Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 зарбаи корд ҳангоми баҳси нархи як шим дар "Элегант"


Бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ.
Бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Гурӯҳи ҷавонон дар ошёнаи дувуми бозори "Корвон" ҳангоми хариди шим бо фурӯшандаҳо баҳс карда, дар пеши чашми мардум яке аз фурӯшандаҳоро 6 корд ва дигариро як корд зада маҷрӯҳ карданд.

Ҳодисаи кордкашӣ ва латукӯби ду фурӯшанда дар яке аз дӯконҳои растаи нӯҳуми мағозаи «Элегант», воқеъ дар бозори «Корвон» тоҷиронро дар як ҳолати шок қарор дода, боис шудааст, ки онҳо дигар ба ҳар харидор бо назари шубҳа нигоҳ кунанду аз эҳтиёти бештар кор бигиранд. Ин ҳодиса нимарӯзи 7 июл рух дода, он дӯкон рӯзи 8 июл, ки мо ба фурӯшгоҳи «Элегант» рафтем, баста буд.

Далер Қурбонов ва Саидҷон Охиров - фурӯшандагони 21- ва 20-солаи ин дӯкон, ки яке бо 5 ва дигарӣ бо як зарби корд захмӣ шудаанд, дар беморхонаи Қарияи боло бистариянд. Ҳарду фавран ҷарроҳӣ шудаанд ва вазъи Далер Қурбоновро, ки аз як захми корд рӯда ва ҳароммағзаш осеб дидааст, духтурон нисбатан мӯътадил арзёбӣ мекунанд. Ӯ ҳоло пурра ба худ наомадааст. Аммо вазъи Саидҷон Охиров, ки 5 корд хӯрдааст, ба фарқ аз Далер беҳтар арзёбӣ мешавад.

Абдукарим Наимов, мудири шӯъбаи садамаи пайваста ва ҷарроҳии таъҷилӣ дар беморхонаи Қарияи боло, ки Саидҷон дар ин шӯъба бистарӣ аст, мегӯяд, «ин бемор рӯзи 7 июл дар соати 13 05 ба маркази мо бо захмҳои халандаи нагузаранда дар қафаси сина, думба ва оринҷи чап бистарӣ карда шуд. Баъди ҷарроҳӣ, ҳолати умумии бемор нисбатан қаноатмандкунанда ҳисоб меёбад.»

Бо худи Далер иҷозаи сӯҳбатро дарёфт накардем, аммо ба гуфтаи фурӯшандагон бозор, Далер ва Саидҷон ҳарду бародарзода буда, дар мағозаи «Элегант»-и бозори «Корвон» дар ду дӯкони либосҳои мардона кор мекунанд. Бино ба нақли шоҳидон, кордкашӣ дар пайи баҳси яке аз тоҷирон бо чанд харидор бар сари нархи як шим сар задааст. Як тоҷири «Элегант», ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, харидор баъд аз шунидани нархи шим норозигӣ мекунад ва савдогарро дашном медиҳад: «Гуфтааст, чанд сӯм аст шим? Ин соҳибкор гуфтааст, 110 сомонӣ. Дар ҳамин ҳолат, соҳибкори дуввум барои гирифтани як либос ба ин нуқта меояд ва дашномро шунида мегӯяд, ака, рӯзадорӣ, мефаҳмем, вале илтимос, бе дашном. Ҳамин хел камтар баҳс мешаванд ва тоҷир харидорро тела медиҳад, ки рав ба роҳат. Дар ҳамин ҳолат яке аз харидорон кордашро бароварда, ҳамла мекунад ба онҳо.»

Савдогарон мегӯянд, ин ҳодиса дар як фосилаи хеле кӯтоҳ дар соати тақрибан 12 рӯз, рух додааст ва аксарият дар ин соат дар дӯконҳои худ саргарми кор будаанд. Фақат баъд аз шунидани фарёдҳо онҳо ба ҷои ҳодиса ҳозир мешаванд, ки аллакай ҳама ҷо пур аз хун ва соҳибкорон захмӣ шудаанд. Як ҳамсӯҳбати мо мегӯяд: «Ҳодиса ҳамагӣ дар чанд сония рух дод. Ҳеҷ кас чизеро нафаҳмид. Ҳама аз пушти кори худаш буд. Ҳамин қадар фаҳмидем, ки харидор нисбати як моли фурӯшанда кадом гапи қабеҳ гуфтааст ва дар натиҷа миёни ҳар ду баҳс сар задааст. Хайр, харидорон ҳам ҳар хеланд. Баъзеаш хеле дағаланд, вале мо тоқат мекунем. Аммо дар ин ҳолат, вақте фурӯшанда дашному таҳқир шунидааст, ҷанг шудаст.»

Баъди ин ҳодиса чораҳои амниятӣ дар фурӯшгоҳи «Элегант» тақвият дода шуда, вақте мо онҷо рафтем, шумори зиёди муҳофизон ба назар мерасад. Вазорати корҳои дохилӣ ду боздоштшуда -- Меҳроҷ Раҳматуллоев ва Одил Олиевро гумонбари ҳамла номидааст ва зидди онҳо дар раёсати корҳои дохилаи ноҳияи Фирдавсӣ парванда боз кардааст. Гуфта мешавад, яке аз ин ду нафар бо ҷурми кордкашӣ қаблан дар Русия ҳам маҳбус шудааст.

Ҳарчанд баҳсу ҷанҷол миёни харидорону фурӯшандаҳо бар сари нархи молу коло дар бозори «Корвон» як падидаи маъмулист, аммо маъмурони бозор мегӯянд, ин барои бори аввал аст, ки фурӯшандагон ҳадафи корд қарор мегиранд. Бобошо Зоиршоев, масъули хадамоти амниятии бозори «Корвон» мегӯяд, онҳо дар ин авохир шумори муҳофизони бозорро бештар кардаанд ва дар мавриди таъмини амнияти соҳибкорон, ин бозор бо ширкати «Сарез 2010» шартномаи ҳамкорӣ дорад: «Муҳофизон дар ҳар минтақаву раста меистанд ва вазъи бозорро назорату тафтиш мекунанд. Барои таъмини амнияти соҳибкорон бозор бо ҷамъиятҳои муҳофизатӣ шартнома дорад ва вазорати корҳои дохила ҳам тартиботи ҷамъиятиро ин ҷо назорат мекунад.»

«Корвон» яке аз бузургтарин бозори молу колои Тоҷикистон маҳбус шуда, дар инҷо ҳудуди 5 ҳазор нафар ба тиҷорат машғул аст. Аммо сар задани боз як ҳодисаи кордкашӣ ва он ҳам бино ба иттилои вазорати корҳои дохила, аз ҷониби ду ҷавон - яке 21- ва яке 27-сола дар ҳолест, ки солҳои ахир мақомот аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, ки дар ин авохир ҳарчӣ бештар бо истифодаи корд содир мешаванд, изҳори нигаронӣ мекунанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама нигарониву талошу чораандешиҳо, ҳамлаҳои ҷавонон бо корду анвоъи дигари силоҳҳои сарду гарм ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст.

XS
SM
MD
LG