Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллионерҳои тоҷики Русия


Бино ба ҳисобҳо, аз миёни муҳоҷирони тоҷик беш аз 100 нафар тавонистаанд дар Русия ба ҳисоби доллар миллионер шаванд. Миллионерҳои тоҷики Русия имсол дар як ҳамоиши мӯҳташам дар Маскав барои бори аввал дар як толор гирди ҳам хоҳанд омад.

Дар тӯли беш аз ду даҳсолаи муҳоҷирати мардуми тоҷик рӯз то рӯз сафи тоҷикистониҳое, ки дар Русия ба пойи худ рост шудаанд, меафзояд. Бино ба ҳисобҳо, шумори аъзои "маҳфил"-и маҷозии миллионерҳои тоҷик, яъне онҳое ки дороияшон ба ҳисоби доллар ба камияш 1 миллионро ташкил бидиҳад, аз 100 нафар гузаштааст.

Ҳоло сафорати Тоҷикистон дар Русия мехоҳад, ин ҳама миллионерҳои зодаи Тоҷикистонро барои бори аввал дар як маҳфили воқеӣ, ё ба таъбири намояндаи сафорат Муҳаммади Эгамзод, дар "як ҳамоиши мӯҳташам" дар як толор дар Маскав гирди ҳам биорад. Муҳаммади Эгамзод, ки 26 июн бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ҳамоиши соҳибкорони тоҷики Русия бо ду ҳадаф доир карда мешавад: "Як ҳадаф таблиғу ташвиқи муваффақиятҳои ҳамватанони мо дар Русия мебошад. Ва ҳадафи дувум, албатта, ҷалби сармояи ҳамватанони комёби мо ба иқтисоди худи Тоҷикистон аст."

Агар дасти кумаки соҳибкорони тоҷики Русия ба Тоҷикистон дар гузашта асосан бо сохтани масҷиду тармими ягон мазор ва ёрӣ ба мардуми мӯҳтоҷ маҳдуд мешуд, дар солҳои охир онҳо ҳарчӣ бештар бо ташаббусҳои иҷтимоие, чун сохтани мактабу роҳу бемористон дар зодгоҳҳояшон аз худ дарак медиҳанд.

Барои мисол, соҳибкори тоҷик Фаррух Шарипов аз ҳисоби даромади худ дар Русия дар зодгоҳаш – ноҳияи Мастчоҳ – як мактаби замонавӣ сохтааст ва тоҷири дигаре дар ноҳияи Нуробод – як бемористон. Абдувоҳид Қаҳҳоров, ки дар вилояти Ярославли Русия бизнеси меваи хушк дорад, ба ҳамин тозагӣ дар зодгоҳаш – Исфара – аз пули худ як маркази фарҳангиву фароғатӣ бино кард.

Диловар Муҳиддинов (нафари аввал аз тарафи рост)
Диловар Муҳиддинов (нафари аввал аз тарафи рост)

Намунаи дигари барҷаста соҳибкори зодаи Фархор Диловар Муҳиддинов аст. Ин соҳибкори 45-сола, ки аз 17-солагиаш инак 28 сол боз дар Русия кору зиндагӣ мекунад, ду сол пеш дар зодгоҳаш – ҷамоати Ғайрати Фархор – бо сарфи 7,5 миллион сомонӣ, муодили 1,6 миллион доллар бо қурби соли 2013, сохтмони як мактаби сеқабатаро барои 420 хонанда дар ҳар баст ба поён овард ва баъди он ба сохтани як маҷмааи тиббии иборат аз беморхона, таваллудхона ва дармонгоҳ камари ҳиммат баст. Ҳоло Диловар Муҳиддинов харҷи сохтмони 15 километр аз 25 километр роҳи байни ҷамоати Ғайрат ва маркази ноҳияи Фархорро низ бар ӯҳда гирифтааст.

Мо Диловар Муҳиддиновро рӯзи 26 июн, вақте пайдо кардем, ки 4 фарзандашро барои истироҳат ба соҳили баҳр ба Канни Фаронса оварда буд: "Дар фурудгоҳам ҳамин ҳозир. Кӯдаконамро инҷо мондаму худам бояд баргашта равам ба Маскав."

Диловар Муҳиддинов дар Русия чандин ширкати нақлиётиву сармоягузориро мечархонад, ки бузургтаринаш "Транс-Евразия" аст. Ӯ мегӯяд, тоҷикони зиёдеро медонад, ки алакай дар Русия ба истилоҳ "худро гирифтаанд", вале "бисёрии онҳо баъди пул ёфтан тоҷику аз Тоҷикистон буданашонро фаромӯш мекунанд. Лекин онҳое, ки ба чизе ноил шудаанд дар инҷо, низ ҳастанд. Мо, масалан, дар бахши интиқоли

бору логистика, баъзеҳо дар сохтмони бизнес-оффисҳо, баъзеҳо дар низоми бонкӣ ва баъзеи дигар аз бачаҳои тоҷик дар харидуфурӯш соҳибэътибор шудаанд. Бисёр нестанд, вале ҳастанд. Шумори бачаҳои тоҷик дар тиҷорати миёна хеле зиёд аст. Яъне онҳое, ки гардиши пулашон 1, 2 ё то 5 миллион доллар аст."

Ҳамин тавр, даҳҳо соҳибкори тоҷик дар Русия миллион(ҳо)-и аввали худро дар соҳоте, чун коркарди чӯбу тахта, харидуфурӯши меваву сабзавот ва либос ва аз сохтмон ба даст овардаанд. Аммо як соҳае ки соҳибкорони тоҷик, бахусус зодагони Исфара, дар Русия ба дасти худ гирифтаанд ва сози аввалро дар ин бозор мезананд, албатта, бандубаст ва харидуфурӯши меваи хушк аст. Аз миёни онҳо ҳатто нафароне ҳастанд, ки барои таъмини ин бозор аз Ветнаму Ҳинд то Аргентинаву Перуву Колумбия дар такопӯянд ва ба гуфтаи Муҳаммади Эгамзод, “бачаҳои тоҷике ҳам ҳастанд, ки барои ривоҷу равнақи тиҷорати худ аллакай дар Аргентинаву дигар кишварҳои Амрикои лотинӣ плантатсияҳои бузурги меваро харидаанд.”

Насриддин Неъматов
Насриддин Неъматов

Насриддин Неъматов, муассиси ширкати муштараки Тоҷикистону Русия бо номи “Баракат-Исфара” алакай 32 сол боз дар Маскав ба сар мебарад. Ӯ соли 1988 бахши математикаи Донишгоҳи ба номи Ломоносовро хатм карда ва соли 1993 дар Маскав дар илми механика рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.

Насриддин Неъматов рӯзи 26 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Бачаҳое ҳастанд аз байни тоҷикҳо, ки то Амрикои лотинӣ рафтанд, диданд, қарордодҳо бастанд ва аз он гӯшаи дури дунё ба Русия мол меоранд. Аз онҷо асосан олуи хушк, чормағз ва аз Амрико бодом ворид мекунанд. Бачаҳои тоҷике ҳастанд, ки ҳоло русҳову дигаронро танг карда, воридоти кешу аз Ветнамро ба даст гирифта истодаанд. Бачаҳои тоҷик ҳоло дар сартосари дунё бо меваи хушк корро сар кардаанд."

Ҳамсӯҳбати мо аз 1 то 3 июл дар анҷумани ЮНЕСКО – идораи илму фарҳанги СММ дар Измири Туркия ширкат мекунад. Ӯ мегӯяд, чанд вақт боз талош дорад, то зардолуи тоҷикӣ ва дигар анвои меваҳои хушки Осиёи Марказиро ба рӯйхати маҳсулоти ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил кунад: "Агар ин масъала ҳал шавад, душвориҳое, ки дар роҳи содироти меваи хушки мо вуҷуд дорад, аз байн

Маҳсулоти "Исфара - Баракат"
Маҳсулоти "Исфара - Баракат"

​меравад ва роҳ ёфтани меваи хушки мо ба бозорҳои фаротар аз Русия, аз ҷумла ба Аврупо ва ҳатто ба Амрико хеле осонтар мешавад. Дар натиҷа тиҷорати соҳибкорони тоҷик боз ҳам равнақи бештар пайдо мекунад."

Аз дигар зодагони Тоҷикистон дар байни чеҳраҳои саршиноси бизнеси Русия яке Александр Беднов, муассиси ширкати “Русинвест” аст, ки дар шаҳри Табошари вилояти Суғд ба дунё омадааст ва аз соли 2007 ба ин сӯ вакили Думаи давлатӣ – парлумони Русия аст.

Ситораи дигари ин майдон Леонид Додоҷонович Рейман, вазири собиқи мухобироти Русия ва писари профессор Додоҷон Тоҷиев, мудири кафедраи забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст, ки ширкати мухобиротии "Межрегиональный транзиттелеком" (МТТ)-ро таъсис додааст.

Вячеслав Синелников, як зодаи дигари Тоҷикистон раҳбарии “АрмянАл” – яке аз ширкатҳои марбут ба ширкати “РусАл”-и миллиардери рус Олег Дерипаскаро бар дӯш дорад.

Аммо карйераи аз ҳамаи ғайриоддӣ дар арсаи тиҷорати Русияро Саидмурод Соқиеви 65-сола, зодаи ноҳияи Данғара дорад, ки дар донишгоҳи Новосибирск дарс медиҳад ва соли 1998 барномаи математикии компутарие бо номи "Пифагор" сохт, ки аксари дастгоҳҳҳои дақиқ дар Русияву Беларус ва Украина то ҳол бо ҳамин барнома кор мекунанд.

Алишер Усмонов
Алишер Усмонов

Вале то имрӯз аз байни тоҷикони Русия сарватмандони бақуввате, чун зодаҳои Узбакистон – Алишер Усмонов ва Искандар Маҳмудов, ки дар сафи миллиардерҳои аввали Русия ҷо биёбанд, барнахостааст. Диловар Муҳиддинов, аз раҳбарони ширкати “Транс-Евразия” бо итминон ба худ мегӯяд, расидан ба ин қулла ҳам чандон мушкиле нест, ки дар назари аввал менамояд, вале ӯ чун ҳама мардуми мо худнамоиро дӯст намедорад: "Ҳарчанд хоҳ-нохоҳ марҳилае фаро мерасад, ки дигар худро пинҳон кардан амри маҳол мешавад."

Аммо Насриддин Неъматов аз “Баракат-Исфара” дар посух ба суоли Озодӣ, ки оё аз байни бачаҳои тоҷики Русия низ миллиардерҳо ба воя мерасанд?, кӯтоҳ, вале қотеъона гуфт, "Худо хоҳад, мешавад! Чаро не?"

XS
SM
MD
LG