Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Планшет ба ҷойи китоб. Усули нави таълим дар се мактаби Тоҷикистон


Баъзе аз мактабҳои усули нав, аз ҷумла мактаб-гимназияи "Ҳотам ПВ", мактаби байналмилалӣ ва литсейи президентӣ, қисман аз китобҳои коғазӣ даст кашида, ба "планшет" рӯй овардаанд.

Панҷ кило китобу дафтар дар дӯш Умедҷони Давлаталӣ ҳар рӯз ба мактаб мерафт. Аммо акнун бори ӯ ба маротиб сабук шуд, чун дигар ҳоҷат ба овардани китобҳои зиёд боқӣ намондааст. Ҳама чизи даркориро вай дар "планшет" ҷой додааст ва дастгоҳ ҷои китобҳои ӯ ва аксар ҳамсабақонашро гирифтааст.

Ин хонандаи мактаб-гимназияи "Ҳотам ПВ" дар ҳоле ки дар планшети худ китоби алгебраро мехонд, ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, фикр мекунад бо планшет хондан ҷолиб ва мувофиқтар аст. Ӯ афзуд, аввали сентябр вақте китоб гирифт, ҳар рӯз бо бори вазнин ба мактаб омада ва бармегашт. Вақте ба мактаб планшет оварданд, бо падару модараш машварат карда, ба натиҷае расид, ки планшет бихарад. Ҳозир фақат бо худ як-ду китоб меорад, дар ҳоле ки қаблан то 9 китоб дошт. Умедҷон ва ҳамсинфонаш дар планшет китобу маводи зиёд ва бозиҳои мантиқӣ ҳам доранд, ки дониши одамро боло мебарад.

Дар ҳоле ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон истифодаи телефонро барои мактабиён манъ кардааст ва чандин падару модар ҳам барои нақзи ин қарор ҷазо гирифтаанд, бархе аз муассисаҳои шакли нави таълим дар кишвар ба ҷои китобҳои коғазӣ ба планшет бартарӣ медиҳанд.

Гимназияҳои Тоҷикистон ба истифодаи планшет рӯй овардаанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Дар мактаб-гимназияи Тоҷикистону Русия мавсум ба "Ҳотам ПВ" ҳоло беш аз 50 дарсади хонандаҳо бо планшет ба дарс меоянд. Муассисони мактаб мегӯянд, ки бо ҳадафи таъмини хонандаҳо бо планшети нисбатан арзон, онҳо дар мувофиқа бо як ширкати амрикоӣ, 1000 планшет харидаанд. Дар ҳар планшет зиёда аз 1000 китобу маводи омӯзишӣ, аз ҷумла мавод барои омодасозии хонандаҳо ба олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ҷой дода шуда, нархи 720 сомонист.

Абдуфаттоҳ Ҳотамов
Абдуфаттоҳ Ҳотамов

Абдуфаттоҳ Ҳотамов, раҳбари мактаб-гимназияи "Ҳотам ПВ" мегӯяд, истифода аз планшет дар ин мактаб мушкили дастрасӣ ба адабиёти таълимӣ ва омӯзиширо аз миён бурдааст. Ӯ афзуд, китобхонаи онҳо беш аз 10 000 нусха китоб дорад ва бо вуҷуди ин ба хонандаҳо китоб намерасид. Аммо ҳоло ҳама китобҳо дар дасти хонандаҳо ҳаст. Вай мегӯяд, қаблан ба ҳар ҷое, ки мерафтанд, ҳатман китоб харида меоварданд, вале дигар ин зарурат намондааст.

Ҷаноби Ҳотамов бовар дорад, хонандагон бо истифодаи планшет дар дарсҳо ба натиҷаҳои беҳтаре мерасанд. "Ҳоло мо имкон надорем, ки ба ҳар хонанда мувофиқи табъаш китобҳои заруриро муҳайё кунем. То имрӯз мо фақат як китоб, китобе ки вазорати маориф тасдиқ кардааст, ба хонанда пешниҳод мекардем. Аммо дар планшет ҳам ин китоб ва ҳам чандин адабиёти иловагӣ сабт шудааст, ки хонанда метавонад аз он истифода барад," -- мегӯяд, Ҳотамов.

