Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон "ҳаммарз"-и Иттиҳоди АвроОсиё мешавад


​Аз 12 август посгоҳҳои гумрукӣ дар марзи Қирғизистону Қазоқистон аз байн бардошта мешаванд. Тоҷикистон аз ҳамон рӯз соҳиби марзи мустақим бо Иттиҳоди АвроОсиё хоҳад шуд.

Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, аз 12 август ин кишвар узви комилҳуқуқи Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё мешавад ва ба ин далел ҳамон рӯз тамоми посгоҳҳои гумрукӣ дар марзҳояш бо Қазоқистон, узви дигари ин созмони минтақавии зери назари Маскав аз миён бардошта хоҳанд шуд.

Бакит Асанов, сухангӯи сарвазири Қирғизистон Темир Сариев, рӯзи 10 август дар мусоҳибаи ихтисосие бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ба муносибати аз байн бардоштани посгоҳҳои гумрукӣ дар марзҳои Қирғизистону Қазоқистон маросими вижае бо ҳузури руасои ин ду ҷумҳурӣ Алмосбек Отамбоев ва Нурсултон Назарбоев дар яке аз посгоҳҳои марзӣ пешбинӣ шудааст: "Баъди 12 август дар марзи Қирғизистону Қазоқистон ягон посгоҳи гумрукӣ нахоҳад монд, танҳо марзбонҳо боқӣ мемонанд. Азбаски оинномаи Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё ҳамлу нақли озодонаи молу коло ва нерӯи кориро дар назар дорад, байни кишварҳои узви ин созмон маҳдудиятҳои гумрукӣ амал намекунанд. Ба ҳамин тартиб, аз 12 август марзҳои давлатии Қирғизистон бо Чину Узбакистон ва Тоҷикистон расман ба марзҳои берунаи Иттиҳоди АвроОсиё табдил меёбанд."

Бакит Асанов гуфт, узвият дар Иттиҳоди АвроОсиё ба Қирғизистон имкон медиҳад, ки бидуни пардохтҳои гумрукӣ бо кишварҳои дигари узви ин созмон харидуфурӯш кунад. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирони қирғиз ҳақ пайдо мекунанд, то муддати 30 рӯз дар Русия бидуни сабти ном ба сар баранд. Мақомоти Иттиҳоди АвроОсиё қаблан гуфта буданд, ки ба муҳоҷирони корӣ аз Қирғизистон дар қаламрави кишварҳои дигари узв, аз ҷумла дар Русия, ҳамчунин имтиёзҳои баробар бо нерӯи кории маҳаллӣ дода хоҳад шуд ва барои мисол, онҳо дар Русия ҳамагӣ 13 дарсад андоз аз даромад хоҳанд супурд, на 30 дарсад, ки муҳоҷирон аз кишварҳои дигар бояд супоранд.

Аммо оё табдили марзи Қирғизистон ба марзҳои берунаи Иттиҳоди АвроОсиё ба кадом маъност? Оё ин тағйири режими ҳифозати ин марзҳо, аз ҷумла беш аз 900 километр марзи бе он ҳам пурмушкили Қирғизистон бо Тоҷикистонро ҳам дар назар дорад?

Бакит Асанов мегӯяд, зоҳиран тағйироте пеш хоҳанд омад, чунки Қирғизистон ба ҳайси форпости ин созмон мулзам аст, ҷиҳати пешгирӣ аз вуруди молҳои қочоқӣ ба қаламраваш талошҳои бештар ба харҷ диҳад. Ӯ афзуд, аз ҷумла ба меъёрҳои Иттиҳоди АвроОсиё мутобиқ кардани озмоишгоҳҳои фитосанитарӣ дар посгоҳҳои марзиву гумрукии Қирғизистон дар назар дошта шуда, Русия барои таҳкими ҳифозати марзҳои ин кишвар дар пайи пайвастанаш ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё 10 миллион доллар кумак ҷудо кардааст.

Дар маҷмӯъ, барои ҳамвор кардани роҳи узвияти Бишкек дар ин созмони зери назари Маскав як сандуқи вижа бо номи Бунёди рушди Қирғизистону Русия таъсис додаанд ва Маскав ба ин сандуқ аллакай 1 миллиард доллар ваъдаи сармоя додааст.

Ҳарчанд дар мавриди пазируфтани узвияти Арманистон ин меъёр сарфи назар шуд, вале доштани марзи умумӣ бо яке аз кишварҳои узви Иттиҳоди АвроОсиё яке аз меъёрҳои усулии узвият дар ин созмони минтақавӣ номбар мешавад. Тоҷикистон, ки акнун бо пайвастани Қирғизистон, соҳиби марзи мустақим бо ин созмон мешавад, зоҳиран таҳти фишори бештаре аз сӯи Маскав қарор хоҳад гирифт. Маскав дар соли 2011, вақте Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиёро ташкил мекард, онро иттиҳоди кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафтаи Шӯравии собиқ муаррифӣ мекард ва гуфта мешуд, ки кишварҳои фақиртар, ба мисли Қирғизистон ва Тоҷикистон танҳо баъди даст ёфтан ба як рушди бештари иқтисодӣ метавонанд даъвои узвият дар ин созмонро кунанд.

Аммо таҳаввулоти солҳои охир, бахусус ба Иттиҳоди АвроОсиё пушт гардондану рӯ ба Ғарб овардани Украина ва таҳти таҳримоти Ғарб қарор гирифтани Русия боис шуд, ки Русия дар роҳи такмили ин созмони минтақавӣ сифатро қурбони шумора кунад ва Арманистонро бо вуҷуди надоштани марзҳои мустақим бо ҳеҷ кишвари узв ва Қирғизитсонро ҳам бо вуҷуди ҳаҷми ночизи зарфиятҳои иқтисодиаш ба он қабул кунад.

Манобеи огоҳ аз ҷараёни музокироти Тоҷикистону Русия мегӯянд, ки Душанбе низ аз сӯи Маскав барои пайвастан ба ин Иттиҳоди АвроОсиё “хеле фаъолона” ташвиқ мешавад. Аз ҷумла бо таблиғи имтиёзҳое, ки муҳоҷирони кории тоҷик дар сурати пайвастани Душанбе ба Иттиҳоди АвроОсиё дар Русия ва кишварҳои дигари узв ба даст меоранд.

Аммо ҷониби Тоҷикистон, ки ба ташаббусҳои Русия дар паҳнои пасошӯравӣ маъмулан зуд ҳамроҳ мешуд, ин дафъа ба масъалаи пайвастан ё напайвастан ба Иттиҳоди АвроОсиё боэҳтиёт бархӯрд мекунад ва то кунун дар ин бора посухи рӯшане надодааст. Мақомоти Душанбе дар ин робита бо шарҳи кӯтоҳе, ки “масъала мавриди омӯзиш қарор дорад ва мо бояд тамоми паҳлуҳои мусбату манфии онро биомӯзем”, иктифо мекунанд.

Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё аз 1 январи соли 2015 расман фаъол шуд ва ҷои ЕвразЭС – ҷомеаи иқтисодии АвроОсиёро, ки Тоҷикистон ҳам узваш буд, гирифт. Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё дар ҳоли ҳозир 5 кишвари пасошӯравӣ – Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва инак, Қирғизистонро дар меҳвари Маскав муттаҳид мекунад. Ин созмон зоҳиран иқтисодист, вале ба ақидаи нозирони умур, таҳаввулоти солҳои охир, бахусус бӯҳрони Украина ва ташвиқи боисрори кишварҳои дигар барои пайвастан ба он ҳарчӣ бештар тобиши сиёсӣ медиҳад.

XS
SM
MD
LG