Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барзу: “Виҷдонам намебардорад, ки дар ин ҷо биистам” (САДО)


Барзу Абдураззоқов
Барзу Абдураззоқов

Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, мегӯяд, дар ҳоле ки модари пираш ба нигоҳубин ниёз дораду падараш бистарист, наметавонад дар Қирғизистон ба кораш идома диҳад.

Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи тоҷик, ки ҳашт моҳ боз дар театри ба номи Чингиз Айтматови Бишкек фаъолият дошт, ба кораш хотима бахшидааст. Ӯ 17 сентябр дар сӯҳбати кӯтоҳ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи якшанбе ба Тоҷикистон омада, машғули нигоҳубини падару модараш хоҳад шуд.

“Мехоҳам ба назди модарам равам. Дар он ҷо падарам низ бемор аст. Модарам пиранд. Мехоҳам дар хона бошам, дар назди онҳо. Виҷдонам қабул намекунад, ки ман дар ин ҷо бошаму онҳо дар он ҷо. Вагарна, дар ин ҷо хонаи хуб дорам, дар театри хуб кор мекунам. Аз дина боз одамон меоянд ва мегӯянд, ки наравам. Агар лозим бошад, дубора ба ин ҷо бармегардем, вале ҳоло меравам”,-афзуд Абдураззоқов.

Когардони маъруфи тоҷик дар идомаи сӯҳбаташ вуҷуди кадом нофаҳмие миёни ӯву мудири театри ба номи Чингиз Айтматови Бишкекро рад кард. Ӯ гуфт, аслан дар Қирғизистон бо касеву чизе мушкил надорад: “Рӯзи якшанбе ба Ватан меоям. Як муддат меистам ва баъд аз паси кор мешавам. Ин ҷо чанд намоишнома дорам. Вақте омадам, ҳамаашро аз наздик нақл мекунам.”

Барзу Абдураззоқов: Ба Тоҷикистон бармегардам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:39 0:00
Линки мустақим

ИСТЕЪФО?

Сиёвуш Ҷунайдӣ, шоири тоҷики муқими Бишкек
Сиёвуш Ҷунайдӣ, шоири тоҷики муқими Бишкек

Аз ин пеш, Сиёвуш Ҷунайдӣ, шоири тоҷики муқими Бишкек ва аз дӯстони Барзу Абдураззоқов ҳам, аз театри Чингиз Айтматов рафтани коргардонро тасдиқ карда буд. Аммо ӯ гуфта буд, печидагӣ ва мушкилоте дар кори Барзу Абдураззоқов дар театри Чингиз Айтматов ҳам вуҷуд доштааст, ки дар ин тасмимгирии ӯ таъсиргузор будааст.

“Чунин мушкилот дар ҳар коллектив, ба хусус коллективи эҷодӣ, вуҷуд дорад. Барзу, ки худ аслан шахси пархошҷӯ ва ҷанҷолӣ набуда, баръакс марди бисёр сабур ва сангин аст, ин гуна мушкилотро бисёр паси сар кардааст. Аммо ин ки ҳоло мегузарад, ба назари ман, танҳо як мушкили дохилии театр, ба истилоҳ “хазинаҳои тавлидот” аст, на беш аз ин. Мавзӯъ дар болотарин сатҳи театрӣ ва байни аҳли театру фарҳанги Бишкек баррасӣ ва пайгирӣ мешавад. Бачаҳои театр намехоҳанд, Барзу аз онҳо биравад ва омода ҳастанд, то ниҳоӣ шудани масъала талош намоянд, то ӯ биистад. Вале ҳарфи охирин бо худи Барзуст”,-афзуда буд Ҷунайдӣ.

ТААССУФИ МАРАТ

Расонаҳои хабарии Қирғизистон ҳам бо нашри ин иттилоъ гуфтаанд, тасмими аз кор рафтани Барзу Абдураззоқов дар пайи якдигарнофаҳмияшон бо мудири театри Чингиз Айтматов -- Александр Кулински гирифта шудааст. Марат Амираев, ҳунарманди театри ба номи Чингиз Айтматови шаҳри Бишкек, дар сӯҳбат бо Оҷонси иттилотии “24 kg” аз кори Барзу Абдураззоқов тавсиф ва аммо аз он изҳори таассуф кардааст, ки коргардони тоҷик барои бозгашт ба ҳавопаймо билет ё чипта харидааст. “Барзу Абқураззоқов бисёр инсони рӯшанфикр ва дар кори худ устод аст. Ӯ ба мо бисёр чизҳоро меомӯзонду зиёд талаб мекард. Баъд аз он мо бисёр мехостем, ба ҳунар машғул бошем”,-афзудааст ӯ.

Аммо ба қавли ин ҳунарманди қирғиз, гӯиё “ситора”-и Барзу Абдураззоқов ба мудири театр рост наомад ва охираш бо истеъфои ӯ анҷомид. Ин ҳарфҳои Марат Амираевро ҳунармадони дигар -- Анатолий Адали, Болот Тентимишев ва Улан Омуралиев ҳам тасдиқ кардаанд. Сухангӯи Вазорати фарҳанги Қирғизистон ба хабаргузории “24 kg” гуфтааст, онҳо ин қазияро бар асоси қонунҳои кишварашон баррасӣ мекунанд.

ДАР БОРАИ БАРЗУ

Барзу Абдураззоқов 55 сол дошта, аз коргардонҳои маъруфи тоҷик ва фаъолони ҷамъиятист, ки як соли охир дар Қирғизистон кору фаъолият дошт. Ӯ дар он ҷо ба ҷоизаи “Беҳтарин коргардони театри Қирғизистон” сарфароз шуда, охирҳои моҳи феврал дар театри ба номи Абдумомунови шаҳри Бишкек мактаби коргардонии ӯ таъсис ёфт.

Оқои Абдураззоқов хатмкардаи Донишкадаи давлатии ҳунарҳои театрии ба номи Луначарскии шаҳри Маскав мебошад. Ӯ ҳамроҳ бо коргардони дигари тоҷик Валерий Аҳадов дар ташкили театри «Нимҷазира» ширкат кардааст, аммо бо шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ кори ин театр бо гузоштани ду намоишнома қатъ шуд. Вале тӯли ин ҳама солҳо Барзу Абдураззоқов ба унвони як коргардони маъруф ва чирадаст на танҳо дар Тоҷикистон, балки хориҷ аз он низ эътироф мешавад. 54 намоишномаи ӯ дар саҳнаҳои театри Русия, Олмон, Фаронса, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон Узбакистон ва чандин кишвари дигар пешкаши тамошобин шуда ва худи ӯ барандаи даҳҳо шоҳҷоиза ва ҷавоизи асосии ҷашнвораҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ мешавад.

Беҳтарин намоишномаҳои ӯ дар саҳнаи театрҳои тоҷик «Девонагӣ. Соли 1993», «Найрангҳои Абдуи Хуҷандӣ», «Шабпарак хоб дид», «Чор дарвеш», «Антигона», «Оттелло», «Ҳайвонотхонаи шишагӣ»-анд, ки бо истиқболи гарми тамошобин рӯбарӯ шудаанд.

XS
SM
MD
LG