Истифодаи интернет дар дарсҳо дар ин мактаб манъ аст ва ҳамчунин ба хонандаҳо планшетҳои дорои имкониятҳои фароғатӣ, мисли сабти навору аккосӣ тавсия дода намешавад.

Галина Обидова
Галина Обидова

Галина Обидова, омӯзгори алгебра дар мактаби "Ҳотам ва ПВ" таҷрибаи 3-моҳаи дарс бо планшетро дорад. Ӯ мегӯяд, планшет вақтро сарфа мекунад ва онҳо метавонанд зудтар мавод ва саҳифаи заруриро пайдо кунанд. Хонум Обидова мегӯяд, бинобар ин онҳо барномаи дарсиро зудтар тамом мекунанд ва вақти изофиро барои такрори дарсҳо ва амиқтар аз худ кардани маълумоти зарурӣ сарф мекунанд. Аз сӯйи дигар, ҳоло кор бо планшет, назар ба китоби коғазӣ барои кӯдакон ҷолибтар аст ва завқи онҳоро ба хонишу омӯзиш бештар мекунад.

Аммо на ҳама хонандаҳову волидон аз ин иқдоми мактаб ҷонибдорӣ мекунанд. Усмон -- хонандаи дигар бар ин бовар аст, ки омӯзиш бо китоби қоғазӣ хубтар аст, чун падару модараш мегӯянд, планшет ба чашм зарар дорад. Усмон мегӯяд, ки бештар дарси химия ва физикаро бо планшет мехонад.

Ин ақида ҳам ҳаст, ки эҳтимол планшет аз ҷониби хонандаҳо бар зарар истифода шавад. Абдуфаттоҳ Ҳотамов мегӯяд, бо дарназардошти чунин ҳолат, онҳо аз волидон даъват кардаанд, ки агар фарзандашон аз планшет беш аз меъёр ва бо ҳадафҳои фароғатӣ истифода мекунанд, метавонанд планшетро ба мактаб баргардонанд ва маблағро пас бигиранд.

Дар зимн Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳам ҷонибдори иқдоми истифодаи планшет дар дарсҳо ба ҷои китоб аст, аммо бо чанд шарт. Эҳсон Хушвақт, сухангӯи ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, ки истифодаи планшентҳо ба он шарт иҷозат дода мешавад, ки ҳадаф сирф таълимӣ бошад.

Ба гуфтаи вай, ҳоло дар мактабҳои замонавие мисли литсейҳои президентӣ ва байналмиллалӣ, хонандаҳо вобаста ба имконият аз планшет кор мегиранд. Ба гуфтаи Эҳсон Хушвақт, ахиран, президент ҳам ба 120 хонандаи парваришгоҳи ҷумҳуриявии Кангурт планшетҳое тақдим кардааст, ки дар худ шакли электронии тамоми китобҳои дарсии тоҷикиро доранд.

Ӯ мегӯяд, ки вазорати маориф ва илм дар ин планшетҳо китобҳои таълимии аз синфи 1 то 11-ро ворид кард, ки китобҳои зиёди бадеӣ ҳам доранд ва онҳо пурра ба таълим нигаронида ва тавре омода гаштаанд, ки кӯдакон аз он барои фароғату бозӣ истифода набаранд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар соли 2007 ба дарс овардани телефонҳои мобилро ба хонандагон манъ кард. Ин маҳдудиятро ҳам вазорат ба зангҳои телефонӣ ва тамошои навору аксҳо, ки ба ҷараёни таълим халал мерасонад, рабт медиҳад. Аммо аз планшетҳои бидуни симкорт ва пур аз маводи таълимӣ истиқбол мекунанд. Зимнан, боргузории китобҳои дарсӣ ба планшетҳо дар Маркази технологии вазорат ба гунаи ройгон сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG