябр даври чаҳорякниҳоӣ, 11 ва 12 октябр даври ниманиҳоӣ, 14 ва 15 октябр қуввазмоиҳои ниҳоӣ баргузор мешаванд. Дар сабқати ҷаҳонӣ муштзанҳо барои 23 роҳхати олимпӣ мубориза мебаранд.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс байни мардон аз соли1974 баргузор мешавад. Ин мусобиқа сар аз соли 1989 солҳои тоқ барпо мегардад. Варзишгарони Куба аз ҳама бештар – 121 медал, аз он ҷумла 67 нишони тилло ба даст овардаанд.

Соли 2013 мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор шуда буд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қазоқистон, ки соҳиби чаҳор медали тилло гардидааст, ғолиб омада буд.

Бояд гуфт, ки муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни мардон баъди медали биринҷии Анвар Юнусов соли 2011 дар Бокуи Озарбойҷон, дигар медал ба даст наовардаанд.

XS
SM
MD
LG