Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Энергетик" аз мусобиқоти лигаи олӣ хориҷ шуд


Дастаи «Энергетик»-и Душанбе аз идомаи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон даст кашид.

Дастаи «Энергетик»-и Душанбе тасмим гирифтааст, ки ширкати худро дар мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон қатъ намояд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон мушкилоти молӣ ба бошгоҳи футболи “Энергетик” имкон надод, ки ширкаташро дар мусобиқаи лигаи олии футболи тоҷик идома бидиҳад. Сарпарасти «Энергетик» - Ширкати саҳҳомии ҳолдингии “Барқи тоҷик» - аз маблағгузорӣ ба даста даст кашидааст.

Бояд гуфт, ки бар асоси Регламент ё дастури чемпионати Тоҷикистон дар бозиҳои боқимондаи мавсим муқобили дастаҳои "Хуҷанд"-и Хуҷанд, "Истиқлол"-и Душанбе, "Парвоз"-и Бобоҷон Ғафуров ва "Далерон-Ӯротеппа"-и Истаравшан «Энергетик» бо ҳисоби фаннии 0:3 мағлуб ва рақибонаш бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки баъди натиҷагирии 15 даври мусобиқа «Энергетик» бо 19 имтиёз дар ҷадвал дар зинаи 6-ум қарор дорад. “Энергетик” бо раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев дар 5 бозӣ пирӯз шуда, 4 бозиро мусовӣ кардааст ва 5 бозиро бохтааст, ки дутоаш бо ҳисоби фаннист.

«Энергетик» аз соли 2007 дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бозӣ мекард. Беҳтарин натиҷаи даста ширкат дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2008 буд, ки аз тими “Хуҷанд” бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрдааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар мавсими имсола, инчунин, бошгоҳҳои футболи “Равшан”-и Кӯлоб, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода низ ба иллати мушкилоти молӣ аз бозигарони асосиашон маҳрум шуданд. Ин вазъи ногувор ба онҳо имкон надод, ки дар мусобиқаи имсола хуб бозӣ карда, ба натиҷаҳои баланд ноил шаванд.

XS
SM
MD
LG