Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо Эстония


Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон имрӯз, 31-уми май, омодагиро ба бозии дӯстона бо мунтахаби Эстония шурӯъ кард.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста 22 бозигарро, ки дар байни онҳо танщо як легионер - Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари бошгоҳи «Габала»-и Озарбойҷон мебошад, даъват кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими миллии кишвар дар урдугоҳи Академияи бошгоҳи футболи «Истиқлол» -и Душанбе, дар Алмосии ноҳияи Ҳисор то 4-уми июн тамрин мекунад. Ва худи ҳамон рӯз футболбозони тоҷик бо ҳавопаймо ба воситаи Маскав ба Таллинн парвоз хоҳанд кард.

Ҳайати мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Рустам Ризоев («Энергетик»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»).

Ҳимоятгарон: Далерҷон Тухтасунов («Далерон-Ӯротеппа»), Давронҷон Эргашев («Габала», Озарбойҷон), Искандар Ҷалилов («Хуҷанд»), Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов (ҳама – «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов («Энергетик»).

Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Ромиш Ҷалилов (ҳама– «Истиқлол»), Иброҳим Рабимов, Бахтиёр Ҳасанов (ҳарду– «Энергетик»), Амирбек Ҷӯрабоев («Хайр»).

Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров («Парвоз»), Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарду – «Истиқлол»).
XS
SM
MD
LG