Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи футболи AFC (U-14) ба поён расид


​Рӯзи 26 май, Фестивал ё Ҷашнвораи футболи AFC (U-14) барои дастаҳои мунтахаби наврасони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба анҷом расид.

Дар урдугоҳи Академияи клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар шаҳраки Алмосии Ҳисор ҷойгир аст, Фестивал ё Ҷашнвораи футболи Конфедератсияи футболи Осиё - AFC (U-14) барои дастаҳои мунтахаби наврасони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба поён мерасад.

Ёдовар мешавем, дар ин ҷашнвора дастаҳои мунтахаби наврасони зери 14-солаи Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Непал ва Покистон ширкат доранд. Тоҷикистон барои аввалин бор мизбони Ҷашнвораи футболи AFC гардидааст.

Дастаҳо дар ду гурӯҳ рақобат карданд: гурӯҳи «А» - Тоҷикистон, Эрон, Ҳиндустон ва Шри-Ланка, гурӯҳи «Б» - Афғонистон, Непал ва Покистон.

Дар нахустин бозии ин ҷашнвора футболбозони навраси тоҷик аз ҳамсолони худ аз Эрон бо ҳисоби 2-3 шикаст хӯрданд. Дар даври дувум мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар дастаи Ҳиндустон бо ҳисоби 1-0 ва дар даври севум бар тими Шри-Ланка бо ҳисоби бузурги 7-0 пирӯз шуд.

Бояд гуфт, ки ҳамаи бозиҳои ҷашнвора дар майдони Академияи футболи “Истиқлол” баргузор шуда, ҳар як бозӣ аз ду қисми 30-дақиқаӣ иборат аст.

Имрӯз, 26 май, бозиҳои охирини ҷашнвора баргузор мешаванд. Нахуст дастаҳои мунтахаби Эрон ва Покистон, баъдан тимҳои Непал ва Тоҷикистон рақобат мекунанд. Бозии охирин байни дастаҳои Ҳиндустон ва Афғонистон барпо мегардад. Маросими пӯшидашавии ҷашнвора соати 12.30 доир хоҳад шуд.

Ҷашнвораи минтақавии футболи AFC (U-14) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Эрон – 2:3

Голҳо: Ҷавод Ёрӣ, 21 (0:1). Алиризо Асадабадӣ, 33 (0:2). Исроил Холов, 45 (1:2). Алиризо Асадабадӣ, 56 (1:3). Баёни Акбар, 58 (2:3).

Шри-Ланка – Ҳиндустон – 0:6

Даври 2-юм

Ҳиндустон – Тоҷикистон – 0:1

Гол: Азизбек Ҳасанов, 30+1.

Эрон – Шри-Ланка – 4:0

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Шри-Ланка – 7:0

Ҳиндустон – Эрон – 2:2

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

3

2

1

0

9-4

9

2

Тоҷикистон

3

2

0

1

10-3

6

3

Ҳиндустон

3

1

1

1

8-3

3

4

Шри-Ланка

3

0

0

3

0-17

0

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Непал – Покистон – 1:0

Даври 2-юм

Покистон – Афғонистон – 1:0

Даври 3-юм

Афғонистон – Непал – 0:2

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Непал

2

2

0

0

3-0

6

2

Покистон

2

1

0

1

1-1

3

3

Афғонистон

2

0

0

2

0-3

0

26 май (сешанбе)

Эрон – Покистон

Непал – Тоҷикистон

Ҳиндустон – Афғонистон

XS
SM
MD
LG