Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА як зина пойин шуд


Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА як зина пойин рафт ва ҳоло дар мақоми 135-ум қарор дорад.

Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии нави ФИФА (Федератсиюни байналмилалии футбол), ки имрӯз, 27-уми ноябр, нашр шудааст, бо 214 имтиёз як зина поин рафт ва дар мақоми 135-ум қарор дорад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Қазоқистон (ҷойи 139), Туркманистон (ҷойи 148) ва Қирғизистон (ҷойи 153) боло ҷойгир шудааст. Мунтахаби Украина, ки дар байни кишварҳои ИДМ пешсаф аст, дар рейтинги ҷаҳонӣ дар зинаи 26-ум қарор дорад. Баъдан Русия мақоми 31-ум ва Узбакистон мақоми 74-умро касб кардаанд.

Мунтахаби Олмон дар феҳристи нави ФИФА дар байни 209 тими миллӣ бо 1725 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Аргентина (1538 имтиёз) дар ҷойи дувум ва тими Колумбия (1450 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё низ як зина поин шуд ва ба ҷойи 19-ум фуромад. Дар ин қора тими миллии Ҷопон пешқадам аст. Мунтахаби Эрон дар ҷойи дувум ва тими миллии Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи севум мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад.

XS
SM
MD
LG