Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо Молдив эълон шуд


Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон, рӯзи 19-уми март ҳайати дастаашро ба бозии дӯстона бо тими миллии Молдив эълон кард.

Бозии дӯстона байни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Молдив 26-уми март дар Мале баргузор мешавад.

Мӯҳсин Муҳаммадиев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо омодагиро ба бозии дӯстона бо мунтахаби Молдив рӯзи панҷшанбеи 19-уми март шурӯъ кардем. Ҷамъомади панҷрӯзаи таълимиву тамринии даста дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шудааст. Ба рӯйхат ҳамагӣ 19 футболбоз – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 5 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд. Вале дар ҳайати даста дар бозӣ муқобили Молдив ягон легионерро ҷалб карда натавонистем. Фарҳод Восиев, ҳимоятгари «Газовик»-и Оренбург, бинобар ширкати дастааш дар мусобиқаи лигаи аввали Русия ба Молдив сафар карда наметавонад. Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари “Жетису”-и Қазоқистон, низ дар бозӣ бо мунтахаби Молдив ширкат намекунад ва иштироки ӯ дар бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Сурия, ки 31-уми март дар Душанбе баргузор мешавад, дар назар аст”.

Мунтахаби Тоҷикистон 24-уми март тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Дубай – Мале ба ҷазоири Молдив парвоз хоҳад кард.

Ҳайати мунтахаби футболи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Қурбоналӣ Бобоев (ҳарду - «Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»).

Ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Соҳиб Саванқулов, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов (ҳама аз «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов («Равшан»), Идибек Ҳабибуллоев (“Хайр”).

Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Умедҷон Шарифов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Иброҳим Рабимов («Хуҷанд»).

Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров, Аҳтам Ҳамроқулов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Дилшод Восиев, Манучеҳр Ҷалилов (ҳарду аз «Истиқлол»).

XS
SM
MD
LG