Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон бе медал монд


Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи дзюдо дар шаҳри Челябински Русия 5 паҳлавони тоҷик ноком шуд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон, ки бо ширкати беш аз 700 варзишгар аз 110 кишвар дар шаҳри Челябински Русия то рӯзи 31-уми август идома хоҳад кард, дар сабқати инфиродӣ мардону занон барои 14 маҷмӯи медалҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) мубориза мебаранд. Инчунин рӯзи охирин сабқати дастаӣ барои ду маҷмӯи медалҳо баргузор мешавад.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар шомиланд. Рӯзҳои 25- 28-уми август паҳлавонони тоҷик Каъбатулло Аминов (60 кг), Расул Абдушарифов, Самандар Қаландаров (ҳарду – 66 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг) ва Фарҳод Раҳимов (-81 кг) дар рақобатҳои инфиродӣ ширкат карданд.

Аминов дар нахустин қувваозмоии худ бар Филипп Китадал (Бразилия) ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ аз Минг Йен Тсаи (Тайван) мағлуб гашт. Абдушарифов, Қаландаров ва Расулов бошанд, дар аввалин рақобатҳо мутаносибан аз Давид Газарян (Арманистон), Себастян Сеидл (Олмон) ва Энрико Парлати (Италия) шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд. Инчунин Фарҳод Раҳимов 28-уми август дар даври аввал аз Валерий Думиника (Молдова) мағлуб гардид.

Боз чор гуштигири дигари тоҷик вориди рақобат мешаванд: -90 кг: Саидҷалол Саидов – Ҷуан Ромеро (Уругвай), Комроншоҳи Устопириён – Доменик Вензингер (Швейтсария), -100 кг: Дадахон Қурбоналиев – Дмитро Березний (Украина), +100 кг: Муҳаммадмурод Абдураҳмонов – Андре Брейбарт (Олмон).

Баъди натиҷагирии чор рӯзи мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Челябинск дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби чор медали тилло ва ду биринҷӣ пешсаф аст.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон
Мардон

60 кг
1. ГАНБАТ Болдбаатар (Муғулистон)
2. МУДРАНОВ Беслан (Русия)
3. ПАПИНАШВИЛИ Амиран (Гурҷистон)
3. ТАКАТО Наохиса (Ҷопон)
66 кг
1. ЭБИНУМА Масаши (Ҷопон)
2. ПУЛЯЕВ Михаил (Русия)
3. ХАН-МАГОМЕДОВ Камол (Русия)
3. ЗАНТАРАЯ Георгий (Украина)

73 кг
1. НАКАЯ Рики (Ҷопон)
2. ХОНГ Кук Хён (Кореяи Шимолӣ)
3. МОГУШКОВ Муса (Русия)
3. СКВОРСОВ Виктор (Иморати Муттаҳидаи Араб)

81 кг
1. СРИКИШВИЛИ Автандили (Гурҷистон)
2. ВАЛУА-ФОРТЕ Энтони (Канада)
3. НИФОНТОВ Иван (Русия)
3. ПИЕТРИ Люк (Фаронса)

Занон
48 кг
1. КОНДО Ами (Ҷопон)
2. ПАРЕТО Паула (Аргентина)
3. БУШАР Амандин (Фаронса)
3. ЛАБОРДЕ Мариа Селиа (Куба)
52 кг
1. КЕЛМЕНДИ Майлинда (МФД)
2. ЧИТУ Андреа (Руминия)
3. КУЗЮТИНА Наталя (Русия)
3. МИРАНДА Эрика (Бразилия)

57 кг
1. УДАКА Нае (Ҷопон)
2. МОНТЕЙРО Телма (Португол)
3. ПАВИА Аутомне (Фаронса)
3. ВЕРХАГЕН Санни (Ҳолланд)

63 кг
1. АГБЕГНЕНУ Кларисса (Фаронса)
2. ГЕРБИ Ярден (Исроил)
3. ТАШИРО Мику (Ҷопон)
3. ТРСТЕНЯК Тина (Словения)

Мувофиқи барномаи мусобиқа рӯзи 29-уми август мардон дар вазни то 90 кг, занон дар вазни 70 ва 78 кг, рӯзи 30-юми август мардон дар вазни то 100 кг ва беш аз 100 кг, занон дар вазни беш аз 78 кг рақобат мекунанд. Сабқати дастаӣ рӯзи якшанбе, 31-уми август, барпо мегардад.

XS
SM
MD
LG