Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин раиси ФФТ даргузашт


Мирзо Мамадҷонов, аввалин раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи 4-уми ноябр дар синни 69-солагӣ баъди беморӣ бар асари сактаи дил дар шаҳри Душанбе оламро падруд гуфт.

Мирзо Мамадҷонов 10-уми декабри соли 1943 дар ноҳияи Панҷи Тоҷикистон ба дунё омадааст. Вай ҳамчун бозигар, мураббӣ, довар ва раҳбар тамоми ҳаёти худро ба рушди футбол бахшидааст. Дар дастаҳои мухталифи кишвар муваффақона бозӣ кардааст.

Вай дар замони шӯравӣ бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии СССР-ро доварӣ мекард. Ӯ ба унвони баланди “Довари дараҷаи умумииттифоқӣ” ва баъдан “Довари дараҷаи байналмилалӣ” мушарраф шудааст. Мирзо Мамадҷонов ба ҳайси мураббӣ низ дастаҳои мухталифи Тоҷикистону Узбакистонро машқ дода, шогирдони зиёд тарбия кардааст. Ӯ ба унвони фахрии “Мураббии шоистаи Тоҷикистон” сазовор гаштааст.

Мирзо Мамадҷонов, инчунин, барои хидматҳои арзандааш дар рушди варзиш, бахусус, футбол дар кишвар бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мушарраф шудааст.

Бо ибтикори ӯ соли 1992 Федертсияи миллии футболи Тоҷикистон таъсис ёфт, ки Мирзо Мамадҷонов аввалин раиси он буд. Бо талошҳои зиёди ӯ ФФТ соли 1994 узви AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ва ҳамон сол узви FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) гардидааст. Вай то моҳи майи соли 1995 раиси ФФТ, баъдан то соли 2012 муовини раиси ФФТ буд.

Писараш Шӯҳрат Мамадҷонов дар ҳайати дастаи “Помир”-и Душанбе, тимҳои мухталифи Узбакистон ва кишварҳои дигар, инчунин, дастаи мунтахаби олимпии СССР бозӣ кардааст.

Ҷасади Мирзо Мамадҷонов имрӯз, 4-уми ноябр дар яке аз қабристонҳои Душанбе ба хок супурда шуд.
XS
SM
MD
LG