Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон - дар ҷойи 116-ум


Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки рӯзи 28-уми ноябр нашр шуд, бо 286 имтиёз мавқеашро дар мақоми 116-ум нигоҳ дошт.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 15-ум ва миёни тимҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар зинаи 11-ум мебошад ва аз Латвия, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон боло ҷойгир шудааст. Дастаҳои мунтахаби Украина, Русия, Арманистон, Узбакистон, Беларус, Озарбойҷон, Эстония, Молдова, Гурҷистон ва Литва пеш аз Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, тими миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии даста, рӯзи 15-уми октябри соли равон дар шаҳри Бишкек, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов бар мунтахаби Қирғизистон, ки дар феҳристи FIFA дар мақоми 146-ум қарор дорад, бозии дӯстона анҷом дод ва бо ҳисоби 4-1 ғолиб омад.

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини FIFA дар байни 209 тими миллӣ мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Олмон дар ҷойи дувум ва Аргентина дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Колумбия, Португол, Уругвай, Италия, Швейтсария, Ҳолланд, ва Бразилия ҷойгир шудаанд.

Дар байни дастаҳои мунтахаби Осиё тими миллии Эрон пешқадам аст. Баъдан тимҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ва Узбакистон қарор доранд.

Рейтинги FIFA аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад.

Рейтинги минбаъдаи FIFA 19-уми декабри соли 2013 нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG