Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Убайдуллоев хостанд, кӯчаеро ба номи Масъуд гузорад (2 ВИДЕО)


Аҳмадшоҳ Масъуд
Аҳмадшоҳ Масъуд

Як гурӯҳ аз донишҷӯён аз Маҳмадсаид Убайдуллоев – шаҳрдори Душанбе хостаанд, то кӯчаеро ба номи Аҳмадшоҳ Масъуд бигузорад. Зери ин нома даҳ нафар имзо гузоштаанд.

Як гурӯҳ аз донишҷӯёни факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ирсоли номае аз шаҳрдори Душанбе - Маҳмадсаид Убайдуллоев хостаанд, барои арҷгузорӣ ба Аҳмадшоҳ Масъуд кӯчаеро дар пойтахт ба номи ӯ бигузорад.

Донишҷӯён дар номаи худ аз корномаву хидматҳои Аҳмадшоҳ Масъуд барои барқарории субот дар Тоҷикистон ҳам ёдоварӣ кардаанд. “Яке аз шахсиятҳое, ки барои халқи шарафманди тоҷик хидматҳои арзандае кардааст, Аҳмадшоҳ Масъуд аст ва ӯ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои истиқрори сулҳ ва ризоияти милливу паноҳандагии гурезаҳо ва бозгашти онҳо ба Тоҷикистон мусоидат кардааст”,-гуфта шудааст дар нома.

Шоҳрух Каримов - донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи миллӣ ва яке аз муаллифони нома мегӯяд, онҳо аз корнамоӣ ва шахсияти Аҳмадшоҳ Масъуд, аз тариқи қиссаҳои омӯзгорону адабиёти мухталиф огоҳ шудаанд. Аммо тасмими ироаи чунин як пешниҳод ба шаҳрдорӣ дар зеҳни ҷавонон, баъд аз мутолиаи китобе бо номи “Размоварони ҳиндукуш”-и Мирзо Шукурзода пайдо шудааст.

Пешниҳоди номгузории як хиёбон дар Душанбе ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:20 0:00

Мактуби ин ҷавонон ба унвони раиси шаҳри Душанбе - Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 15-уми январи соли ҷорӣ ирсол шуда ва ҳоло дақиқ нест, ин пешниҳоди ҷавонон қабул шуда ё не. Аммо ҷавонон умед доранд, баъд аз 10 рӯз, яъне мӯҳлате, ки барояшон қонун муайян кардааст, посухи мусбат хоҳанд гирифт.

Барои бори аввал аст, ки гурӯҳе расман бо чунин пешниҳод ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат мекунанд. Вале қаблан дархостҳо дар бораи ба осорхона табдил додани хонаи Аҳмадшоҳ Масъуд дар Душанбе зиёд матраҳ буд. Бархе аз зиёиёни тоҷик дар ҳамоише дар Душанбе, ки дар он бародарону наздикони Масъуд ҳам ширкат доштаанд, хоста буданд, хонае дар Душанбе, ки сипаҳсолор дар он зистааст, ба осорхонаи ӯ табдил дода шавад.

Сайдамир Зуҳуров
Сайдамир Зуҳуров

Ин хона, дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе воқеъ аст ва Аҳмадшоҳ Масъуд ҳангоми дар Тоҷикистон буданаш он ҷо меҳмонҳои худро қабул кардаву мулоқоти корӣ анҷом медодааст. Саидамир Зуҳуров, вазири собиқи амнияти Тоҷикистон, ки бо Аҳмадшоҳ Масъуд, равобити хуби кориву муносибати наздики хонаводаӣ доштааст, мегӯяд, бародарони Масъуд ҳам талош доштанд, ин ташаббусро амалӣ ва осорхоани ӯро бунёд кунанд. “То ҷое медонам, бародарону ҷиянҳояш ҳаракат доштанд, хонаи ӯро осорхона кунанд ва баъзе мавод ҳам ҷамъ карда буданд. Аммо дигар чӣ шуд, нашуд, ноогоҳ мондам. Вай хона хонаи бузург нест ва агар осорхона мешуд, маводи хубе мешуд дар он гирд овард”,-гуфт Зуҳуров.

