Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба сафорати Амрико дар Тошканд


Субҳи рӯзи 28-уми сентябр афроди номаълум ба ҳавлии сафорати Амрико дар Узбакистон ду бомби худсохт партоб кардаанд.

Сафорати Амрико дар Тошканд мегуяд, субҳи 28-уми сентябр афроди ношинос ба ҳавлии сафорат ду "коктейли Молотов" ва ё бомбҳои худсохти оташгиранда андохтанд ва яке аз онҳо таркидааст. Аммо дар ин ҳодиса ҳеҷ яке аз дипломатҳо ва ё кормандони сафорат осеб надидаанд ва дарҳои сафорат ҳамон лаҳза баста шудаанд ва кори сафорати Амрико дар Тошкандро ҳам барои муддати номуайян муттавақиф кардаанд.

Сафорати Иёлоти Муттаҳида бо нашри баёнияи расмӣ рӯзи 28-уми сентябр гуфт, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад ва сафорат бо мақомоти интизомии Узбакистон барои таҳқиқи ҳодиса ҳамкорӣ мекунанд. Айни замон сафорат мегуяд, ки ҳеҷ гуна иттилое дар бораи таҳдид ба ҷони амрикоиҳо ва ё манофеи Амрико дар Узбакистон надорад. Тадобири амниятиро баъди ин ҳодиса дар атрофи сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тошканд тақвият бахшидаанд ва аз ин рӯ ба гуфтаи сафорат, ҳузури маъмурони амниятӣ дар онҷо бештар ба чашм мехӯрад.

Сафорати Иёлоти Муттаҳида ба шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Узбакистон ҳастанд ва ё мехоҳанд, ба ин ҷо сафар кунанд, тавсия додааст, дар барномаи махсуси STEP- и вазорати умури хориҷӣ сабти ном кунанд, ки имкон медиҳад, ахбори амниятиро саривақт бигиранд ва дар сурати пешомади фавқуллода метавонанд, ҳарчӣ зудтар бо намояндагиҳои дипломатии наздиктарини Иёлоти Муттаҳида тамос бигиранд.

XS
SM
MD
LG