Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ояндаи “Равшан” зери суол қарор гирифтааст (2 ВИДЕО)


Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе баъди пирӯзӣ бар "Равшан"-и Кӯлоб бо ҳисоби бузурги 5:0 барои бори чаҳорум Суперҷоми футболи Тоҷикистонро ба даст овард, аммо ширкати "Равшан" дар мусобиқоти минбаъда зери суол мондааст.

Дар як нишасти хабарӣ, ки шаби сешанбе 25-уми март дар Варзишгоҳи марказӣ баъд аз бозии ин ду тим доир шуд, сармураббиёни ҳарду даста ва менеҷери «Равшан» андешаҳои худро дар бораи ин бозӣ баён карда, ба суолҳои хабарнигорон посух доданд. Ба андешаи сармураббиён айни ҳол дастаи "Равшан" ба мушкили молӣ ру ба рӯст.
Нишасти хабарии дастаҳои "Равшан" ва "Истиқлол"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:59 0:00
Линки мустақим

Маъруф Рустамов, сармураббии «Равшан»:
Маъруф Рустамов.
Маъруф Рустамов.
- Мо аз доварони бозӣ, бахусус, аз сардовар Хуршед Дадобоев шикоят дорем. Ҳарчанд ки дар қисми аввали бозӣ бад доварӣ накард, вале ба хатоҳои зиёд роҳ дод, пеналтӣ ҳам надод. Умуман, сатҳи доварони футболи мо ниҳоят паст аст. Аз ин пеш мо соли гузашта ду бор бо “Истиқлол” бозӣ кардем ва доварон аз хориҷи кишвар буданд, бинобар мо аз ҷониби онҳо ҳеҷ гуна тарафгириро ҳис накардем. Албатта, дар ҳайати даста ширкат накардани якчанд бозигари асосии мо таъсири манфӣ расонд. Ва дар ин бозӣ “Истиқлол” бартарии комил дошт. Шароити дастаи мо ҳоло хеле вазнин аст ва рости гап, мо аз ин бозӣ даст кашиданӣ будем. Вале ба ҳурмати меҳмони олиқадр, раиси ФИФА, ба майдон баромадем. Ба мухлисони дастаамон ташаккур мегӯям, ки моро дар чӣ ҳолате ки набошем, хуб дастгирӣ мекунанд. Вале ҳама чиз аз маблағ бастагӣ дорад. Барои як сафари мо ба хориҷи кишвар барои ширкат дар як бозии Ҷоми АФК тақрибан 150 ҳазор сомонӣ зарур аст.

Дилшод Шарифов, менеҷери «Равшан»:
- Вазъияти молии дастаи “Равшан” хеле мушкил аст. Ба иллати набуди маблағ мо аз якчанд бозигари асосиамон маҳрум шудем. Онҳо футболбозони касбианд. Оила доранд ва бояд рӯзгори худро пеш баранд. Мо онҳоро хуб мефаҳмем ва ташаккур мегӯем, ки то ин бозӣ бо мо буданд. Вале дар ин бозии муҳим ширкат накардани онҳо, албатта, боиси нигаронии аҳли даста гардид. Мо аз сарпарасти кулли даста Муҳаммадзоир Соҳибов, ки тӯли ду сол ба “Равшан” ҳамаҷониба кӯмаки беғаразона кард, изҳори сипос мекунем. Ҳоло ҳам ба мо то қадри имкон ёрӣ медиҳад, вале барои нигоҳ доштани дастаи касбӣ маблағи зиёд зарур аст ва ҳама вақт як нафар наметавонад, ки бошгоҳи футболро ба ӯҳда гирад. Мо ба бисёр тоҷирон, ки қудрати молӣ доранд, муроҷиат кардем, вале афсӯс ки онҳо ба мактубҳои мо посух надоданд. Фардо, 26-уми март мо бори дигар бо сарпарастони худ гуфтугӯ мекунем, агар масъалаи молӣ ҳалли худро ёбад, мо ҳам дар Ҷоми АФК ва ҳам дар чемпионати Тоҷикистон бозӣ мекунем. Ман ҳам аз сатҳи пасти доварӣ дар футболи мо хеле дар ташвишам ва гуфтаниям, ки бо чунин доварон сатҳи футболи тоҷикро баланд бардошта намешавад.

Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол»:
- Ман фикр мекунам, аз ин бозӣ мухлисони сершуморе, ки дар варзишгоҳ ҷамъ шуданд, ҳаловат бурданд. Ҳарифи мо – “Равшан” – бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ шудааст. Бинобар ин на танҳо ба ин бозӣ, умуман, имсол ба Ҷоми АФК низ хуб омодагӣ надидааст. Даста якчанд рӯз пеш аз бозиҳо ҷамъ мешавад. Бинобар ин дар ҳамин ҳол “Истиқлол” пурқувваттар аст. Мо имсол ба мавсим хеле хуб омода шудаем. Ва ин севумин мусобиқаест, ки мо имсол пирӯз шудем. Аъзои даста ва мухлисонро бо ин ғалабаи “Истиқлол” табрик мегӯем. Аз сатҳи доварӣ дар ин бозӣ ман ҳам шикоят дорам, ҳарчанд дар ин мавзӯъ сӯҳбат кардан хушам намеояд. Дар нимаи аввал сардовар ба хатоҳои дағал роҳ дод ва яке аз он хатоҳо боис шуд, ки бозигари мо Нуриддин Давронов лат хӯрд. Ман, албатта, ба қувваи бозигарони худ бовар дорам ва умедворам, ки дар чемпионати имсола муваффақ мешавем. Вазифаи мо соҳиб шудан ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон аст.

