Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” бар “Ал-Ваҳда” пирӯз шуд ва ба чорякфинал баромад


«Истиқлол»-и Тоҷикистон, ки “Ал-Ваҳда”-и Сурияро аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 шикаст дод, ба даври чорякниҳоии Ҷоми AFC-2015 роҳ ёфт.

Дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон, ки дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-2015 тими “Ал-Ваҳда”-и Сурияро аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 шикаст дод, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ин бозӣ шаби сешанбеи 26 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 17 ҳазору 100 тамошобин сурат гирифт.

Дар дақиқаи 21-ум бозигари дастаи "Ал-Ваҳда" Раслан Ал-Курдӣ ба дарвозаи "Истиқлол" гол зад ва ҳисобро боз намуд. Дар дақиқаи 34-ум ин бозигар тӯбро вориди дарвозаи худ намуд ва ҳисоби бозӣ баробар шуд.

​Дар қисми дувум ва ҳамин тавр дар вақти иловагӣ ҳисоб тағйир наёфт ва бозӣ ба зарбаҳои ҷаримавӣ кашонида шуд. Дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра "Истиқлол" ба дарвозаи меҳмонон чаҳор гол зад ва ба дарвозаи худ ду гол сар дод. Ҳамин тавр дастаи "Истиқлол" бо ҳисоби умумии 5:3 бар дастаи "Ал-Ваҳда" пирӯз шуд ва ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ((AFC)-2015 роҳ ёфт.

Доварони бозии ҳаштякниҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Ваҳда” аз Ҷопон буданд. Довари ФИФА Иида Ҷумпейи 34-сола сардовари ин бозӣ таъин шуда буд. Ҳамватанонаш Отсука Ҳаруҳиро ва Шинҷи Оши, ки ҳарду 40-солаанд, ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат карданд. Илгиз Танташеви узбакистонӣ вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дошт ва Юсуф Мирзо аз Арабистони Саудӣ нозири доварон ва Бенҷамин Тан аз Сингапур комиссари ин бозӣ буданд.

ҶОМИ AFC-2015. 1/8 финал

«Истиқлол» (Тоҷикистон) — «Ал-Ваҳда» (Сурия) — 1:1. Аз рӯи пеналтӣ — 4:2

Голҳо: Раслан Ал-Курдӣ, 21 (0:1). Раслан Ал-Курдӣ, 34 – ба дарвозаи худ (1:1).

Силсилаи пеналтӣ: Нуриддин Давронов – 1:0. Усома Умарӣ – 1:0 (дарвозабон). Аҳтам Назаров – 2:0. Муҳаммад Катая – 2:1. Фатҳулло Фатҳуллоев – 3:1. Муҳаммад Ҳамдку – 3:2. Парвизҷон Умарбоев – 4:2. Маҳмуд Хадуҷ – 4:2 (тири дарвоза).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (Парвизҷон Умарбоев, 77), Бледа Родригес, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Эраҷ Раҷабов, 84), Петро Ковалчук, Дилшод Восиев (к), Фатҳулло Фатҳуллоев, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ (Аҳтам Назаров, 67), Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шуданд: Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Нуриддин Давронов, Парвизҷон Умарбоев («Истиқлол»).

26 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 17 100 тамошобин.

Баъди анҷоми бозии «Истиқлол» бо Ал-Ваҳда” нишасти хабарӣ доир шуд. Дар ин нишаст нахуст Рафоат Муҳаммад, сармураббии «Ал-Ваҳда», ба хабарнигорон чунин иброз дошт: “Мо бозии хуб нишон додем. Рақибамонро хуб омӯхта будем. Аз фурсатҳо ҳарду дуста тавонистанд истифода баранд. Тӯб бештар дар дастаи “Истиқлол” буд. Аммо агар мо аз ҷиҳати ҳуҷум гӯем, бачаҳои мо дар хатти пеш нисбат ба ҳариф хатарнок буданд. Чунин даста ба мисли “Истиқлол” бо мухлисонаш метавонад дар ин мусобиқа болотар равад. Умед дорам, ки “Истиқлол” соҳиби Ҷом шавад, барои ин ҳамаи таманниётро ба даста изҳор мекунам. Ман аз бозигарони худ, ки бозии хуб нишон доданд, муташаккирам”.

Бозии "Истиқлол" бо "Ал-Ваҳда"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00

​Баъдан дар ин нишаст Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол», ба хабарнигорон гуфт, “чунон ки интизор будем, бозӣ хеле мураккаб буд. “Ал-Ваҳда” яке аз рақибони гузаштнопазир аст. Бозии муташаккил мекунанд, ҳам дар ҳаракати дастаӣ ҳам дар хатти дифоъ ва ва ҳам дар ҳуҷум. Мехостам, ба мухлисони даста, ки барои дастгирии мо ба варзишгоҳ омаданд, миннатдорӣ баён кунам. Ба бачаҳо ташаккур мегӯям. Онҳо бори дигар иродаи қавӣ нишон доданд. Ин бозии 35-уми мо дар ин мавсим буд. Чунон ки мушоҳида кардед, бозигарони мо дар майдон фаъол буданд. Рақибамон низ, албатта, лаҳзаҳои хуби голзанӣ дошт. Хушҳолам, ки бозӣ бо пирӯзии мо ба охир расид. Вале, албатта, намехостем, ки кор то ба силсилаи пеналтӣ расад. Ҳамааш барои мо хуб анҷом ёфт”.

Дар ин нишаст, инчунин легионери сербиягӣ Никола Стошич, дарвозабони “Истиқлол”, ки қаҳрамони ин бозӣ гардид, гуфт, бозӣ хеле вазнин гузашт, вале ғалабаи мо шоиста аст.

Ба ин тартиб, барои аввалин бор дар таърихи футболи тоҷик як дастаи кишвар ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё роҳ ёфтааст. Рақиби “Истиқлол” дар чаҳорякфинал бар асоси қуръакашӣ муайян хоҳад шуд.

Гуфтугӯ бо ҳимоятгари "Истиқлол" Аҳтам Назаров
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

XS
SM
MD
LG