Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: Хатари асосӣ терроризм ё тундгароӣ нест, балки...


Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо хабаргузории амрикоии “United World” гуфтааст, мушкили асосии Осиёи Марказӣ на терроризму тундгароӣ, балки баҳси масоили об ва рушди заифи иқтисодист.

Сомонаи англисии The Worldfolio ва рӯзномаи “USA Today”, яке аз пуртеъдодтарин нашрияҳои чопи Амрико рӯзи 20 март, дар арафаи Наврӯз мусоҳибаи ихтисосии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабаргузории амрикоии “United World”-ро нашр кардаанд.

Дар ин мусоҳиба, ки таҳти унвони “Нуқтаи босубот ва стратегӣ дар чорроҳаҳои Осиё” (“Stable and strategic at the crossroads of Asia”) чоп шудааст, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфтааст, бо анҷоми ислоҳоти иқтисодӣ ва “тамаркуз ба беҳбуди рӯзбарӯзи омилҳои иҷтимоиву иқтисодие, ки ба мардуми мо таъсир мегузоштанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиши қобили мулоҳизаи фақр муваффақ шавад. Ва ин чизест, ки мо бо он ифтихор мекунем.”

Бо онки Тоҷикистон ҳар фасли сармо дар тӯли 5 ило 6 моҳ дучори бӯҳрони шадиди нирӯи барқ мешавад ва аҳолиаш дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ доранд, ҳар сол беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори кишвар барои мардикорӣ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд ва бино омори расмии соли 2014, танҳо 57 дарсади аҳолииаш ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ доштааст, президенти Тоҷикистон дар ин 3 мавзӯи барои ҷомиаи хеле муҳиму доғ низ изҳори хушбинӣ кардааст: “Ҳар сол ҷойҳои нави корӣ сохта мешаванд, инфраструктура беҳтар ва мактабҳову бемористонҳоро навсозӣ мешаванд. Ҳукумати мо тамомши талошҳояшро барои беҳтар кардани дастрасии мардум ба хадамоти калидие, бо шумули оби тозаи ошомидианӣ ва таъмини пайваста бо нирӯи барқ анҷом медиҳад.”

Сӯҳбати Э.Раҳмон бо хабарнигорони "United World", акс аз president.tj
Сӯҳбати Э.Раҳмон бо хабарнигорони "United World", акс аз president.tj

Ин мусоҳиба зоҳиран ҳанӯз моҳи октябри соли 2014 анҷом шудааст, зеро рӯзи 16 октябр дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон бо нашри як силсила аксҳо хабар дода буд, ки “нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони Агентии иттилоотии амрикоии “United World” мусоҳиба ороста, ба суолҳои онҳо доир ба таърихи муосири Тоҷикистон, аз ҷумла дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва густариши робитаҳо бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ посух дод.”

Ин манбаъ “United World”-ро “расонаи иттилоотии мӯътабару мӯътамад”-е муаррифӣ карда буд, ки “аз соли 1991 ба ин сӯ бо доираҳои давлатию хусусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва бисёр кишварҳои ҷаҳон робитаҳои қавии ҳамкорӣ дорад.”

“United World” зоҳиран ин сафари 5 моҳи пеши хабарнигоронаш ба Тоҷикистонро хеле “пурсамар” истифода бурдааст, чунки саҳифаҳои сомонаҳову нашрияҳои ҳамкораш, аз ҷумла саҳифаҳои “The Worldfolio” пур аз сӯҳбатҳои ихтисосии мақомҳои хурду бузурги тоҷик аст.

Боз 15 соли мубориза барои ҳамон 3 ҳадафи қаблӣ

Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯи ихтисосиаш бо “United World” гуфтааст, стратегияи рушди миллии Тоҷикистон имсол ба поён мерасад ва онҳо дар садади анҷоми таҳияи стратегияи наве барои 15 соли ояндаанд, ки то соли 2030 рӯи боз ҳам он 3 масъалаи асосӣ, вале то ҳол ҳаллношудаи стратегияи қаблӣ – берун баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энержӣ ва тазмини амнияти ғизоӣ – тамаркуз хоҳад крад. Айни ҳамин 3 ҳадаф аз ҷумла муҳимтарин ҳадафҳое буд, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз замони расиданаш ба қудрат барои расидан ба он талош мекунад, вале бо гузашти 23 сол ҳанӯз муваффақ нашудааст.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон аз ҳукуматаш ситоиш мекунад, ки тавонист дар соли 2013 рушди иқтисодро ба андозаи 7,4 дарсад ва афзоиши даромадҳои аҳолиро ба ҳадди 16,5 фоиз таъмин карда, сатҳи маоши миёнаро ҳам то 20 дарсад боло бубарад. Ӯ афзудааст, “бо вуҷуди масоили ҷаҳонии иқтисодие, ки ҳам ба бозори байналмилалӣ ва ҳам ба бозори кори маҳаллӣ таъсир гузошт, кишвари мо дар 5 соли охир 870 000 ҷойи нави корӣ таъсис дод. Дар ояндаи наздик мо мехоҳем боз 250 000 ҷойи кори нав бисозем.” Ӯ дар шароити кунунӣ барқарор кардани корхонаҳои саноатӣ ва эҳёи саноати миллиро фавқулодда муҳим номидааст.

“Хатари асосӣ ифротгароӣ ва терроризм нест”

Хабарнигорони "United World" ҳангоми мусоҳиба бо Э.Раҳмон, акс аз president.tj
Хабарнигорони "United World" ҳангоми мусоҳиба бо Э.Раҳмон, акс аз president.tj

Дар посух ба ин суол ки “мавқеи Тоҷикистон дар баробари масоили ҳассоси Осиёи Марказӣ, аз қабили обу энержӣ ва амният чӣ гуна аст?” раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, “Осиёи Марказӣ ба далели мавқеияти ҷуғрофӣ ва таъсири кишварҳои дигар як минтақаи рӯбарӯ бо навъҳои мухталифи рискҳост. Рискҳои аз ҳама хатаркнок ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ ҳам нест, балки омилҳои аз қабл вуҷуддоштаи низоъзое, чун идораи захираҳои об, рушди заифи иҷтимоию иқтисодӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир аст.”

Эмомалӣ Раҳмон ҳалли баҳсҳо бар сари тарзи истифодаи захираҳои оби Осиёи Марказиро калиди ҳалли тамоми мушкилоти дигари ин минтақаи печида номида гуфтааст, “даст ёфтан ба натиҷаҳои мусбат дар масъалаи истифодаи об ба рушди энержӣ ва амнияти иқтисодӣ кумак карда, ба навбати худ ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ба тавсиаи дигар бахшҳои ҳаётан муҳим низ иқдом кунанд.”

Вале Роғун...

Ӯ таҳаввулоти ахири марбут ба тарҳи нирӯгоҳи Роғун, аз ҷумла назари мусбати коршиносони Бонки ҷаҳониро “дастоварди муҳим” хонда, гуфтааст, нирӯгоҳи Роғун нафақат ба хотири тавлиди нирӯи барқи ҳаётан муҳим барои Тоҷикистон аҳамият дорад, балки, ба ақидаи оқои Раҳмон, дар эҳёи саноати миллии ин кишвар низ нақши асосиро бозӣ хоҳад кард. Гузашта аз ин, ба бовари раисиҷумҳури Тоҷикистон, “дар асл, Роғун як омили ҳамоиш ва рушди иқтисодии тамоми минтақа хоҳад шуд”. Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба тарҳҳои бузурге, чун шабакаҳои интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000) афзудааст, “бо шарофати чунин барномаҳо, Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад ба як маркази энержии минтақа таббил биёбад.”

Тоҷикистон сохтани нирӯгоҳи Роғунро танҳо роҳи наҷоти худ аз вартаи бӯҳрони барқе меномад, ки ҳар сол дар фасли сармо аз гиребонаш мегирад. Аммо кишварҳои поёноби минтақа, бахусус Узбакистон, шадидан мухолифи бунёди нирӯгоҳҳои азим дар саргаҳи оби минтақа мебошанд ва мегӯянд, дар чунин сурат заминҳои кишти онҳо беоб хоҳад монд.

Душанбе ба ин далел дар соли 2010 анҷоми ташхиси тарҳи нирӯгоҳи Роғунро ба Бонки ҷаҳонӣ супурд. Ин ниҳоди байналмилалии молӣ дар моҳи сентябр бо нашри натиҷаҳои ташхисоташ гуфт, тарҳи Роғун кадом паёмади манфии ҷиддии иқтисодӣ ё зистмуҳитӣ надорад.

Эмомалӣ Раҳмон дар поёни мусоҳиба изҳори итминон кардааст, ки “бо ҳам овардани зарфиятҳои бузурги тавлиди нирӯи барқи обӣ, мудирияти ҳирфаӣ ва сиёсати хориҷии муассир моро ба марҳалаи нави рушди иқтисодӣ холҳад расонд. Ин дар ниҳояти амр ба сӯи тағйири равобити дохилиминтақавӣ ва рушди собити иқтисодӣ дар саросари Осиёи Марказӣ хоҳад бурд.”

Мусоҳибаи Эмомалӣ Раҳмон бо Euronews
Мусоҳибаи Эмомалӣ Раҳмон бо Euronews

Эмомалӣ Раҳмони 62-сола, ки аз соли поёни 1992 инак беш аз 22 сол боз ба Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад, маъмулан бо матбуот зиёд сӯҳбат намекунад ва чанд мусоҳибаи ангуштшумор бо ӯ ҳам асосан бо расонаҳои хориҷӣ анҷом шудаанд. Ӯ аз ҷумла дар соли 2012 бо шабакаи телевизионии EuroNews ва сардабири рӯзномаи мисрии «Ал-Масоия» (“Шомгоҳ”) ва дар соли 2014, қабл аз нишасти моҳи сентябри сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе бо расонаҳои давлатии Чин мусоҳибаи ихтисосӣ ороста буд. Аммо президенти Тоҷикистон бо ҳеҷ яке аз расонаҳои худи Тоҷикистон то ҳол мусоҳиба надодааст.

Ӯ дар моҳи декабри соли 2009 барои бори аввал бо як гурӯҳи журналистони маҳаллӣ сӯҳбати рӯбарӯ орост, вале дар шакли “на барои нашр.” Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон чанд дафъа талош карданд, то атрофиёни президентро ба зарурати чунин мусоҳибаҳо мутақоид ва моил кунанд, вале ин то ҳол муяссарашон нашудааст.

Нишастҳои муштараки хабарӣ бо раҳбарони кишварҳои дигар, ҳамчунин “баромадан ба пеши матбуот” баъди оввоздиҳӣ дар интихоботҳо аз ангуштшумор мавридҳое буд, ки журналистон метавонистанд ақалан ягон чизеро аз раисиҷумҳур бипурсанд. Маъмулан аз ин сӯҳбатҳои кӯтоҳ ягон изҳороти хабарсоз берун намеҷаст, вале зоҳиран ин “дарича”-и тамос бо президенти Тоҷикистон низ баста мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир нишастҳои хабарии протоколӣ баъди мулоқот бо ҳамтоёни хориҷиашро бо танҳо қироати изҳороти муштарак ва ягон суоли аз пеш ҳамоҳангшуда маҳдуд кардааст. Баъди овоз додан дар интихоботи парлумонии рӯзи 1 март раисиҷумҳури Тоҷикистон аслан пеши журналистҳои мунтазир нарафт, то ақалан ягон ҷумлаи протоколӣ бизанад, ки ӯ ин бор ҳам “барои оянда ва гулгушукуфии Тоҷикистон овоз додааст.”

XS
SM
MD
LG