Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай боз ҳам созиш накарданд


Музокироти навбатӣ миёни довталабони курсии раёсатҷумҳурии Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва Абдулло Абдулло оид ба созиш дар бораи тақсими қудрат дар кишвар бенатиҷа поён ёфт.

Гуфтугӯи номзадҳо ва тимҳои онҳо баъд аз зӯҳри рӯзи 16 сентябр баргузор шуд. Муҷибурраҳмон Раҳимӣ, сухангӯи доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди ноком шудани онҳо талош доранд, ки ягон роҳи ҳалли бурунрафт аз бӯҳронро пайдо кунанд. Ӯ афзуд, меҳвари асосии созише, ки гуфтугӯҳо сари он сурат мегирад, “ироаи як чашмандози мутавозин ва ғайримуттамарказ шудани қудрат дар ҳукумати ваҳдати миллист. Мо ҷонибдори таъсиси як ҳукумати мӯътадил бо саҳмгирии ҳарду тараф ва мушорикати мусовиёна будему ҳастем. Аммо ситоди “Таҳаввулу тадовум” хоҳони инҳисори қудрат дар шахси раисиҷумҳур аст ва то ҳадде ҳам мушорикату саҳмгирии мусовиро инкор мекунад”.

Ба гуфтаи Раҳимӣ, тамаркузи бештар ҳоло сари музокироти сиёсист ва “талош мекунем, ки ин гуфтугӯҳо то эълони натиҷаҳои интихобот ба самар бирасанд ва ҳарду ҷониб тавофуқномаро имзо кунанд”. Узви аршади ситоди доктор Абдуллоҳ мегӯяд, агар ситоди муқобил мехоҳад, ки

Интихоботи раёсатҷумҳурӣ бо ширкати густурдаи мардум баргузор шуд
Интихоботи раёсатҷумҳурӣ бо ширкати густурдаи мардум баргузор шуд

Афғонистон сӯи бӯҳрон наравад, набояд барои эълони натиҷаҳои интихобот то анҷоми музокироти сиёсӣ пойфишорӣ кунад. “Аммо агар натиҷаҳо қабл аз расидан ба созиши сиёсӣ эълон шаванд, ҳам музокироти сиёсӣ ноком мешаванд ва мо ҳам машрӯъияти натиҷаҳои интихоботро ба расмият нахоҳем шинохт”, изҳор намуд Муҷибурраҳмон Раҳимӣ.

Баҳси натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон се моҳ боз идома дорад. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, вазири собиқи умури хориҷии Афғонистон дар даври аввали интихоботи ин кишвар, ки рӯзи 5 апрел доир шуда буд, аз байни 8 номзад бо касби 45 дарсади оро пешсаф шуд. Рақиби ӯ, собиқ вазири молияи Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар даври аввал ҳамагӣ 31 дарсад раъй ба даст оварда буд. Дар даври дувуми интихобот Залмай Расул, ки 11 дарсад, Абдураб Расули Сайёф, ки беш аз 7 дарсад ва Гулоғо Шерзай, ки беш аз ду дарсади орои интихобкунандагонро дар даври аввал ба даст оварда буданд, аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ пуштибонӣ карданд.

Вале дар даври дувум, ки 14 июн доир шуд, бино бар натоиҷи муқаддамотии эълоншуда, мақомоти интихоботӣ ба Аҳмадзай 56 дарсади овозҳо ва ба Абдуллоҳ ҳамагӣ 43 дарсад раъйро нисбат доданд. Эълони ин натиҷаҳо боиси норозигии ҷонибдорони доктор Абдуллоҳ шуд ва онҳо масъулини комиссиюнро дар тақаллуб айбдор намуда, такроран баршумурдани раъйҳоро талаб карданд. Масъулини ситоди доктор Абдуллоҳ мегӯянд, ки онҳо эълони мунсифонаи натиҷаҳои интихоботро чашмдор нестанд, аз ин рӯ барои тақсими қудрат бар пояи тавофуқи ҳарду номзад пойфишорӣ мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, ки рӯзи хатми бӯҳрони амиқи сиёсӣ то ҳанӯз номаълум боқӣ мемонад, зеро ягон ҷониб барои гузашти ҷиддӣ омода нест.

XS
SM
MD
LG