Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Исфара” – ғолиби давраи аввали мусобиқаи лигаи якум


Давраи аввали мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар минтақаи Суғд бо пирӯзии дастаи “Исфара”-и шаҳри Исфара ба анҷом расид.

Футболбозони Исфара дар бозии марказии мавқуфгузоштаи даври 9-ум дар майдони худ бар дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:1 ғолиб омаданд ва бо 31 имтиёз ғолиби марҳилаи аввали мусобиқа гардиданд. Бояд гуфт, ки “Исфара” ягона дастаест, ки бохт надорад. “”Эсхата” бо 27 имтиёз дар мақоми дувум қарор гирифтааст.

Дастаи «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен бо вуҷуди он ки дар бозии охирини давраи аввал дар меҳмонӣ аз тими «Канд»-и Конибодом бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд, бо 23 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудааст.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқа Ғолибҷон Дадобоев аз дастаи «Қайроққум»-и шаҳри Қайроққум бо 14 гол пешсаф мебошад.

Натоиҷи бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 9-ум:

«Исфара» (Исфара) -«Эсхата» (Хуҷанд) - 3:1

Голҳо: Ҳасанов Муҳаммад, 18(1:0), Мӯсоев Фирдавс, 26(2:0), Раҳматов Иброҳим, 76(2:1), Баҳодуров Сӯҳроб, 86(3:1).

«Канд» (Конибодом) - «Спитамен» (Спитамен) - 2:1

Голҳо: Ашӯров Ҳусниддин, 54(0:1), Ҳамробоев Азиз, 76(1:1), Ҷӯраев Манучеҳр, 89(2:1).

«Қайроққум» (Қайроққум) - «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов) - 3:3

Голҳо: Худойбердиев Озод, 51(0:1), Дадобоев Ғолибҷон, 60(1:1), Худойбердиев Озод, 68(1:2), Дадобоев Ғолибҷон, 74(2:2), Худойбердиев Озод, 82(2:3), Дадобоев Ғолибҷон, 89(3:3).

«Сайҳун» (Бобоҷон Ғафуров) - «Шаҳристон» (Шаҳристон) - 3:1

Голҳо: Сангинов Акмалбой, 10(1:0), Султонов Абдуҷамил, 31(2:0), Ӯлмасов Ҳамза, 56(2:1), Борониев Мирзоазиз, 77(3:1).

«Ваҳдат» (Ашт) - «Зарафшон» (Панҷакент) - 3:0

Голҳо: Худойбердиев Пайрав, 19(1:0), Худойбердиев Пайрав, 37(2:0), Сатторов Фирдавс, 75(3:0).

«Мастчоҳ» (Мастчоҳ) - «Маркази тайёрии олимпӣ» (Хуҷанд) - 3:1

Голҳо: Раҳматов Қурбон, 19(1:0), Деҳқонбоев Ҷалолиддин, 59(1:1), Раҳматов Қурбон, 84(2:1), Шарифов Мансур, 86(3:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа баъди

ҷамъбасти давраи аввал

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

Исфара

11

10

1

0

47:7

31

2.

Эсхата

10

9

0

1

40:9

27

3.

Спитамен

11

7

1

3

21:15

23

4.

Канд

11

5

3

3

15:13

18

5.

Зарафшон

11

5

1

5

22:24

16

6.

Мастчоҳ

11

5

1

5

20:23

16

7.

Шаҳристон

11

3

5

3

22:32

14

8.

Сайҳун

11

4

1

6

20:19

13

9.

Ваҳдат

10

3

2

5

12:17

11

10.

МТО

11

2

1

8

14:36

7

11.

Қайроққум

11

1

3

7

18:40

6

12.

Ҷавонӣ

11

1

1

9

11:29

3

Нишонзанҳои беҳтарин:

1. Ғолибҷон Дадобоев («Қайроққум») – 14 гол.

2. Дилшод Бозоров (“Исфара”) – 12 гол.

3. Парвизҷон Деҳқонов («Исфара») – 10 гол.

XS
SM
MD
LG