Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти зоирони тоҷик аз шароити Ҳаҷҷи Умра


Як гурӯҳи зоирони тоҷик аз шароити Ҳаҷҷи Умраи имсола шикоят доранд. Аммо ширкати “Расул сохтмон” мегӯяд, ки барои онҳо дар Маккаву Мадина шароити хеле хуб фароҳам овардааст.

Як гурӯҳи зоирони тоҷик, ки ба хотири анҷоми маносики Ҳаҷҷи Умра дар шаҳрҳои барои мусалмонон муқаддаси Маккаву Мадина ба сар мебаранд, ба Радиои Озодӣ аз шароити худ дар ҷараёни сафар шикоят карданд. Ҳоҷӣ Абдуллоҳ, яке аз ин зоирон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки вазъи онҳо бахусус дар рӯзҳои моҳи Рамазон дар Мадина тоқатфарсо буд.

Ӯ мегӯяд, бархеи онҳоро дар меҳмонхонаи "Лӯълӯ Муборак 3"-и Мадина дар як ҳуҷра то 6-нафарӣ ҷой кардаанд: "Шароит хеле бад буд онҷо. Фақат як бор ба мо сачоқ доданд ва дигар 6 рӯзе, ки онҷо будем, сачоқҳоро ягон бор иваз накарданд. Коғази туалетро рафта, худамон аз ресепшн талаб карда, мегирифтем. Хӯрду хӯрокаш бисёр бад буд ва зоирони тоҷик аксаран пул дода, дар ошхонаҳои берун хӯрок мехӯрданд. Дар байни мо зоирони солхӯрда ва занон зиёд буданд ва онҳо азоби бештар кашиданд. Ин меҳмонхона фақат номаш “Муборак” буд, дар асл..."

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони Озодӣ, шароит дар Макка беҳтар буд, вале ба сурати умум, арзиши 2850 доллареро, ки ширкати “Расул сохтмон” имсол барои 21 рӯзи сафари Ҳаҷҷи умра аз ҳар кадоми онҳо ситондааст, надошт. Онҳо мегӯянд, зоирон аз Туркия, барои мисол, бо онки барои 35 рӯзи зиёрат ҳамагӣ 1800 доллар пардохт кардаанд, шароити нисбат ба тоҷикон хеле хубтар доштанд.

Саъдулло Қурбонов, раиси ширкати “Расул сохтмон”, танҳо ширкате, ки ҳаққи ба Арабистони Саудӣ бурдани довталабони Ҳаҷҷи Умра аз Тоҷикистонро дорад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ шикояти зоирон аз шароити Ҳаҷҷи Умраи имсоларо бепоя номид: “Ман ҳамин рӯз худам аз Арабистони Саудӣ баргаштам. Бо ҳар касе аз зоирон сӯҳбат кардам, ҳама даст мебардошт, ки офаринатон барои таъмини сафар дар чунин сатҳи баланд! ”

Раҳбари ширкати “Расул сохтмон” мегӯяд, гурӯҳи охирини зоиронро дар Мадина на дар “Лӯълӯ Муборак”, балки дар як меҳмонхонаи дигар ҷойгир карданд, вале ба сурати умум, “мо зоирони тоҷикро барои бори аввал дар меҳмонхонаҳое ҷой кардем, ки ба ғайри худи арабҳо дигар то ҳол ягон аҷнабиро қабул намекарданд. Шикоят доранд, ки коғази туалет надодаанд? Охир, Мадина дар як макони ҳамвор ҷойгир шудааст ва онҷо аслан аз коғаз истифода намекунанд, ки роҳи рафтани об банд нашавад. Онҷо баъди қазои ҳоҷат бо об мустаҳаб мекунанд. Бо ин вуҷуд, мо худамон аз маъмурияти меҳмонхона хостем, ки барои зоирони тоҷик миқдоре коғази туалет ҳам омода кунанд ва ҳар касе мепурсид, бе ягон маҳдудият коғазаш медоданд.”

Зоирони норозӣ мегӯянд, масъулони ширкати “Расул сохтмон” аз нафси шикастаи зоир сӯиистифода мекунанд. Вале рӯзноманигори тоҷик Амруллоҳи Низом, ки ба ҳайси роҳбалади як гурӯҳи зоирон дар Мадина қарор дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, “бо он 2850 доллар пули пардохт кардаи зоирони тоҷик дар ин шабу рӯзи ид, ки баъди рӯзҳо Ҳаҷҷи фарзӣ як нуқтаи авҷи дигари мавсими зиёрати Хонаи Худост, аз ин зиёд хидматрасонӣ карда намешавад. Ин рӯзҳои пурарзиштарин барои мусулмононанд ва то 3 миллион нафар ба инҷо барои зиёрат меоянд. Мавсими кории меҳмонхонаҳои Маккаву Мадина ҳамин шабу рӯз аст.”

Амруллоҳи Низом вале мегӯяд, аксари зоирон аз хадамоти меҳмонхонаҳо ба нудрат истифода мекунанд ва “шабу рӯз дар Ҳараманд – дар Мадина дар Ҳарами маданӣ ва дар Макка – дар Ҳарами шарифайн, чунки дар Ислом як намози дар Ҳарам адошуда баробари 500 намоз аст ва зоирон худашон мегӯянд, ки мо инҷо барои кайфу сафову сайёҳат наомадаем. Ман ба ҳайси раҳбалад ҳар соате ки аз аъзои гурӯҳам хабар бигирам, мебинам, ки дар меҳмонхона нестанд, дар масҷиданд.” Ӯ мегӯяд, ходимони меҳмонхонаҳо дар ғайби муштарӣ ва бидуни дархости ӯ ҳаққи вуруд ба ягон ҳуҷраро надоранд ва ин бештар тақсири худи зоирони тоҷик аст, ки рӯбучини ҳуҷраашон ё табдили бистару сачоқро бо овехтани овезаи марбута рӯи дар дархост намекунанд.

