Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз Э.Раҳмон хост, ки қонуни нави созмонҳои ҷамъиятиро имзо накунад


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Масъули ҳуқуқи башари Созмони Милал аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостааст, ки қонуни нав дар бораи созмонҳои ҷамъиятиро имзо накунад.

Дафтари масъули ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз қабули қонуни нав дар бораи Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда ва аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хост, ки ин қонунро имзо накунад.​

Сесил Пуйӣ, сухангӯи ин созмон, рӯзи 4 август дар сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Женева ба Радиои Озодӣ гуфт, масъули ҳуқуқи башари Созмони Милал аз он нигарон аст, қонуни мазкур, ки рӯзи 21 июл дар Маҷлиси Миллии Тоҷикистон тасвиб шуд, ба фаъолияти муҳими созмонҳои ғайриҳукуматӣ таъсири манфӣ мегузорад.

"Мумкин аст, ин қонун боис шавад, ки созмонҳои ғайриҳукуматӣ барои идомаи фаъолияти худ дигар аз хориҷ кумакҳои молӣ нагиранд. Онгуна ки Шумо ҳам медонед, дар Тоҷикистон созмонҳои ҷамъиятӣ аз дохил бисёр кумакҳои маҳдуд мегиранд ва аксари созмонҳои ғайриҳукуматӣ барои фаъолияти худ аз берун ёрӣ дарёфт мекунанд," -- афзуд Пуйӣ.

Бар асоси қонуни баҳсбарангезе, ки Маҷлиси Намояндагон ҳамин тобистон қабул кард ва охири моҳи июл дар палатаи болоии парлумон тасвиб шуд, тафтиши фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон зиёдтар мешавад, ҳарчанд дар қонун гуфта нашудааст, ки ин созмонҳо чанд бор ва аз кадом ҷиҳат бояд тафтиш карда шаванд. Санади мазкур ҳамчунин созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистонро вазифадор мекунад, ки аз ҳар гуна ёрии молие, ки аз хориҷ мегиранд, Вазорати адлияро дар ҷараён гузоранд.

Бар иловаи ин, ҳар тарҳе, ки бо кёмаки молии хориҷӣ иҷро мешавад, қабл аз шурӯъ бояд дар Вазорати адлия сабт шавад. Дафтари масъули ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон метавонанд бо истифода аз забони номафҳуми Қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, онро табъизомез амалӣ кунанд.

Ин ниҳоди Созмони Милал мегӯяд, қонуне, ки Тоҷикистон қабул кардааст, мухолиф бар фармудаҳои Эъломияи байнулмилалии ҳуқуқи башар ва Маншури байнулмилалии ҳуқуқи иҷтимоӣ ва маданӣ аст, ки Тоҷикистон соли 1999 ба он пайвастааст.

Сесил Пуйӣ гуфт, масъули ҳуқуқи башари Созмони Милал аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тақозо дорад, ки зери ин қонун имзо нагузорад: “Қонун то замоне, ки раисиҷумҳур имзо накунад ва онро расман нашр накунанд, ҳукми иҷро намегирад. Аз ин рӯ, мо аз раисиҷумҳур мехоҳем, ки ислоҳоти ворида ба қонунро қабул накунад. Мо аз ҳукумат мехоҳем, ин ислоҳот дар ин санадро бознигарӣ карда, тағйир диҳад ва бо муколамаи созанда бо ҷомеаи маданӣ қонунро ба қонуну меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон мувофиқ намояд.”

Қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон моҳи май дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд ва онро рӯзи 10 июн бе баҳсу баррасии зиёд қабул карданд. Ҳукумат гуфт, ки тағйири қонун барои шаффофият ва танзими фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аст, вале ба гуфтаи созмонҳои ғайридавлатӣ ин иқдом фишоре ба онҳо бахусус барои фаъолияташон дар самти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст. Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар кишвар бештар 1 ҳазору 642 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият доранд. Ин созмонҳо дар бахшҳои мухталиф, аз тиб гирифта то матбуоту ҳуқуқи башар кор мекунанд ва фаъолияти онҳо бар кумакҳои молии созмонҳои байналмилалӣ асос ёфтааст.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, танҳо дар 9 моҳи соли 2013 ба ҳисоби созмонҳои ғайриҳукуматии дохиливу хориҷӣ ва байнулмилалӣ тақрибан 5 миллиарду 521 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 1 миллиард доллар ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG