Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Кувайт


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё ширкат хоҳад кард.

Бозиҳои гурӯҳи “А” аз 21-ум то 29-уми сентябр дар Кувайт баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқоти интихобӣ дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Ҳиндустон (21-уми сентябр), Бутан (23-юми сентябр), Кувайт (27-уми сентябр) ва Лубнон (29-уми сентябр) рақобат мекунад.

Мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ба ҳайати даста 23 футболбозро дохил кардааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16):
дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Нури Норак»), Шаҳром Исмоилов («Вахш»), Фирӯз Бекмуродов (РШВСМ);
ҳимоятгарон: Алишер Сафаров («Истиқлол»), Сироҷиддин Гулмуродов («Нури Норак»), Абубакр Азимов («Равшан»), Фирӯз Ризомов («Вахш»), Табрези Давлатмир, Сӯҳроб Мирзоев (ҳарду аз РШВСМ);
нимҳомоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе, Ҳокимҷон Ҳасанов, Ҷамшед Махсумов (ҳама аз РШВСМ), Сӯҳроб Муъминов («Энергетик»), Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов (ҳарду аз «Вахш»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Равшан»), Сомон Мавлонов («Саройкамар»), Саидҷон Шарифов («Эсхата»), Илҳомҷон Бердиалиев («Регар-ТадАЗ»);
ҳамлагарон: Собирҷон Гулаков, Муҳаммадҷон Шарифов (РШВСМ), Рустам Толибов (ССКА «Помир»), Ҳиматулло Муллодӯстов («Саройкамар»).

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон охирин марҳалаи омодагиро ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар Кувайт анҷом дод. Дар доираи ин омодагиҳо мунтахаби Тоҷикистон 16-уми сентябр дар бозии санҷишӣ бар мунтахаби наврасони Кувайт (U-15) бо ҳисоби бузурги 5:0 пирӯз шуд. Голҳоро Муҳаммадҷони Ҳасан (дақиқаи 21-ум), Собирҷон Гулаков (29), Ҳокимҷон Ҳасанов (43), Рустам Толибов (48) ва Ҳиматулло Муллодӯстов (77) заданд.
XS
SM
MD
LG