Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё


Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи футболи Тоҷикистон ба марҳалаи охирини омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё шурӯъ кард.

Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-19) дар шаҳри Душанбе ду ҳафта идома хоҳад кард. Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии даста, ба ин ҷамъомад 24 футболбозро даъват кардааст, ки миёни онҳо як легионер – нимҳимоятгари мактаби варзишии бачагонаю наврасони бошгоҳи футболи ССКА-и Маскав Амирбек Ҷӯрабоев мебошад.

Дар ҷараёни омодагиҳо дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар се бозии санҷишӣ низ дар назар аст.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “D» бо тимҳои “ Эрон (8-уми октябр), Арабистони Саудӣ (10-уми октябр) ва Лубнон (12-уми октябр) рақобат мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ дар шаҳри Кирмони Эрон баргузор мешаванд.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19):
-дарвозабонҳо: Муродулло Саидов («Энергетик»), Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»), Дилшод Дадобоев («Пахтакор», Ҷаббор Расулов);
ҳимоятгарон: Самандари Хайриддин, Зокир Иброҳимов (ҳарду аз «Истиқлол»), Фирдавс Чақалов, Анварҷон Ҳамроқулов (ҳарду аз ССКА «Помир»), Далер Бердиқулов («Регар-ТадАЗ»), Алишер Холмуродов («Энергетик»);
нимҳимоятгарон: Амирбек Ҷӯрабоев (ДЮСШ ПФК ССКА, Маскав), Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Парвиз Ҳамидов, Мӯҳсинҷон Парпиев (ҳарду аз «Хайр»), Вайсиддин Сафаров («Истиқлол»), Шоҳрух Раҷабматов («Парвоз»), Комрон Турсунов, Дилшод Саломов, Дилшод Расулов (ҳарсе аз РТСУ), Ойбек Абдуғаффоров, Мармар Зокиров (ҳарду аз «Энергетик»),
ҳамлагарон: Меҳроҷиддин Музаффаров («Хайр»), Суннатулло Холов («Вахш»), Ромиш Ҷалилов, Сиёвуш Мӯҳсинов (ҳарду аз «Истиқлол»).
XS
SM
MD
LG