Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ал-Ваҳда"-и Сурия дар Душанбе: Ҷанг монеи футбол нест


Дастаи "Ал-Ваҳда"-и Сурия дар Душанбе
Дастаи "Ал-Ваҳда"-и Сурия дар Душанбе

​Имрӯз, 25 май, дар шаҳри Душанбе пеш аз бозии «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо тими “Ал-Ваҳда”-и Сурия нишасти хабарӣ доир шуд.

Рӯзи 25 май дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Шератон”-и Душанбе пеш аз бозии «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-2015 бо тими “Ал-Ваҳда”-и Сурия нишасти хабарӣ доир шуд.

Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол», ба хабарнигорон гуфт, “дар марҳилаи плей-офф дастаҳои камқувват нестанд. Бинобар ин худро боло намеҳисобем. Мо бозиҳои рақибамонро тамошо кардем, омӯхтем ва мегӯям, ки дастаи суриягӣ хеле ҷиддӣ ва пурқувват аст. Фикр мекунам, ки фардо бозӣ барои мо осон намешавад. Вале набояд фаромӯш кард, ки “Истиқлол” дастаи боинтизом ва муттаҳид аст. Инчунин дастгирии мухлисон ба ҷониби мост, зеро мо дар майдони худ бозӣ мекунем. Мо мекӯшем масъаларо дар замони асосӣ ҳал кунем, то ки бозӣ ба силсилаи пеналтӣ нарасад”.

Дар ин нишаст нахуст Рафоат Муҳаммад, сармураббии «Ал-Ваҳда», ба хабарнигорон иброз дошт, “бо вуҷуди он ки вазъи сиёсӣ дар Сурия вазнин аст, дар кишвар мусобиқаи қаҳрамонии футбол идома дорад. Мо ба бозӣ муқобили “Истиқлол” 18 бозигар овардаем, ки се нафарашон узви мунтахаби миллии кишваранд. Дар дастаи мо, ки дар қаҳрамонии Сурия пешсаф аст, легионерҳо бозӣ намекунанд. Мутаассифона, даври ҳаштякниҳоии Ҷоми AFC аз як бозӣ иборат аст ва аз рӯи натоиҷи сабқати гурӯҳӣ мо дар сафар бозӣ мекунем. Ин, албатта, барои ба чорякфинал баромадан душвориҳо пеш меорад. “Истиқлол”-ро, ки бозигарони олӣ дорад, мухлисонаш дастгирӣ хоҳанд кард. Мо бозиҳои рақибамонро дар сабқати гурӯҳӣ хуб омухтем ва ба хулосае омадем, дар байни бошгоҳҳое, ки дар Ҷоми АФК бозӣ мекунанд, “Истиқлол” яке аз зӯртаринҳост. Муқобили “Истиқлол” бозӣ кардан ҳарчанд мушкил аст, вале мо ба Душанбе барои пирӯзӣ омадаем”.

Ёдовар мешавем, бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Ваҳда» 26 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 шурӯъ мешавад. Нархи билети ин бозӣ 15 сомонӣ муқаррар шудааст. Бо ин билет мухлисон, инчунин, дар бозии лотерея, ки бурди аслиаш мошини сабукрави тамғаи «Toyota Corolla» мебошад, иштирок мекунанд.

Доварони бозии ҳаштякниҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Ваҳда” аз Ҷопон мебошанд. Довари ФИФА Иида Юмпейи 34-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ҳамватанонаш Отсука Ҳаруҳиро ва Шинҷи Оши, ки ҳарду 40-солаанд, ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Илгиз Танташеви узбакистонӣ вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Юсуф Мирзо аз Арабистони Саудӣ нозири доварон ва Бенҷамин Тан аз Сингапур комиссари ин бозӣ мебошанд.

Ба ҷуз бозии “Истиқлол” бо “Ал-Ваҳда”, дар бозиҳои дигари ҳаштякниҳоӣ рӯзҳои 26-27 май дастаҳои «Персипура Ҷаяпура» (Индонезия) – «Паҳанг» (Малайзия), «Ал-Ваҳдат» (Урдун) – «Ал-Қодсия» (Кувайт), «Саут Чайна» (Ҳонконг) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон), «Ал-Ҷайш» (Сурия) – «Ал-Ҷазира» (Урдун), «Персиб Бандунг» (Индонезия) – «Китчӣ» (Ҳонконг), «Ал-Шорта» (Ироқ) – «Кувайт» (Кувайт) ва «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Айявадӣ» (Мянмар) бо ҳам вориди рақобат мешаванд. Дар даври ҳаштякниҳоӣ дастаҳо танҳо як бозӣ анҷом медиҳанд.

Ҷоми AFC-2015. 1/8 финал

26 май (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Ваҳда» (Сурия)

«Персипура Ҷаяпура» (Индонезия) – «Паҳанг» (Малайзия)

«Ал-Ваҳдат» (Урдун) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

«Саут Чайна» (Ҳонконг) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон)

27 май (чоршанбе)

«Ал-Ҷайш» (Сурия) – «Ал-Ҷазира» (Урдун)

«Персиб Бандунг» (Индонезия) – «Китчӣ» (Ҳонконг)

«Ал-Шорта» (Ироқ) – КВ «Кувайт» (Кувайт)

«Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Айявадӣ» (Мянмар)

XS
SM
MD
LG