Дар зимн, худи Саидамир Зуҳуров ҳам, ки аз наздиктарин дӯстони Масъуд дар Тоҷикистон дониста мешавад, аз Масъуд хотираву ёдгориҳое дорад. Гуфта мешавад як ангуштарӣ ва тасбеҳи сипаҳсолор Масъудро Саидамир Зуҳуров бо худ мегардондааст.

Султон Ҳамад, хабарнигоре, ки дар ҳамоиши илмие бахшида ба Аҳмадшоҳ Масъуд дар Душанбе, ин пешниҳодро карда буд, мегӯяд, дар Тоҷикистон ёру дӯстони Масъуд зиёданд, ки ҳатман ҳар кадоме аз ӯ хотироту нишоне доранд ва хуб мебуд агар ин ҳама дар осорхонаи вай ҷамъоварӣ мешуду хотироташ ҷовидона нигоҳ дошта мешуд:

“Дар Тоҷикистон медонам, ки афроде ҳастанд, ки дар баробари хотираҳои зиёд аз Масъуд, барои мисол пакул ё кӯлоҳ, ва ё қалами ӯро ёдгорӣ гирифтаву нигоҳ медоранд. Ва агар чунин иқдоме амалӣ мешуд, ин одамон метавонистанд ёдгориҳоро оварда дар осорхона гузоранд. Умуман дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд, аз аробакаши оддии

Султони Ҳамад
Султони Ҳамад

бозор то раиси ҷумҳури Тоҷикистон хотираҳои ҷолибу хубе доранд, агар ин ҳама ҷамъоварӣ шавад, кори хубе мебуд барои насли оянда. Вале мутаассифона осорхона шудани манзили ӯ танҳо пешниҳод буд ва монд. Мо албатта расман ин пешниҳоди худро ба кадом мақомоте ироа надоштем ва тариқи матбуот ба масъулин муроҷиат кардем, вале касе ҳам вокунише ба мо нишон надод ва ҳоло ҳам дар сафҳое, ки метавонанд тасмим бигиранду ин кор амалӣ шавад, дар ин бора чизе намегӯянд. Аммо фикр мекунам, амалишавии ин ташаббус ва муаррифии бештари чунин як сипаҳсолор ва марди асил махсусан дар ҳамин даврони пурошӯбу ноороме, ки моро думболагир аст, хеле зарур аст.”

Аҳмадшоҳи Масъуд, ки дар Тоҷикистон бештар аз нақши ӯ дар таъмини сулҳи кишвар сӯҳбат мекунанд, дар даврони ноамниҳои Тоҷикистон ба ин кишвар равуо доштааст. Замониддини Замон, яке аз ҳамразмони Аҳмадшоҳи Масъуд, ки имрӯз дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон фаъолият дорад, мегӯяд, Душанбе ба унвони хонаи дуввуми Масъуд буд ва вай дар солҳои муқовимат аз 1996 то 2001 ба Душанбе зиёд равуо дошт ва зану фарзандонаш ҳам он замон, дар ҳуҷрае, дар маҳаллаи наздики бозори "Шоҳмансур", зиндагӣ мекарданд.

Аммо хонае, ки аксарият чун манзили сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд мешинохтанд, манзили 18 дар кӯчаи Карамови Душанбе аст. Дар ин хона беш аз 10 сол аст, касе зиндагӣ намекунад ва ҳоло қариб, ки фарсудаву валангор шудааст. Замониддини Замон мегӯяд: “Дар ин хона баъзе васоили кории Масъуд аст, вале мешавад, ки аз Афғонистон чизҳоеро, ки мутааллиқ ба ӯ буд оварду ба намоиш гузошт, ки мардум бифаҳманд, Аҳмадшоҳ Масъуд, чӣ мекарду бо киҳо буд ва аз чӣ истифода мекард. Бештар чизе, ки ӯ истифода мекард, чизҳое мутааллиқ ба васоили ҷангӣ буд, нақшаҳои ҷангӣ буд. Ин хонаро мешавад ба ҳамон шакле, ки дар замони Масъуд буд, дубора эҳё кард. Ин хона аслан барои дидани меҳмонону мулоқотҳои корӣ истифода мешуд аз сӯйи Аҳмадшоҳи Масъуд. Масъуд аслан мардуми Тоҷикистонро дӯст медошт ва ин кишварро ба унвони хонаи дуввуми худ ҳамеша ёдоварӣ мекарданд.”

