Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Саройкамар” – пешсафи мусобиқоти лигаи аввал


Бозиҳои даври 11-уми мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд.

Натоиҷи бозиҳои даври гузашта чунинанд:
“Бохтар” (Бохтар) – “Ҳосилот” (Фархор) – 0:0
“Ҳулбук” (Восеъ) – “Саройкамар” (Панҷ) – 0:3 ( бохти техникӣ).

Бозӣ миёни дастаҳои “Нури Норак” (Норак) – РТСУ (Душанбе) бинобар ҷалби футболбозони ҷавони дастаҳо ба ҷамъомади таълимиву тамринии тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон барои омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё ба мӯҳлати дигар гузаронида шуд.


Дар айни ҳол дар ҷадвалимусобиқот дастаи “Саройкамар” бо 20 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. Дастаҳои “Кӯктош+С” бо 17 имтиёз дар ҷойи дувум ва РТСУ (Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон) бо 12 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Саройкамар» Панҷ 9 6 2 1 22 – 5 20
2. «Кӯктош+С» Рӯдакӣ 8 5 2 1 16 – 11 17
3. Р Т С У Душанбе 7 4 0 3 11 – 11 12
4. «Ҳулбук» Восеъ 9 4 0 5 13 – 19 12
5. «Нури Норак» Норак 7 3 3 1 8 – 7 12
6. «Ҳосилот» Фархор 9 3 1 5 9 – 11 10
7. «Бохтар» Бохтар 9 2 2 5 12 – 11 8
8. «Пахтакор» Қубодиён 8 1 0 7 8 – 24 3













Голзанҳои беҳтарин: Ҷонибек ҒАФФОРОВ («Саройкамар») – 8 тӯб, Зоир ХОЛМАТОВ («Ҳулбук»), Сайидамир МИРЗОЕВ («Ҳосилот») – 6-тӯбӣ.

Бозиҳои даври 12-ум
22-юми сентябр (якшанбе) – соати 16:30

«Нури Норак» - «Кӯктош+С»
«Саройкамар» - «Бохтар»
РТСУ – «Пахтакор» - ба мӯҳлати дигар гузаронида шуд.
XS
SM
MD
LG