Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ФФТ-2013: Мусовии “Хайр” бо “Истиқлол”


Шоми сешанбе, 25-уми июн бозии даври дувуми мусобиқаи минтақаи Душанбе барои Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) миёни дастаҳои “Хайр” ва “Истиқлол” бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.

Дар марҳалаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе, ки дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат ҷараён дорад, чаҳор даста – «Истиқлол»-и Душанбе, ССКА «Помир»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат ва «Кӯктош-С»-и ноҳияи Рӯдакӣ ширкат доранд. Бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешаванд.

Ҷоми ФФТ аз ду давра иборат аст. Марҳалаи аввал дар ду минтақа - Душанбе ва вилояти Суғд баргузор мешавад. Баъдан даври ниҳоӣ барпо мегардад. Баъди анҷоми марҳалаи пешакӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар як минтақа ба даври ниҳоӣ роҳ меёбанд. Сипас ду дастаи ғолиби бозиҳои ниманиҳоӣ ба финал мебароянд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми ФФТ ва 20 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар нахустин бозии даври аввали мусобиқот дастаи “Хайр” бар тими “Кӯктош-С” бо ҳисоби бузурги 5:2 ғалаба карда буд. Дар бозии дигари даври аввал ССКА “Помир” тими “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Дар бозии дигари даври дувуми мусобиқаи минтақавӣ шоми чоршанбе, 26-уми июн, дастаҳои ССКА “Помир” ва “Кӯктош-С” вориди рақобат мешаванд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Ҷ
Дастаҳо
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1.
«Хайр»
2
1
1
0
5-2
4
2.
ССКА «Помир»
1
1
0
0
3-0
3
3.
«Истиқлол»
2
0
1
1
0-3
1
4.
«Кӯктош»
1
0
0
1
2-5
0

Ҷоми ФФТ. Мусобиқаи пешакӣ.
Минтақаи Душанбе.

Даври 1-ум
23-юми июн (якшанбе)
«Кӯктош-С» - «Хайр» - 2:5
24-уми июн (душанбе)
«Истиқлол» - ССКА «Помир» - 0:3
Даври 2-юм
25-уми июн (сешанбе)
«Хайр» - «Истиқлол» - 0:0
26-уми июн (чоршанбе)
ССКА «Помир» - «Кӯктош-С»
Даври 3-юм
27-уми июн (панҷшанбе)
«Кӯктош-С» - «Истиқлол»
28-уми июн (ҷумъа)
«Хайр» - ССКА «Помир»
Оғози бозиҳо - соати 18:00
XS
SM
MD
LG