Замониддини Замон ҳам мегӯяд, бародарони Масъуд, дар воқеъ ин тасмимро доштанд, ки бо ҷониби Тоҷикистон мавзӯи осорхона кардани хонаи ӯро матраҳ кунанд, аммо ба сабабҳои мухталиф, аз ҷумла вазъи ноамни Афғонистон, ин нақша то ба ҳол ба иҷро нарасидааст. Вале вай мегӯяд, агар осорхонаи Масъуд таъсис меёфт ва ё ин пешниҳоди гурӯҳе аз ҷавонон, дар мавриди номгузорӣ шудани хиёбоне ба исми Аҳмадшоҳи Масъуд, қабул мешуд, иқдоми хубе аз ҷониби Тоҷикистон мебуд. Чун ба қавли ӯ, Аҳмадшоҳи Масъуд Қаҳрамони танҳо Афғонистон не, балки аз Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёӣ Марказӣ низ ҳаст. Дар зимн Саидамир Зуҳуров дӯсти наздики Аҳмадшоҳи Масъуд ҳам мегӯяд, “агар ин пешниҳодҳои ҷавонон аз сӯйи шаҳрдорӣ қабул шавад, мо раҳмат мегӯем, воқеан арзанда аст.

Тасвире аз хонаи Аҳмадшоҳи Масъуд дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

Дар Тоҷикистон Аҳмадшоҳи Масъуд махсусан миёни насли бузургтар, насле, ки дар замони корнамоиҳои Масъуд зиндагӣ кардаанд, нуфузу эҳтироми зиёде дорад. Аксҳои овезони сипаҳсолор Масъуд, дар ҷойи кору манзил ва дидани пакул ё кӯлоҳи афғонӣ дар сари бархе аз намояндаҳои ин насл ҳам далели ин гуфтаҳост.

Баҳриддин Ибронов, ки замоне дар шафати сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ошхона дошта, ҳамсангарони Аҳмадшоҳи Масъуд зиёд меҳмонаш мешудаанд, мегӯяд, бо хоҳиши худи ӯ онҳо барояш кӯмак кардаанд, то бо Аҳмадшоҳ ошноӣ пайдо кунад. Вай мегӯяд, то замони ошноӣ аз наздик, вай Масъудро фақат чун як ҷанговар мешинохт, вале: “Дар мулоқоту сӯҳбатҳо аз наздик ӯро як шахси бомаърифату хеле ориф дарёфтам. Аз ин сӯҳбатҳои кӯтоҳ, хотироти зиёде бардоштаам. Дар як маҳфил, вай бораи шеъру шоирӣ зиёд сӯҳбат кард, ба худ ҳайрон мешудам, ки шахсе, ки ҳамеша дар ҷабҳаву ҷанг аст, кай вақт меёбад, ки ин қадар адабиёт бихонаду, шеъри зиёде бидонад. Дар маҳфилҳо бештар аз адабиёту таърих сӯҳбат мекард. Ин ҳама бароям бисёр ҷолиб буд ва эҳтиромам нисбати ин шахсият дучанд шуд”

Аҳмадшоҳи Масъуд дар миёни насли нави Тоҷикистон ҳам аз обрӯи хос бархӯрдор ва ҷавононе ки бештар аз худшиносии миллӣ ҳарф мезананад, аз ӯ ба унвони идеали худ ёд меоранд. Ин аст, ки як гурӯҳ ҷавонон расман ба шаҳрдорӣ муроҷиат карда, мунтазири номгузорӣ шудани яке аз кӯчаҳои Душанбе ба номи Аҳмадшоҳ Масъуданд. Дар сурати қабул нашудани пешниҳоди худ аз ҷониби шаҳрдорӣ, ин ҷавонон мегӯянд, бо ин дархост ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат хоҳанд кард. Онҳо бовар доранд, ин иқдом рӯҳи хештаншиносӣ ва ғурури ҷавононро боз ҳам боло хоҳад бурд.

Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон ва нерӯмандтарин фармондеҳи зидди Шӯравию Толибон, 14 соли пеш аз ҷониби ду арабтабор дар Хоҷа Баҳовуддини вилояти Тахор ба шаҳодат расид. Ӯ дар деҳаи Баҳораки дараи Панҷшер, дар оилаи сарҳанг ба дунё омад, вале дар Кобул бузург шудааст.

Айни видео дар Ютуб:

XS
SM
MD
LG