Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корманди кумитаи замин як қитъаи набударо ба 70 кас фурӯхтааст


Додгоҳи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, як мансабдори кумитаи замини ин ноҳияро барои қаллобӣ ба 9 солу 7 моҳи зиндон маҳкум кард.

Масъулони додгоҳи ноҳияи Ёвон рӯзи панҷшанбеи 30 июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки додгоҳ Хуршед Бекназаров, муҳандиси кумитаи кор бо замини ноҳияи Ёвонро барои аъмоли қаллобӣ ба 9 солу 7 моҳи зиндон маҳкум кард.

Ба гуфтаи ин масъулон, тибқи ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон, амволи Хуршед Бекназаров, аз ҷумла як манзили истиқоматӣ, ки 40 ҳазор доллар қимат доштааст, як худрави сабукрав ва маблағи 200 ҳазор доллар, мусодира мешавад. Додгоҳ ин мансабдори кумитаи замини ноҳияи Ёвонро тибқи моддаи 247, қисмҳои 3 ва 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “қаллобӣ” ва “зарари махсусан калон расонидан” муҷрим шинохтааст.

Зеро ба гуфтаи масъулони додгоҳи вилояти Хатлон, Хуршед Бекназаров бо истифода аз мақоми хидматиаш ҳамчун корманди кумитаи замин даҳҳо сокини ноҳияи Ёвонро ба доми фиреби худ дароварда ва дар ивази ваъдаи додани қитъаи замин ба онҳо, пул ситонидааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон, Хуршед Бекназаров, муҳандиси кумитаи замини ноҳияи Ёвонро аввали соли ҷорӣ бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт ва алайҳи ӯ тибқи моддаи 247, қисми 3 ва 4, банди б-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “қаллобӣ” ва “зарари махсусан калон расонидан парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.

Хуршед Бекназаров, корманди пешини Кумитаи замин дар ноҳияи Ёвон
Хуршед Бекназаров, корманди пешини Кумитаи замин дар ноҳияи Ёвон

Масъулони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи вилояти Хатлон, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Хуршед Бекназаров беш аз 70 сокини ноҳияи Ёвонро фиреб дода ва аз онҳо пул гирифта ва ваъда кардааст, ки дар ивазаш барои дарёфти қитъаи замин барои онҳо кӯмаку мусоидат мекунад.

Аммо ба гуфтаи масъулон, Хуршед Бекназаров онҳоро фиреб дода ва пулашонро гирифтааст, ки дар ниҳоят сокинон аз болои ин фарди мансабдор ба Оҷонсии мубориза бо фасоди вилояти Хатлон шикоят бурдаанд. Ба иттилои масъулони оҷонсӣ, маблағи аз роҳи ваъдаву фиреб ба даст овардаи Хуршед Бекназаров беш аз 200 ҳазор доллар будааст.

Маҳкум ба 9,5 соли зиндон шудани як мансабдори кумитаи замини ноҳяи Ёвон дар ҳолест, ки ба гузориши Додситонии вилояти Хатлон дар шашмоҳаи нахусти соли ҷорӣ дар нисбати 158 нафар бо иттиҳоми даст доштан дар тақсими ғайриқонунии замин парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи масъулони додситонии вилояти Хатлон, инҳо асосан раисони ҷамоат, мақомдорон ва миёнравҳо будаанд.

Ин аст, ки ба гуфтаи масъулони додситонӣ дар ин ним сол даҳҳо сокини ҷануби Тоҷикистон аз рӯи беадолатӣ ва қонушиканӣ дар тақсими замин ба ин идора аризаи шикоятӣ додаанд. Додситонии вилояти Хатлон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 78 санҷишро анҷом дода ва дар натиҷа 773 нафарро муҷозоти интизомӣ ва маъмурӣ карда ва алайҳи 158 нафар парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Насрулло Маҳмудов, додситони вилояти Хатлон рӯзи сешанбеи 15 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, шаҳрвандоне, ки дар масъалаи замин ҷиноят содир кардаанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, илова бар ин 1356 гектар замин ба ҳолати аввала, яъне ба истифодабарандаи собиқашон баргардонида шудааст.

Дар зимн, Хуршед Бекназаров, ҷияни Саъдулло Бекназаров, раиси пешини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аст.

XS
SM
MD
LG