Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи садамаи 2 хабарнигор, ки 4 моҳ боз "банд" мондааст


Парвандаи садамаи нақлиётие, ки ду хабарнигори тоҷикро маҷрӯҳ карда буд, бо гузашти чор моҳ дар мақомоти тафтишотӣ банд мондааст.

Ҷабрдидагон, кормандони телевизиони “Сафина” Озода Раҳматуллоева ва Доро Саъдуллоев мегӯянд, дар пайи ин садама ҷароҳати вазнин бардошта, ҳудуди се моҳ бо муолиҷа машғул буданд.

Озода меафзояд, сонеҳа рӯзи 14 март дар наздикии посгоҳи БДА дар даромадгоҳи ғарбии Душанбе иттифоқ афтод. Вай афзуд, як ҷипе, ки номуназзам ҳаракат мекард, ба мошини онҳо бархӯрд: «Мо аз ҷониби Регар меомадем, ки пушти корҳои худ будем.Пас аз он, ки ин ҳодиса рух дод, як нафар гуфт, нафароне, ки дар ин сонеҳа дахиланд, афроди наздик ба болоанд ва сари ман фишор меоранд. Ман то ин, ки аз ҷарроҳӣ берун наомадам, баёнот дода натавонистам. Хулоса, ину он гуфтанд ва кор чор моҳ аст, ки идома дорад ва маълум нест.»

Ҳамроҳ бо Озода, наворбардори ТВ «Сафина» - Доро Саъдуллоев низ дар ин мошин буд ва ҷароҳати бештар дидааст. Вай мегӯяд, то ду моҳ қариб, ки ҳаракат карда наметавонист ва ҳоло вазъаш беҳ шудааст: «Шукри Худо, ҳоло каму беш ҳаракат карда метавонам. Аммо мелангам. Сари чанбари мошин бисёр не, аммо кор рафта, меоям»

Тафсири ин ҳодисаро аз Маҳмадсаид Саидов, сарвари Раёсати бехатарии автомобилии Тоҷикистон пурсидем ва бо супориши ӯ маркази матбуоти ин ниҳод гуфт, ин парванда ҳанӯз моҳи марти соли равон ба Раёсати таҳқиқоти Вазорати корҳои дохилӣ интиқол ёфтааст.

Аммо Қурбоналӣ Норов, муфаттиши Раёсати таҳқиқоти Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ҳамчунин парванда ҳоло дар ихтиёри ин ниҳод нест: «Дар таҳқиқи ин шӯъба, ки дар ихтиёри ман аст, ҳамчунин як парванда вуҷуд надорад. Бале, мо дар самти садамаҳои нақлиётӣ масъулият дорем, аммо ҳамчунин парванда вуҷуд надорад.»

Намояндагони ҳарду ниҳод аз ифшои номи тарафи дигари садама худдорӣ карданд ва ҷабрдидагон мегӯянд, парванда аз сӯи муфаттиши БДА-и ноҳияи Рӯдакӣ оғоз шуда, аз онҳо баёнот гирифт нашудааст. Ҷабрдидаҳо ҳамчунин шумораи давлатии мошини ҷипро дар ёд надоранд ва бар инанд, ки корманди БДА ба ҷои воқеа омада, қазияро мустанад кардааст.

Афроди дигаре, ки низ баъд аз чанд лаҳза дар ҷои ҳодиса пайдо шуданд, ба ҷабрдидаҳо гуфтаанд, ки ронандаи ҷип яке аз наздикони Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон аст. Онҳо маслиҳат низ додаанд, ки бо ронанда сарукор нагиранд. Ҳоло кормандони телевизиони “Сафина” мегӯянд, то ба ҳол касе ба зиёни онҳо ҳам расидагӣ нанамуда, харҷи табобатро ҷуброн намекунад.

Садамаҳое, ки бо хисороти моливу ҷонӣ бо ширкати афроди наздик ба мақомот ба воқеияти ин рӯзҳо дар Тоҷикистон табдил ёфтааст. Хусрав Ҷобиров, писари Тоҳир Ҷобиров, муовини аввали раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, Бахтиёр Тағоймуродов, писари мудири кулли корхонаи «Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон», Расули Амонуллоҳ, писари собиқ раиси роҳи оҳан Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ номҳоеанд, ки дар охирин садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон зикр мешаванд.

Садамаи фоҷеабор бо ширкати Расули Амонуллоҳ, писари собиқ раиси роҳи оҳани Тоҷикистон - Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ иттифоқ афтод, ки дар пайи он се кушта бар ҷой монд. Таҳқиқи он ҳам то ба имрӯз дар ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон идома дорад. Ҳарфи охир дар ин қазияро вазири корҳои дохилӣ – Рамазон Раҳимов зад. Ба қавли ӯ, парвандаи Расули Амонуллоҳ аз 7 ташхис гузашта, аммо то ба ҳол ҷурми ӯ собит нашудааст. Вай афзуд, ҳоло ин парванда дар ихтиёри Додситонии кулли Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG