Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони беадаб муҷозот шуданд


Имрӯз, 22-уми октябр, ҷаласаи кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) барпо гардид.

Ба иттилои ФФТ дар ин ҷаласа футболбозоне, ки дар бозиҳои даври 17-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон кортҳои сурх гирифта, Кодекси ахлоқи ФФТ-ро вайрон кардаанд, муҷозот шуданд.

Дар ин ҷаласа чунин тасмим гирифта шуд:

Фирдавс Қурбонов, бозигари «Энергетик»-и Душанбе, барои барқасдона ба рӯи рақибаш мушт задан дар бозӣ бо тими “Хайр»-и Ваҳдат (19-уми октябр) аз 2 бозӣ маҳрум ва 1000 сомонӣ ҷарима,
Саид Ломеирамандӣ, бозигари «Хайр»-и Ваҳдат, барои барқасдона ба рӯи рақибаш мушт задан дар бозӣ бо «Энергетик»-и Душанбе (19-уми октябр) аз 2 бозӣ маҳрум ва 1000 сомонӣ ҷарима,
Бахтиёр Азизов, бозигари дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, барои бо пой задани рақибаш дар бозӣ бо тими «Истиқлол»-и Душанбе (19-уми октябр) аз 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима,
Бенҷамин Аманква, бозигари дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд,
барои корти дувуми зард дар бозӣ бо «Равшан»-и Кӯлоб (20-уми октябр) аз як бозӣ маҳрум ва 300 сомонӣ ҷарима карда шуданд.
XS
SM
MD
LG