Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 тозиёна барои ишқи номашрӯъ


Дар Афғонистон ду ҷавони ошиқро барои равобити маҳрамона ба тозиёна маҳкум карданд. Додрас гуфтааст, ки ҷавонҳо ҷурми худро эътироф карданд.

Дар Афғонистон ду ҷавони ошиқро барои равобити маҳрамона ба тозиёна маҳкум карданд. Аҳмад ва Зармина, ду ҷавони сокини вилояти Ғӯр дар таърихи додгоҳи ин вилоят аввалине ҷуфте буданд, ки барои равобити маҳрамона муҷозот шуданд. Ин ду ҷавон дар ҷараёни мурофиа иқрор кардаанд, ки чаҳор маротиба бо ҳам робитаи маҳрамона доштаанд. Ҳар кадоме ба 100 тозиёна ё шаллоқ маҳкум шуданд. Ин ҳодиса рӯзи 31 август рух дод.

Барои аввалин бор ҳукми ин ду муҷрим ҳам дар мазҳари ом ба иҷро даромад. Радиои Афғонистони Озод мегӯяд, ки иҷрои ҳукми тозиёнаи ин ҷавонҳои ошиқ дар пеши чашми мақомот ва масъулини додгоҳ ва ҳам шоҳидон сурат гирифт. Додрас Атомуҳаммад Форуқӣ гуфтааст, ки ҷавонҳо дар баробари мақомоти тафтишотӣ ба содир кардани аъмоле эътироф кардаанд, ки аз рӯи қонунҳои шариати Ислом мамнӯъ аст. Дафъатан баъди хондани қарори додгоҳ ҳукм иҷро шуд.

100 шаллоқи ду ҷавони афғон ба хотири равобити номашруъ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00

Дар навори видеоие, ки хабарнигорони бахши афғонии радои Озодӣ пахш карданд, дида мешавад, ки духтаре зери чодар ва марде дар зону нишаста ҳукми худро мешунаванд ва баъдан як марди намояндаи додгоҳ ҳукмро иҷро мекунад. Ин ҳамаро намояндагони додгоҳ ва иддае дигар аз тамошобинони мард оромона мушоҳида мекунанд. Дар муҳокима ва ҷараёни иҷрои ҷазо, ки зоҳиран дар беруни сохтмони додгоҳ мегузарад, ҳеҷ нафар аз занон ба чашм намехӯрад. Зармина ва Аҳмад бо тасмае ба пушташон 100 зарбагӣ шаллоқ хӯрданд ва ҳеҷ садое ҳам ба забон наоварданд. Тибқи иттилои ахир, ин ҷавонҳо ҳамоно дар боздошт қарор доранд, ҳарчанд баъди татбиқи ҳукми додгоҳ бояд озод мешуданд.

Хабарнигори радиои Афғонистони Озод Султон Сарвар мегӯяд, ки ҳукми ин ду ошиқ бисёриҳоро дар кишвар нороҳат ва хашмгин кард, чун, ба андешаи онҳо, иҷрои қонунҳои Шариат на ҳамеша одилона ва баробар дар нисбати ҳама қишрҳои ҷомеа сурат мегирад.

Муҷозоти ҷуфти афғон бисёриҳоро нороҳат кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00

Ҷумҳурии Афғонистон, ки бар асоси қавонини шариат амал мекунад, аз ҷониби фаъолон дар дохил ва хориҷи ин кишвар барои ҳукмҳои золимонаву поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ интиқод шудааст. Ба бовари аксар фаъолони ҳуқуқи башар, масъалаи доштани равобити маҳрамона бо мард ё зане аз ҳамин қабил масоил аст ва дар аксар ҷомеаҳои пешрафта ҳамчун дахолат ба ҳарими хусусӣ арзёбӣ мешавад. Ҳукми ошиқони Ғӯр дар ҳоле содир мешавад, ки бисёриҳо ҳодисаи марги фоҷеабори ҷавонзани афғон Фархундаро дар остонаи Наврӯзи имсол дар Кобул аз ёд набурдаанд.

Фархунда баъд аз тӯҳмат ба оташзании китоби муқаддаси Қуръон аз ҷониби издиҳоми мардон бераҳмона ба қатл расонда шуд. Ин ҳодиса мавриди маҳкумияти ҳам ҷомеа ва ҳам раҳбарияти ҳукумати Афғонистон қарор гирифт. Бо вуҷуди ба мӯҳлатҳои то 20 соли зиндон маҳкум шудани қотилони Фархунда, аксарият бар ин боваранд, ки қазияи куштори ин зан намунаи беҳуқуқиву заъфи занони Афғонистон дар баробари ҷомеаи суннатгарои мардсолори ин кишвар аст, ки пойбанди хурофот аст ва дар сурати муттаҳам кардани шахс дар гуноҳе, ба худ ҳақ медиҳад, ки бидуни мурофиаву таҳқиқ ва ҷалби мақомот худ дар нисбати сарнавишти инсон ҳукм барорад.

Такрори саҳна: Фархундаро чӣ тавр куштанд (эътирози бисёриҳо дар Афғонистон аз куштори Фархунда як гурӯҳи ҳунарпешаҳои афғонро водор кард, ки ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳ ба масъалаи ҳуқуқи башар ин ҳодисаро ба саҳна гузоранд)

Такрори саҳна. Фархундаро чӣ гуна кушта буданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00

XS
SM
MD
LG