Аммо Ҳоҷӣ Абдулло, яке аз зоирони норозӣ мегӯяд: “Магар одамонеро, ки 2850-долларӣ додаанд, дар меҳмонхона дар ҳуҷраҳо то 6-касӣ ҷо мекунанд? Магар дар ошхонаи меҳмонхонаи гӯё сеситорадор чумчаву шохаҳои пластмассӣ мегузоранд? Ҳуҷраҳои мо дар Мадина ҳатто шкаф надошт, ки либосамонро биовезем ва мардум либоси худро аз байни ҳуҷраи меҳмонхона ресмон кашида, меовехтанд.”

Ширкати “Расул сохтмон” соли 2008 таъсис ёфта, дар баробари фаъолият дар бозори сохтмон дар риштаи сайёҳат ба хориҷ аз Тоҷикистон низ кор мекунад. Ин ширкат аз соли 2009, инак 6 сол боз аз сӯи Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон ба унвони танҳо ширкати масъули таъмини сафари зоирони тоҷик ба Ҳаҷҷи Умра интихоб шудааст.

Ин ширкат имсол эълон кард, ки нархи сафари Ҳаҷҷи Умраро ба далели 6 рӯз зиёдтар шудани рӯзҳои зиёрат 600 доллар боло бурда, ба 2850 доллар расондааст. Соле қабл қимати Ҳаҷҷи Умра аз Тоҷикистон 2250 доллар ва тӯли сафар 15 рӯз буд, вале ба гуфтаи масъулони “Расул сохтмон”, зоирони зиёде хостаанд, ки дар Маккаву Мадина зиёдтар бимонанд, то битавонанд иди Рамазонро дар Хонаи Худо ҷашн бигиранд.

Анҷоми фарзи Ҳаҷ барои ҳар мусалмон ҳадди ақал як бор дар зиндагиаш, дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ барои анҷоми он, фарз шудааст. Адои Ҳаҷҷи Умра Ҳаҷҷи фарзиро аз гардани зоирон соқит намекунад, вале бисёриҳо ба далели гаронтар будани нарх ва ҳам хеле тӯлонӣ будани навбати хоҳишмандони Ҳаҷҷи асосӣ, ки дар рӯзҳои иди Қурбон анҷом мешавад, Ҳаҷҷи Умраро интихоб мекунанд.

Тасмими ахири Кумитаи дини Тоҷикистон, ки ба далели тӯлонӣ шудани навбати сафар аз имсол танҳо ба нафарони аз 35-сола боло ҳаққи сафар ба Маккаву Мадина барои анҷоми фаризаи Ҳаҷро дод, низ ба шумори хоҳишмандони Ҳаҷҷи Умра бахусус аз ҳисоби ҷавонон афзуд. Хайли дигари довталабони Ҳаҷҷи Умра онҳоеянд, ки аз рӯйхати Ҳаҷҷи асосӣ берун мемонанд.

Шикояти як гурӯҳи зоирон аз шароиташон ҳангоми адои Ҳаҷҷи Умра дар ҳолест ки мавзӯи сафари Ҳаҷ дар Тоҷикистон, аз ҷумла нархи баландаш як мавзӯи баҳс боқӣ мемонад.

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон нархи расмиисафари имсола ба Ҳаҷҷи асосиро 22 906 сомониву 98 дирам эълон кард. Ин назар ба як соли пеш 4741 сомонӣ зиёдтар аст. Дар матбуоти маҳаллӣ нархи сафари Ҳаҷ аз Тоҷикистонро зиёд ба чолиш мекашанд ва мегӯянд, сафар ба Маккаву Мадина аз Тоҷикистон, барои мисол, нисбат ба айни сафар аз Қирғизистон 1200 доллар гаронтар аст.

Кумитаи дин дар моҳи май дар як шаҳри муфассал бо номи “Чаро нархи ҳаҷҷи Тоҷикистон нисбат ба Қирғизистон гаронтар аст?” навишт, ки зоирони тоҷик ба фарқ аз зоирони қирғиз, ки дар маконҳои хайрия ҷой карда мешаванд, дар меҳмонхонаҳои “барҳаво” дар наздикии масҷиди Ҳарам маскан дода мешаванд ва суғуртаву хидматрасонии тиббӣ ва таъмини либосу ҷузвдонашон ҳам аз ҳисоби пули сафари онҳост. Давраҳои омӯзишии аҳкоми шаръии Ҳаҷ ба зоирони тоҷик дар шарҳи Кумитаи дин ба унвони далели дигари боло будани нархи сафари Ҳаҷ аз Тоҷикистон дар қиёс бо Қирғизистон оварда шудааст.

Соли гузашта аз Тоҷикистон 6300 нафар фарзи Ҳаҷро адо карданд. Мақомоти тоҷик чанд сол боз талош доранд, ки квотаи Ҳаҷ барои Тоҷикистонро то ба 8 000 бирасонанд, вале ҷониби Арабистони Саудӣ ба далели зарурати анҷоми бозсозӣ дар атрофи Ҳарами шарифайн дар Макка ин дархостро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG