Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бо кист? Бо Аҳмадзай? Ё бо Абдуллоҳ?


Нишонаҳои бӯҳрони сиёсии марбут ба интихоботи президентӣ дар Афғонистони ҳамсоя маҳфилҳоро дар Тоҷикистон низ то андозае нигарон кардааст. Мақомот аммо мегӯянд, ҳар касеро мардуми Афғонистон интихоб кунад, Душанбе бо ӯ ҳамкорӣ мекунад.

Бархе аз давлатмардон, рӯшанфикрон ва шаҳрвандони қатории Тоҷикистон аз номзадии Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар интихоботи Афғонистони ҳимоят мекунанд, аммо амнияту суботи ин кишварро барои Тоҷикистон ва минтақа бартарӣ медиҳанд.

Дар ҳоле ки ҳукумати Тоҷикистон таваҷҷӯҳи чандоне ба ду даври пурмоҷарои интихоботи Афғонистон нишон намедод, акнун намояндаи расмии ин кишвар гуфтааст, Тоҷикистон умедвор аст, ки баҳси интихоботӣ дар Афғонистон бо роҳи осоишта ва ҳусни тафоҳум ҳал хоҳад шуд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00
Линки мустақим

Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 8-уми июл ба радиои «Озодӣ» гуфт: «Эҳтироми мо ба мардуми Афғонистон зиёд аст ва ин мардум ҳар нафареро, ки бо роҳи қонунӣ ва шаффоф интихоб мекунад, кишвари мо омодаи ҳамкориҳои созанда бо

Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

ӯст. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори оромии Афғонистон аст. Мо ҳамеша аз интихоби мардуми Афғонистон қадр мекунем. Ҳар як хабари нохуше, ки мо мешунавем ва он боиси нооромии Афғонистон шуда метавонад, моро ошуфта месозад. Аз ин рӯ, орзуманди он ҳастем, ки дар ин кишвар ҳамеша оромӣ бошад. Оромии Афғонистон манфиати бузурге барои Тоҷикистон дорад.»

Даври дуввуми интихоботи президентии Афғонистон, ки бо ширкати Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай сурат гирифт, дар марҳалаи шумориши оро ба мушкил рӯ ба рӯ шуд. Доктор Абдуллоҳ Комиссияи мустақили интихоботиро ба қонуншиканиҳо гунаҳкор кард ва худро пирӯзи интихобот эълом дошта, мегӯяд, натиҷаҳои дасткоришударо ҳаргиз нахоҳад пазируфт. Бино бар онҳо Аҳмадзай бо бартарии 13-дарсадӣ пешсаф аст. Таҳлилгарон бар инанд, ки агар бӯҳрон ҳал нашавад, ҷудоии қавмӣ метавонад ба ҷанги нави шаҳрвандӣ дар Афғонистон сабаб гардад.

Тарафдорони Аҳмадзай пирӯзии ӯро ҷашн мегиранд ва тарафдорони Абдуллоҳ бо нидоҳои «Марг ба Карзай!» лавҳаҳои бузургеро бо акси Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури феълии Афғонистон пора мекунанду дар ҷои онҳо акси доктор Абдуллоҳро овехтанд. Аҳмадзай бештар раъйдиҳандагони паштунро аз ҷануб ва шарқ ҷалб карда, тарафдорони Абдуллоҳ аксаран тоҷикони шимол ва марказ ба шумо мераванд.

Раҳматуллоҳ Абдуллоев, корманди илмии шӯъбаи Афғонистон дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ин кишвар дар як марҳилаи ҳассос қарор дорад, ки дар сурати забон наёфтани ҷонибҳо ҳама гуна нооромиро интизор шудан имкон дорад. Ӯ мегӯяд, нооромии тоза дар Афғонистон аз ҳама бештар таъсири нохуб ба Тоҷикистон дошта метавонад.

Раҳматуллоҳ Абдуллоев, афғонистоншиноси тоҷик
Раҳматуллоҳ Абдуллоев, афғонистоншиноси тоҷик

Марзи тӯлонӣ доштани Тоҷикистон бо Афғонистон, ба гуфтаи ин коршинос, ҳар нооромие дар он сӯи рӯдхонаи Панҷ марзи ин кишварро душворназорат ва суботашро халадор хоҳад кард. Аммо аз сӯи дигар, Абдуллоев мегӯяд, пирӯз шудани ҳар нафар бо роҳи қонунӣ ва осоишта дар Афғонистон ҳеҷ таъсири ҷиддие ба муносиботи ин кишвар бо Тоҷикистон дошта наметавонад.

«Албатта, агар Абдуллоҳ Абдуллоҳ сари қудрат биёяд, садҳо мартаба муносибатҳои мо бо Афғонистон беҳтар хоҳад шуд. Аммо агар вазъияти ҳамсояҳои Афғонистонро қиёс кунем, ин кишвар дар як ҳолати қариб ҷангӣ бо Покистон қарор дорад ва бо ҳамсояи ғарбиаш Эрон бисёр мушкил дорад. Бинобар ин, мушкилоти ҷиддӣ бо ҳамсояҳо ҳар нафаре, ки дар Афғонистон сари қудрат меояд, дигаре роҳе ба ҷуз созиш бо ҳамсояҳои шимолии худ, мисли Тоҷикистону Узбакистону Туркманистон муносибати неки ҳамсоягиро дошта бошанд. Барои ҳамин, новобаста ба мавзеъгирии сиёсии раҳбари Афғонистон ӯ маҷбуранд, ки бо Тоҷикистон ҳамсояи хуб бошанд.»

Дар ҳамин ҳол, Қосимшоҳ Искандаров, таҳлилгари масоили Афғонистон мегӯяд, ба сари ҳукумат омадани Ашрафғанӣ Аҳмадзай зиёне ба Тоҷикистон надорад, аммо ӯ мегӯяд, Тоҷикистон манфиати бештар аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ хоҳад дид, ки шинохти хеле хуб аз Тоҷикистон дорад: «Абдуллоҳ агар ба ҳукумат биёяд, воқеан муносибату ҳамкорӣ хеле хуб мешавад. Дар замони ҳукумати Раббонӣ, ки бо Тоҷикистон бо дарназардошти шароити он вақта муносибати хуб дошт, Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз Тоҷикистон шинохти бештаре пайдо

Қосимшоҳ Искандаров
Қосимшоҳ Искандаров

кардааст. Бо ин шинохте, ки ин шахсият аз Тоҷикистон дорад, албатта, ҳамкориҳо бо сари қудрат омадани ӯ хуб хоҳанд шуд, аммо мо аз сари қудрат омадани Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҳам зиёни ҷиддӣ нахоҳем дид.»

Маъракаи интихоботи президенти Афғонистон миёни сокинони оддии Тоҷикистон аз таваҷҷӯҳи зиёд бархӯрдор нест. Аммо ин маърака дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба баҳси рӯшанфикрони тоҷик табдил ёфтааст. Мазмуни баҳс ин аст, ки бо сари қудрат омадани Ашрафғанӣ Аҳмадзайи паштуyтабор, ки қавмгароиаш сари забонҳост, муносибат ба Тоҷикистон бад хоҳад шуд.

Аммо коршиносони тоҷик мегӯянд, солҳои охир тоҷикон дар Афғонистон ба ҷойгоҳи беҳтаре даст ёфтаанд, вале агар ин бӯҳрони сиёсӣ ва сиёсатҳои Аҳмадзай дар сурати тасдиқ шудани пирӯзияш дар интихобот зидди тоҷикони Афғонистон нигаронида шавад, ҳукумати Тоҷикистон, ҳамчун «кишвари пуштибони тоҷикони ҷаҳон» бояд ба гунаи мантиқӣ ба ин масъалаҳо таваҷҷӯҳ кунад. Зеро таҳкими тафоҳуми қавмӣ ва ҳифзи ваҳдат дар Афғонистон барои амнияти Тоҷикистон ва ҳамкориҳои ояндаи он бо Кобул низ муҳим хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG