Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи AFC (U-14) дар Тоҷикистон ба охир расид


​Фестивал ё Ҷашнвораи футболи AFC (U-14) барои дастаҳои мунтахаби наврасони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба анҷом расид.

Дар урдугоҳи Академияи клуби футболи "Истиқлол"-и Душанбе, ки дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор ҷойгир аст, Фестивал ё Ҷашнвораи футболи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) барои дастаҳои мунтахаби наврасони зери 14-солаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба поён расид.

Ёдовар мешавем, дар ин ҷашнвора дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Непал ва Покистон ширкат доштанд. Тоҷикистон барои аввалин бор мизбони Ҷашнвораи футболи AFC гардид.

Дастаҳо дар ду гурӯҳ рақобат карданд: гурӯҳи "А" - Тоҷикистон, Эрон, Ҳиндустон ва Шри-Ланка, гурӯҳи "Б" - Афғонистон, Непал ва Покистон.

Дар нахустин бозии ин ҷашнвора футболбозони навраси тоҷик аз ҳамсолони худ аз Эрон бо ҳисоби 2-3 шикаст хӯрданд. Дар даври дувум мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар дастаи Ҳиндустон бо ҳисоби 1-0 ва дар даври севум бар тими Шри-Ланка бо ҳисоби бузурги 7-0 пирӯз шуд. Бозии охирини футболбозони навраси тоҷик бо мунтахаби Непал бо ҳисоби мусовии 2-2 хотима ёфт.

Бояд гуфт, ки ҳамаи бозиҳои ҷашнвора дар майдони Академияи футболи “Истиқлол” баргузор шуда, ҳар як бозӣ аз ду қисми 30-дақиқаӣ иборат буд.

Ба иттилои намояндаи AFC Шамил Комил Муҳаммад Ал-Ҷоҷонӣ, ҳамоҳангсози кулли ин ҷашнвора аз Ироқ, ҳадафи аслии ҷашнвора на натоиҷи бозиҳо, балки ба бозигарони наврас додани имконияти таҷрибаомӯзӣ ва омодагӣ ба мусобиқоти оянда таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё буд.

Дар маросими пӯшидашавии ҷашнвора ба ҳамаи ширкаткунандагонмедалҳои хотиравӣ ва вимпелҳо тақдим карда шуд. Ҷоизаи «Fair play» ба дастаи Покистон супурда шуд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ширкаткунандагон ва ташкилкунандагони ин чорабинӣ тӯҳфаҳои худро эҳдо намуд. Ба намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё тӯҳфаҳои хотиравӣ ва тоқиҳои миллӣ тақдим шуд.

Ҷашнвораи минтақавии футболи AFC (U-14) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ:

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Эрон – 2:3

Голҳо: Ҷавод Ёрӣ, 21 (0:1). Алиризо Асадабадӣ, 33 (0:2). Исроил Холов, 45 (1:2). Алиризо Асадабадӣ, 56 (1:3). Баёни Акбар, 58 (2:3).

Шри-Ланка – Ҳиндустон – 0:6

Даври 2-юм

Ҳиндустон – Тоҷикистон – 0:1

Гол: Азизбек Ҳасанов, 30+1.

Эрон – Шри-Ланка – 4:0

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Шри-Ланка – 7:0

Ҳиндустон – Эрон – 2:2

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

3

2

1

0

9-4

9

2

Тоҷикистон

3

2

0

1

10-3

6

3

Ҳиндустон

3

1

1

1

8-3

3

4

Шри-Ланка

3

0

0

3

0-17

0

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Непал – Покистон – 1:0

Даври 2-юм

Покистон – Афғонистон – 1:0

Даври 3-юм

Афғонистон – Непал – 0:2

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Непал

2

2

0

0

3-0

6

2

Покистон

2

1

0

1

1-1

3

3

Афғонистон

2

0

0

2

0-3

0

26 май (сешанбе)

Эрон – Покистон - 3-0

Непал – Тоҷикистон – 2-2

Ҳиндустон – Афғонистон – 3-1

XS
SM
MD
LG