Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2015


14
14

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015 дар Санкт-Петербурги Русия ширкат хоҳад кард.

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015, ки рӯзҳои 16-25 январи соли оянда дар маҷмааи варзишию консертии “Петербургский”- и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, ширкат меварзад. Ба ҳайати дастаҳои ширкаткунандаи ин мусобиқа футболбозони соли таваллудашон 1994 ва аз он хурд дохил мешаванд.

Ҳайати ниҳоии ширкаткунандагони мусобиқа ҳанӯз муайян нашудааст. Дар Ҷоми Иттиҳод-2015 ширкати 16 дастаи мунтахаби ҷавонон дар назар аст. То ҳоло 11 даста, аз он ҷумла тимҳои мунтахаби ҷавонони Русия, Тоҷикистон, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, ширкати худро дар ин мусобиқа тасдиқ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2014 дар байни 12 даста мақоми 11-умро гирифта буд.
Мунтахаби ҷавонони Украина, ки дар бозии ниҳоӣ тими Русияро бо ҳисоби 4-0 шикаст дод, ғолиби Ҷоми Иттиҳод-2014 гаштааст.

XS
SM
MD
LG