Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - Узбакистон - 4-5


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар дувумин бозиаш дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2014 аз тими Узбакистон бо ҳисоби 4-5 мағлуб шуд.

Ин бозии даври дувуми сабқати гурӯҳи “А” шаби 6-уми ноябр дар маҷмааи варзишии “Узбакистон”-и шаҳри Тошканд поён ёфт.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2-0 ба нафъи мунтахаби Узбакистон ва нимаи дувум бо ҳисоби 4-3 ба фоидаи мунтахаби Тоҷикистон ба анҷом расид. Нахустин голро Самад Шоҳзуҳуров, бозигари мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 9-ум ба дарвозаи дастааш зад. Голи дувуми мизбононро Дилшод Раҳматов дар дақиқаи 20-ум ба ҳадаф расонд. Се голи дигари мунтахаби Узбакистонро Дилшод Ирсалиев ва Артур Юнусов дар дақиқаи 22-юм, инчунин, Нодир Елисбоев дар дақиқаи 29-ум вориди дарвозаи футболбозони тоҷик карданд.

Ду голи мунтахаби Тоҷикистонро Хуршед Маҳмудов, дар дақиқаҳои 35-ум ва 39-ум ба самар расонд. Шерзод Ҷумъаев дар дақиқаи 22-юм ва капитани даста Алишер Улмасов дар дақиқаи 33-юм якголӣ заданд.

Бозии дигари ин гурӯҳ рӯзи чоршанбе миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Туркманистон бо ҳисоби мусовии 2-2 хотима ёфт.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш 5-уми ноябр бар тими Қирғизистон бо ҳисоби бузурги 8-4 пирӯз шуда буд. Панҷ голи мунтахаби Тоҷикистонро Хуршед Маҳмудов зад. Алишер Улмасов ду гол ва Шерзод Ҷумъаев як гол ба самар расонданд.

Мунтахаби Узбакистон дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи “А” бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Тоҷикистон бо 3 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Дастаҳои Қирғизистон ва Туркманистон бо якимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чорум қарор доранд.

Мунтахаби Тоҷикистон бозии охиринашро 7-уми ноябр бо дастаи Туркманистон анҷом медиҳад. Аз ин гурӯҳ се даста ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014, ки соли оянда дар Вйетнам баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Мунтахаби Узбакистон новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш бо дастаи Қирғизистон ғолиби гурӯҳ шуд ва ба марҳалаи ниҳоии мусобиқот роҳхат гирифт. Се дастаи дигар барои ду роҳхат талош доранд. Ба мунтахаби Тоҷикистон барои гирифтани ҷойи дувум ва роҳхати дувум ба марҳалаи ниҳоӣ дар бозии охирин бо мунтахаби Туркманистон бозиро мусовӣ кардан кофист.

Бозиҳои гурӯҳи «А» :

Даври 1-ум
5-уми ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон – 4-8
Узбакистон – Туркманистон – 10-1

Даври 2-юм
6-уми ноябр (чоршанбе)

Туркманистон – Қирғизистон – 2-2
Тоҷикистон – Узбакистон -4-5

Даври 3-юм
7-уми ноябр (панҷшанбе)

16:00 – Тоҷикистон - Туркманистон
19:00 – Узбакистон - Қирғизистон.
XS
SM
MD
LG