Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии Комроншоҳи Устопириён дар "Masters" дар Марокаш


​Комроншоҳи Устопириён дар сабқати ҷаҳонии дзюдо бо номи “World Judo Masters Mohammed VI 2015” дар шаҳри Работи Марокаш шикаст хӯрд.

Комроншоҳи Устопириён , паҳлавони тоҷик, дар сабқати ҷаҳонии дзюдо бо номи "World Judo Masters Mohammed VI 2015", ки рӯзҳои 24-25 май дар шаҳри Работи Марокаш барпо гардид, ноком шуд. Вай дар вазни зери 90 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Илиас Илиадиси юнонӣ мағлуб гашт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуд.

Дар вазни зери 90 кило 16 нафар аз 13 кишвар (Русия, Ҳолланд ва Гурҷистон – 2-нафарӣ, Марокаш, Шветсия, Италия, Куба, Швейтсария, Фаронса, Юнон, Сербия, Тоҷикистон ва Ҷопон – 1-нафарӣ) қувваозмоӣ карданд. Дар ин вазн Бека Гвиниашвилии гурҷистонӣ, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Юия Йошидаи ҷопониро шикаст дод, ғолиб шуд.

Дарвоқеъ, Комроншоҳ ягона варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа намояндагӣ кард. Бояд тазаккур дод, дар ин мусобиқа гуштигироне, ки дар рейтинги ҷаҳонӣ дар ҷойҳои 1-16-ум ҷойгиранд, ширкат варзиданд. Зимнан, то ин мусобиқа Комроншоҳ дар рейтинги ҷаҳонӣ дар вазни худ дар ҷойи 12-ум буд.

Дар сабқати ҷаҳонии "Masters" 223 гуштигир (114 мард ва 109 зан) аз 51 кишвар ширкат дошт. Мусобиқа дар 7 вазн байни мардон (-60,-66,-73,-81,-90,-100,+100 кг) ва дар 7 вазн миёни занон (-48,-52,-57,-63,-70,-78,+78 кг) баргузор шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 12 медал (3 тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳибӣ кард. Мунтахаби Русия (2-1-1) дувум ва мунтахаби Муғулистон (2-0-2) севум шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:

Мардон

60 кг
1. ТАКАТО Наохиса (Ҷопон)
2. САФАРОВ Орхан (Озарбойҷон)
3. ГАНБАТ Болдбаатар (Муғулистон)
3. ЛУТФУЛЛОЕВ Шарафуддин (Узбакистон)

66 кг
1. ЗАНТАРАЯ Георгий (Украина)
2. ШЕРШАН Дмитрий (Белорус)
3. ДАВААДОРЖ Тумурхулег (Муғулистон)
3. ТАКАИЧИ Кенго (Ҷопон)

73 кг
1. ЯРСЕВ Денис (Русия)
2. ТАТАЛАШВИЛИ Нургазӣ (Гурҷистон)
3. НАКАЯ Рики (Ҷопон)
3. ОРУҶОВ Рустам (Озарбойҷон)

81 кг
1. НАГАСИ Таканори (Ҷопон)
2. НИФОНТОВ Иван (Русия)
3. ТОМА Сергиу (Имороти Муттаҳидаи Араб)
3. СРИКИШВИЛИ Автандил (Гурҷистон)

90 кг
1. ГВИНИАШВИЛИ Бека (Гурҷистон)
2. ЙОШИДА Юия (Ҷопон)
3. ГОНЗАЛЕЗ Аслей (Куба)
3. ВАН Т ЭНД Ноэл (Нидерланд)

100 кг
1. ҚОСИМОВ Илмар (Озарбойҷон)
2. КРПАЛЕК Лукас (Ҷумҳурии Чех)
3. ДАРВЕШ Рамазон (Миср)
3. НИКИФОРОВ Тома (Белгия

+100 кг
1. РИНЕР Тедди (Фаронса)
2. БОР Барна (Маҷористон)
3. МЕЙЕР Рой (Нидерланд)
3. ШИЧИНОҲЕ Риу (Ҷопон)

XS
SM
MD
LG