Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Малайзия бо 23 футболбоз ба Душанбе меояд


Долла Солеҳ, сармураббии нави мунтахаби миллии футболи Малайзия, ҳайати дастаашро дар бозии дӯстона бо тими миллии Тоҷикистон эълон кард.

Мутахассиси 50-сола ба рӯйхати дастаи мунтахаб, ки барои бозии дӯстона ба Душанбе меояд ва аввалин бозиро бо раҳбарии ӯ анҷом медиҳад, 23 бозигарро дохил намудааст, ки 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар мебошанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, ҳайати варзишии Малайзия бо шумули 34 нафар рӯзи 5-уми август ба Душанбе меояд.

Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстона байни тимҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Малайзия 8-уми август дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 18.00 шурӯъ мешавад. Дарвоқеъ, ин нахустин бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Малайзия ба шумор меравад.

Ҳайати мунтахаби миллии Малайзия дар бозии дӯстона бо дастаи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Моҳд Фаризал Марлиас («Селангор»), Хайрул Фаҳмӣ Че Мэт («Келантан»), Моҳд Хайрулаҷан Моҳд Халид («Паҳанг»).

Ҳимоятгарон: Маҳалли Ҷасулӣ, Мохамад Аидил Зафуан Абд Радзак, Мохд Асраруддин Путра Омар, Муҳаммад Фадҳлӣ Моҳд Шас (ҳама аз «Ҷохор Дарул Такзим»), Моҳд Бунямин Умар («Селангор»), Муҳаммад Забир Моҳд Азимӣ («Теренггану»), Моҳд Муслим Аҳмад (PDRM FA).

Нимҳимоятгарон: Баддрол Бахтиёр («Кедаҳ»), Кунанлан Субраманиам («Селангор»), Сафик Раҳим («Ҷохор Дарул Такзим»), Моҳд Бадхрӣ Моҳд Радзӣ («Келантан»), Моҳд Амрӣ Яхях («Ҷохор Дарул Такзим»), Моҳд Ҳафиз Камол, Аъзамуддин Моҳд Оқил, Гопинатхан Рамачандра (ҳама аз «Паҳанг»), Чантуру Суппиах («Саравак»).

Ҳамлагарон: Аҳмад Факрӣ Сааранӣ («Келантан»), Норшаҳрул Идлан Талаха, Моҳд Сафӣ Моҳд Салӣ (ҳама аз «Ҷохор Дарул Такзим»), Моҳд Норфархан Муҳаммад («Теренггану»).

Менеҷери даста: Дату Сударсоно Усмон.

Сармураббӣ: Долла Солеҳ.

XS
SM
MD
LG