Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Сӯҳроб Қосимов ба Данғара интиқол ёфт (ВИДЕО)


Маросими ҷанозаи генерал Сӯҳроб Қосимов
Маросими ҷанозаи генерал Сӯҳроб Қосимов

Cӯҳроб Қосимов, аз фармондеҳони пешини Фронти халқӣ ва собиқ фармондеҳи бригадаи зудамали таъйиноти махсуси вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, шаби душанбе ба сешанбе бар асари бемории тӯлонӣ даргузашт.

Генерали маъруфи 54-сола Сӯҳроб Қосимов, ки чанд сол ба ин тараф аз бемории саратони мағз ранҷ мебурд, шаби душанбе ба сешанбе дар манзилаш дар шаҳри Душанбе даргузашт. Маросими ҷанозаи Сӯҳроб Қосимов нимаи аввали рӯзи сешанбе дар масҷиди марказии пойтахт бо имоматии Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа --раиси Шӯрои уламои вилояти Хатлон баргузор шуд.

Дар ҷанозаи ӯ чанде аз вазирон ва раҳбарони идораву муассисаҳои кишвар ширкат карданд. Ба сурати умум маросим хоксорона ҷараён ёфт ва сипас ҷанозаи Сӯҳроб Қосимов ба Данғара интиқол дода шуд. Наздикони фармондеҳи пешин мегӯянд, ҷасади ӯ дар оромгоҳи деҳаи падарияш -- Мазори Ёхсу ба хок супурда мешавад.

Ҷасади Сӯҳроб Қосимов ба Данғара интиқол ёфт.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:39 0:00

Сӯҳроб Қосимов аз ҷумлаи он фармондеҳоне аст, ки дар оғози нооромиҳо дар Тоҷикистон дар авоили солҳои навади садаи гузашта шинохта шуд ва дар рӯёрӯии нерӯҳои ҳукумати Тоҷикистон бо размандагони нерӯҳои Иттиҳоди мухолифони пешин, нақши бориз дошт.

Дар бораи ширкати ӯ дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон арзишёбиҳои тазодомез дар миён аст. Бархе аз шоҳидон мегӯянд, Сӯҳроб Қосимов дар миёни ҷангсолорон бо нармӣ, хоксорӣ ва рӯшанфикрии худ фарқ мекард. Ба гуфтаи ин афрод, вай дар он давраи бебандуборӣ то ҷое ки тавонист, симои инсонии худро нигоҳ дошт. Онҳо ҳадс мезананд, ки касби ӯ -- омӯзгорӣ ба ин тафовуташ аз фармондеҳони дигар асос гузоштааст.

Вале бархи дигар бар инанд, ки Сӯҳроб Қосимов мисли даҳҳо ҷангсолори дигар аз ҳокимияти куллие, ки силоҳ барояш фароҳам оварда буд, даст ба хунрезӣ ва зӯоварӣ мезад. Шоҳидони дигар ишора мекунанд, ки на худи ӯ, балки бештар бародар ва шариконаш ба бераҳмиҳо ва одамкушиву ғоратгарӣ даст задаанд. Дар ҳар ҳолат ин аъмол ба номи ӯ нисбат дода мешуд.

Ҳанӯз дар он давра гуфта мешуд, ки раҳбари нави давлат Эмомалӣ Раҳмонов ба ин фармондеҳ назари махсус дошт ва ӯро эҳтиром мекард. Ин буд, ки бо ташкили нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар соли 1993 Сӯҳроб Қосимов фармондеҳи бригадаи зудамали таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин шуд, ки пойгоҳаш дар мавзеи Қулпистаи ноҳияи Варзоб ҷойгир буд. Аз он ҷо ки вай дар Русия таҳсил кардаву дар матбуоти русӣ омӯзгори забони русӣ номида мешуд, ҳарбиёни Русия дар Тоҷикистон бо ӯ робитаи хуб доштанд ва ҷузвутомҳои зери фармонаш аввалин бахши нерӯҳои Тоҷикистон буданд, ки дар нахустин размоиши муштарак ширкат варзиданд.

Сӯҳроб Қосимов тайи 15 сол фармондеҳи бригадаи зудамали таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буд ва дар ин вазифа дар даври охири гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 дар Маскав ширкат кард. Бо оғози давраи суқути ҷангсолорон, дар тафовут бо бисёре аз ҳамнабардҳояш Қосимов ҳадафи таҳқиқи ҷиноӣ, боздошт ё таҳдид қарор нагирифт, балки фаъолияташро чӣ ба ҳайси фармондеҳи бригада ва чи ғасби иншооти тиҷоратӣ дар Душанбе маҳдуд кард. Дар солҳои 2005-2006 вай коимлан аз саҳна дур шуда буд.

Cӯҳроб Қосимов
Cӯҳроб Қосимов

Дар соли 2007 Сӯҳроб Қосимов аз мақоми фармондеҳи бригадаи зудамали таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба истеъфо рафт, аммо фаъолияташро ҳамчун раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон идома дод. Аммо дар авоили соли 2012 вай раёсат дар федератсияро ба Рустами Эмомалӣ, писари президент вогузор намуд ва ҳамчун ҷонишини ӯ кор мекард.

Сӯҳроб Қосимов 2 сентябри соли 1961 дар ноҳияи Совет( Темурмалики ҳозира) таваллуд шудааст. Соли 1968 хонаводаи онҳо ба ноҳияи Данғара кӯч баст ва вай дар соли 1978 мактаби миёнаро хатм кард. Ҳини таҳсил дар мактаби миёна устоди варзиш оид ба тенниси рӯи мизи шудааст. Соли 1980 ба Донишкадаи омӯзгории Маскав ба номи Ленин дохил шуда ва соли 1985 онро хатм намуд. То оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, зиндагии маъмулӣ дошта ва ҳамчун омӯзгор дар мактаб-интернати рақами 3-и шаҳри Душанбе фаъолият мекард.

Дар солҳои мухолифати нерӯҳои ҳукуматӣ бо размандаҳои собиқ мухолифин Сӯҳроб Қосимов дар миёни фармондеҳони ҷониби ҳукумат ба якборагӣ шинохта шуд ва маъруфият касб кард. Дар он солҳо вай аз

ҷониби Вазорати умури дохилӣ фармондеҳи гурӯҳи зудамали ҳамин вазорат дар ноҳияи Варзоб таъйин карда шуд ва дар соли 1994 бо созмон дода шудани дуввумин қисми ҳарбӣ дар вазорати умури дохила, таҳти рақами 3502 фармондеҳии ҳамин қисми ҳарбиро ба дӯш гирифт.

Ҳангоме ки дар соли 2007 вай аз мақоми фармондеҳи Бригадаи зудамали таъйиноти махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон истеъфо дод, бархе аз таҳлилгарони маҳаллӣ, ки аз овардани номашон худдорӣ карданд, гуфтанд, ки Сӯҳроб Қосимов фармондеҳи писандидаи президент Эмомалӣ Раҳмонов ба шумор мерафт ва бознишастагии ғайримунтазираи ӯ то ҳадде мармуз аст. Дертар Қосимов то соли 2012 ҳамчун раиси Федератсиюни футболи Тоҷикистон фаъолият дошт.

XS
SM
MD
LG