Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзона Хоҷаева: "Ман ягон "тағо" надорам


Фарзона Хоҷаева
Фарзона Хоҷаева

Хабарнигори 28-солаи Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон, ки муовини раиси шаҳри Ваҳдат таъин шудааст, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ғайри падару модараш, ки омӯзгорони оддианд, дигар ягон пуштибоне надорад.

Фарзона Хоҷаева, хабарнигори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, муовини раиси шаҳри Ваҳдат таъин шуд. Ин корманди ҳамаканун собиқи Шабакаи аввали телевизони давлатии Тоҷикистон рӯзи 25 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари таъин шуданаш ба вазифаи муовини раиси шаҳри Ваҳдатро тасдиқ кард ва гуфт, алакай корро дар ин мақом шурӯъ кардааст. Фарзона Хоҷаева дар мақоми муовини шаҳрдори Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода масъулияти масоили фарҳангӣ ва кор бо занону оилаҳоро бар ӯҳда хоҳад дошт.

Фарзона Хоҷаева дар соли 2008 факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллиро хатм намуда, 6 сол боз дар идораи барномаҳои ҷавонӣ ва фарҳангии шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон кор мекард. Фарзона Хоҷаева дар шабакаи аввал масъули таҳияи ду барнома - “Нирӯи ҷавонӣ” ва “Тулӯъ” - буд.

Ӯ 28 сол дошта, дар хонаводаашон фарзанди аввал аст ва ҳанӯз издивоҷ накардааст.

Фарзона Хоҷаева нахустин мусоҳибааш бо матбуот ба ҳайси муовини раиси шаҳри Ваҳдатро рӯзи 25 сентябр бо хабарнигори Озодӣ Сарвинози Руҳуллоҳ анҷом дод:

Радиои Озодӣ: Шумо ки тоза ба ин мақом таъин шудед, фаъолиятатонро бештар бо кадом корҳо пеш мебаред?

Фарзона Хоҷаева: Ман ҷавон ҳастам ва мехоҳам ҳарчи бештар ба мушкилоте, ки миёни ҷавонон ҳаст, расидагӣ кунам. Ҳоло корро нав шурӯъ кардам, вале ҳадафҳо зиёданд. Мехоҳам теъдоди занони хонашин камтар шавад, ҷавондухтарон ҳарчӣ бештар ба таҳсил фаро гирифта шудаву пеши роҳи ҷавонони тоҷике, ки ба гурӯҳҳои мухталифи ғайриқонунӣ ва мамнӯъ майл мекунанд, гирифта шавад. Ҷавонон бояд дӯстдори Ватани худ бошанд. Ҳоло пӯшидани либосҳои мардуми бегона миёни духтарони тоҷик зиёд ба мушоҳида мерасад, вале бояд мо ҳамчун тоҷик фарҳанги худро нигоҳ дорем, либоси миллии тоҷикии худро ба бар кунем. Аз таваҷҷӯҳ ба фарҳанги бегона, ки имрӯз бештар миёни духтарон ба назар мерасад, бояд пешгирӣ кард. Духтари тоҷик ҳамеша бо чеҳраи тоҷикӣ, либосу фарҳанги тоҷикӣ метавонад муаррификунандаи ин миллат бошад. Ба монанди ин мушкилиҳое ҳастанд, ки бояд мо, ҷавонон ,роҳи ҳалли онҳоро бидонем ва барои рафъи он талош варзем.

Радиои Озодӣ: Кори хабарнигорӣ аз фаъолияти хизматӣ дар ниҳоди давлатӣ фарқ мекунад. Ҳамчун як ҷавон дар иҷрои вазифае, ки ба шумо вогузор карданд, мушкилӣ нахоҳед кашид?

Фарзона Хоҷаева: Бале, ҷавонам, вале кӯшиш мекунам барои беҳбудии ин сарзамину ин Ватан хидмат кунам. Кори хабарнигорӣ низ ҳамин буд. Хабарнигорон ҳам талош мекунанд, бо ҳарфи худ ба ҳалли мушкилот расидагӣ кунанд. Боз мегӯям. ҷавонам ва шеваи кор дар мақомотро шояд сад дарсад наомӯхтаам, аммо бовар дорам, ки ҳангоми иҷрои вазифае, ки ба ман бовар кардаанд, аз нафарони собиқадор таҷриба гирам. Мегӯянд ҳар инсон аз лаҳзае, ки ба дунё меояд то ба марг ба тарбия ва омӯзиш ниёз дорад. Бовар дорам, онҳое ки бузургтаранд мо ҷавононро дастгирӣ мекунанд.

Радиои Озодӣ: Фарзона, журналист будан дигар асту корманди давлатӣ будан дигар. Аксари маворид мансабдорон аз журналистон мегурезанд. Албатта, ки шумо ҳам дар фаъолияти худ ба ин рӯ ба рӯ шудаед. Пас, аз ин ба баъд бо хабарнигорон чӣ гуна муносибат хоҳед кард?

Фарзона Хоҷаева: Ростӣ, буданд ҳолатҳое, ки ман ҳам барои гирифтани кадом як иттиллои дақиқ соатҳо талош мекардам, то чизи мехостаамро ба даст биёрам. Ман ҳеҷ гоҳ аз хабарнигорон дурӣ ҷустанӣ нестам ва ҳар хабаре, ки барои онҳо муҳим аст, кӯшиш мекунам сари вақт бирасонам.

Радиои Озодӣ: Аммо оё боре орзу мекардед, ки рӯзе аз кори хабарнигорӣ канор раведу соҳиби мақом ва он ҳам муовини раиси шаҳр шавед?

Фарзона Хоҷаева: Ҳеҷ гоҳ. Зеро ягона орзуи ман ин буд, ки пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳ дохил шаваму журналист бошам. Талош доштам, ки кор дар телевизон бароям муяссар шавад. Худоро шукр, ҳамин тавр ҳам шуд. Вале ғайриинтизор ман ба кори дигар гузаштам ва рафтам аз журналистика. Фикр мекунам, ин ҳам тамри ақдир аст, ки Худованд насибам кард. Баъдан президент ҳам ҳамеша мегӯянд, ки ҷавононро бояд дастгирӣ кард, ки ин низ бетаъсир намонд. Вале ман ҳамеша талош мекунам, сазовори боварӣ бошам ва аз иҷрои вазифаи масъулиятноке, ки пеши ман аст, баромада тавонам.

Радиои Озодӣ: Ба қавли бисёриҳо, нафаре, ки дар ҷавонӣ соҳиби мансаб мешавад, албатта, пуштибоне дар мақомҳои болоӣ дорад. Шумо магар бо ин шева соҳиби мақом шудед?

Фарзона Хоҷаева: Ман фикр мекунам, агар ҷавон донишу кӯшиш дошта бошад, соҳибмақом мешавад. Аммо ман ба тариқи гузариш аз Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ба ҳукумати шаҳри Ваҳдат ба кор омадам. Ман ба қавли баъзеҳо, на “тағо” доштам ва на пуштибони дигар. Чун дар хонаводае таваллуд шудаам, ки падару модарам ҳарду ҳам омӯзгоранд. Шояд баъзеҳо шубҳа доранд, як духтаре ки дар деҳа ба воя расидаасту зиндагии хоксорона дорад, чӣ гуна метавонад ба мақом расад? Аммо ман боз мегӯям, ки дорандатарин наздикони Фарзона омӯзгоронанду зиндагиро бо ноне, ки бо нӯги қалам ёфтаанд, пеш мебаранд. Ба ҳама маълум аст, ки омӯзгор чӣ зиндагӣ дорад.

Радиои Озодӣ: То ҷое медонем, Фарзона духтари хоксору оддӣ буд, аммо баъди ин мақом то куҷо хоксору фурӯтан мемонад?

Фарзона Хоҷаева: Духтари Ромитаму сархам чу маҷнунбедҳо,

Пастиафкан бо сабурӣ, то ки бошам сарбаланд.

Бовар дорам, ки вазифаҳо маро тағйир намедиҳад, зеро ман ҳамон духтаре ҳастам, ки падару модари омӯзгор тарбия кардаанд. Шояд ҳастанд чунин нафарон, ки бо гирифтани мансаб аз худ бираванд, вале ин аз худи шахс вобаста аст. Ман танҳо як чиз мегӯям, муҳим нест, инсонҳо дар кадом сатҳ ҳастанд, муҳим ин ки бояд одамгарӣ дошт ва ба қадри инсонҳо, ба қадри ҳамдигар расид, зеро ҳамин аст, ки мемонад.

Мансабгирии занону ҷавонон дар Тоҷикистон

Бунафша Одинаева
Бунафша Одинаева

Ин нахустин мавриди таъиноти кормандони телевизион ба мансабҳои давлатӣ нест. Бунафша Одинаева, корманди собиқи Шабакаи аввал, дар соли 2005 муовини раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон таъин шуда, тайи 9 соли кораш дар ин мақом соҳиби унвони полковник шуд. Бунафша Одинаева дар моҳи марти соли равон муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон таъин шуд.

Дар Тоҷикистон занон маъмулан дар идороти давлатӣ аксаран ба мақоми муовин таъин мешаванд. Дар ҳоли ҳозир дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон танҳо 3 зан ҳаст, ки якеаш - Марҳабо Ҷабборова - ба ҳайси муовини сарвазир масъулияти умури фарҳангӣ ва маъракаи даъват бар артишро бар дӯш дорад ва дувумӣ - Махфират Хидирова - раҳбари Кумитаи зан ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон аст. Ҳамин тавр, Сумангул Тағоева вазири шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мебошад. Ҳарсеи онҳо дар поёни соли 2013, баъди пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбати раёсатҷумҳурӣ ва ташкили ҳукумати ҷадид ба ҳайати кобинаи вазирон омаданд.

Аммо Фарзона Хоҷаева ҳамин тавр, аз ангуштшумор нафаронест, ки дар Тоҷикистон дар чунин синни ҷавон соҳиби мансаби нисбатан баланд мешаванд. Дар сатҳи ҷумҳурӣ танҳо нафари аз синни 30 поён ба мақоми баланди давлатӣ расидааст, Рустами Эмомалӣ - писари 26-солаи раисиҷумҳур аст, ки дар ноябри соли 2013 раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон таъин шуд.

XS
SM
MD
LG