"Истиқлол" – барандаи чоркаратаи Суперҷоми Тоҷикистон

Бозӣ байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб, қаҳрамони феълии Тоҷикистон ва “Истиқлол”-и Душанбе, барандаи Ҷоми кишвар, шоми 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури беш аз 18000 тамошогар баргузор шуд.

Баъд аз бозии Равшан ва Истиқлол як қисми курсиҳои Варзишгоҳи марказӣ шикаста боқӣ монд. Видеояшро инҷо бубинед:
Осори бохти "Равшан" дар Варзишгоҳи марказӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:31 0:00

Ду голи “Истиқлол”-ро Дэвид Мауто ва Ромиш Ҷалилов дар нимаи аввал ва ду голи дигарро Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев дар нимаи дувуми дидор заданд. Инчунин як голро Далер Шомуродов, химоятгари «Равшан», дар дақиқаҳои охири бозӣ ба дарвозаи дастааш зад.

Дастаҳо бо чунин ҳайатҳо бозӣ карданд:
«Равшан» (Кӯлоб): 1. Рустам Ризоев (16. Неъмат Тошев,88). 3. Содиқ Мӯсо. 12. Ҳасан Рустамов. 29. Далер Шомуродов. 14. Бахтиёр Ҳасанов. 30. Ҷамшед Исмоилов (22. Зокир Абдулхайров, 61). 9. Ҳикматулло Расулов. 25. Муҳаммадҷони Ҳасан. 7. Сайриддин Ғаффоров. 17. Наврӯз Рустамов (20. Индус Ҳусейнов, 75). 10. Течи Саломон.
Сармураббӣ: Маъруф Рустамов.

«Истиқлол» (Душанбе): 16. Алишер Тӯйчиев. 4. Эраҷ Раҷабов. 2. Сиёвуш Асроров. 3. Глаубер Да Силва. 19. Аҳтам Назаров. 18. Фатҳулло Фатҳуллоев. 8. Нуриддин Давронов. 21. Ромиш Ҷалилов (24. Алишер Сафаров, 86). 20. Хуршед Маҳмудов (12. Ҷаҳонгир Эргашев, 69).17. Дилшод Восиев (капитан. 10. Виллер Соуза Оливейра, 78). 14. Дэвид Мауто.

Сармураббӣ: Мубин Эргашев.

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Чанд лаҳза аз бозиро аз ин видео тамошо кунед:
Лаҳзаҳо аз бозии Равшан ва Истиқлол
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00

Бояд гуфт, ки дар ҳайати “Равшан” бозигарони асосии даста, ба монанди бародарон Далерҷон ва Давронҷон Тухтасуновҳо, Алексей Неъматов, Абдусамад Ҳоҷибоев, Нуъмонҷон Ҳакимов ширкат надоштанд. Ба ҷойи онҳо бозигарони ҷавон ба майдон омаданд.

Баъди анҷоми бозӣ маросими супурдани ҷоизаҳо баргузор шуд. Ибтидо Хуршед Мирзоев, муовини аввали раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба доварони ин бозӣ бо раҳбарии Хуршед Дадобоев, довари ФИФА, тӯфахои ФФТ-ро такдим кард. Сипас Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, нишонҳои нуқраи Суперҷомро ба тими "Равшан" супурд.

Баъдан Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба аъзои дастаи ғолиб – «Истиқлол» нишонҳои тиллои Суперҷомро тақдим намуд. Дар охири маросим Йозеф Блаттер, президенти ФИФА, Суперҷоми Тоҷикистонро ба Дилшод Восиев, капитани «Истиқлол», супурд.

Ҷоми олии Тоҷикистон барои панҷумин бор доир шуд. Дар чор бозӣ дастаи “Истиқлол” бар “Вахш”-и Қӯрғонтеппа (соли 2010) ва ду бор (солҳои 2011 ва 2012) бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, инчунин бар «Равшан» (соли 2014) ғолиб омадааст. Соли гузашта бошад, “Равшан” дар Варзишгоҳи марказии Кӯлоб бар «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, барандаи Ҷоми олӣ гардидааст.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Ҷоми олии Тоҷикистон

Соли 2010. Шаҳри Турсунзода. «Истиқлол» (Душанбе) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - 0:0. Замони изофӣ – 2:0.
Соли 2011. Шаҳри Қӯрғонтеппа. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 0:0. Замони изофӣ – 1:0.
Соли 2012. Шаҳри Ваҳдат. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:1.
Соли 2013. Шаҳри Кӯлоб. «Равшан» (Кӯлоб) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) — 2:1.
Соли 2014. Шаҳри Душанбе. «Равшан» (Кӯлоб) - «Истиқлол» (Душанбе) —0:5.
XS
SM
MD
LG