Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 голи беҷавоби Тоҷикистон ба дарвозаи Озарбойҷон


Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар даври дувуми мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Дӯстӣ-2013» дар Қирғизистон бар тими Озарбойҷон бо ҳисоби бузурги 5:0 ғалаба кард.

Дар ин бозӣ, ки рӯзи 5-уми август баргузор шуд, Рустам Толибов 2 гол, Муҳаммад Шарифов, Кароматулло Саидов ва Муҳаммадҷони Ҳасан якголӣ заданд.

Ин мусобиқа, ки дар шаҳрҳои Бишкек ва Канти Қирғизистон ҷараён дорад, то 7-уми август идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқа, ки аз як давра иборат аст, дастаҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Беларус иштирок доранд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш рӯзи 3-юми август дастаи мизбон – Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 7:2 шикаст дода буд. Чаҳор голи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар ин бозӣ Худойдод Узоқов ба ҳадаф расонд. Рустам Толибов, Собирҷон Гуляков ва Муҳаммадҷони Ҳасан якголӣ заданд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар «Ҷоми Дӯстӣ-2013» рӯзи чоршанбеи 7-уми август дар даври охирин бо дастаи Беларус, ки бозии дувумашро бо тими Қирғизистон бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод, вориди рақобат мешавад. Вале новобаста аз натиҷаи ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистон ғолиби ин мусобиқа гардид ва бо «Ҷоми Дӯстӣ-2013» сарфароз хоҳад шуд.




Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар бозии дувумаш бо тими Озарбойҷон чунин буд: Беҳрӯз Хайриев («Нури Норак»), Алишер Сафаров (РШВСМ, капитан), Фирӯз Ризомов («Вахш»), Сироҷиддин Гулмуродов («Нури Норак»), Абубакр Азимов («Равшан»), Муҳаммад Шарифов (РШВСМ), Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов (ҳарду - «Вахш»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Равшан»), Рустам Толибов (РШВСМ), Сӯҳроб Муъминов («Энергетик»).
Инҳо ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Собирҷон Гуляков, Ҷамшед Махсумов (ҳарду – РШВСМ), Шаҳром Исмоилов («Вахш»), Ҳаким Ҳасанов, Табрези Давлатмир (ҳарду - РШВСМ), Саидҷон Шарифов («Эсхата»), Ҳикматулло Муллодӯстов («Саройкамар»).

Сармураббӣ: Чикаши Сузуки (Ҷопон).

Голҳо: Муҳаммад Шарифов, 7 (1:0). Кароматулло Саидов, 40 (2:0). Муҳаммадҷони Ҳасан, 48 (3:0). Рустам Толибов, 57 (4:0). Рустам Толибов, 58 (5:0).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Ҷ Дастаҳо Б Б М Б Т И
1 Тоҷикистон 2 2 0 0 12-2 6
2 Озарбойҷон 2 1 0 1 5-8 3
3 Беларус 2 0 1 1 5-7 1
4 Қирғизистон 2 0 1 1 4-9 1

Тақвими бозиҳои «Ҷоми Дӯстӣ-2013»

Даври 1-ум. 3-юми август, шанбе

18.30 - Озарбойҷон – Беларус – 5:3
18.30 - Қирғизистон – Тоҷикистон – 2:7

Даври 2-юм. 5-уми август, душанбе

18.30 - Тоҷикистон – Озарбойҷон – 5:0
18.30 - Беларус – Қирғизистон – 2:2

Даври 3-юм. 7-уми август, чоршанбе

9.00 - Тоҷикистон – Беларус
10.00 - Қирғизистон - Озарбойҷон
XS
SM
MD
LG