Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Кӯктош” - ғолиби давраи аввали мусобиқаи лигаи якум


Бозиҳои даври 9-уми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастаҳои лигаи аввал дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд

Дар ду бозӣ мизбонон ғалаба карданд ва як бозӣ бо ҳисоби мусовӣ хотима ёфт.

Бозии пешсафони ҷадвали мусобиқот – “Кӯктош+С”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид.

Натоиҷи бозиҳои даври 9-ум:

“Бохтар” (Бохтар) - “Пахтакор” (Қубодиён) – 6:0
“Ҳулбук” (Восеъ) - “Ҳосилот” (Фархор) – 3:1
“Кӯктош+С” (Рӯдакӣ) - “Саройкамар” (Панҷ) – 1:1

Ба ин тартиб дастаи «Кӯктош+С» бо 16 имтиёз ғолиби давраи аввали мусобиқот шуд. Футболбозони ноҳияи Рӯдакӣ бохт надоранд. Дастаи “Саройкамар”бо 14 имтиёз дар ҷойи дувум ва тими “Ҳулбук” бо 12 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ
Дастаҳо
Бозӣ
Ғалаба
Мусовӣ
Бохт
Тӯбҳо
Имтиёз
1.
«Кӯктош+С» (Рӯдакӣ)
7
5
2
0
16 – 7
17
2.
«Саройкамар» (Панҷ)
7
4
2
1
15 – 5
14
3.
«Ҳулбук» (Восеъ)
7
4
0
3
13 – 13
12
4.
Р Т С У (Душанбе)
7
4
0
3
11 – 11
12
5.
«Нури Норак» (Норак)
7
3
3
1
8 – 7
12
6.
«Бохтар» (Бохтар)
7
2
1
4
10 – 8
7
7.
«Ҳосилот» (Фархор)
7
2
0
5
6 – 11
6
8.
«Пахтакор» (Қубодиён)
7
0
0
7
5 – 22
0

Голзанҳои беҳтарин:
1. Ҷонибек Ғаффоров (“Саройкамар”) - 8 тӯб.
2. Зоир Холматов («Ҳулбук») - 6 тӯб.
3. Некрӯз Козимов («Нури Норак») - 4 тӯб
XS
SM
MD
LG