Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ФФТ-2013: Пирӯзии ССКА “Помир” бар “Истиқлол”


Шоми душанбе, 24-уми июн дар даври аввали мусобиқаи минтақаи Душанбе барои Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) ССКА “Помир” бар “Истиқлол” бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Дар марҳалаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе, ки дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат ҷараён дорад, чаҳор даста – «Истиқлол»-и Душанбе, ССКА «Помир»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат ва «Кӯктош-С»-и ноҳияи Рӯдакӣ ширкат меварзанд. Бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешаванд.

Дар бозии ду дастаи шаҳри Душанбе – ССКА “Помир” ва “Истиқлол” Ҷеймс Аддӣ, легионери низомиён, дар дақиқаи 41-ум ҳисобро боз кард. Ду голи дигарро Фаридун Шарифов дар дақиқаи 87-ум ва Файзулло Бобоев дар дақиқаи 89-ум ба ҳадаф расонданд.

Ба иттилои Хабир Давлатов, сардори ССКА “Помир”, ба ҳайати даста дар Ҷоми ФФТ аслан бозигарони ҷавон ба майдон омаданд. “Истиқлол” низ бо ҳайати омехта бозӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки дар нахустин бозии даври аввали мусобиқот дастаи “Хайр” бар тими “Кӯктош-С” бо ҳисоби бузурги 5:2 ғалаба карда буд. Голҳо: Алишер Ӯлмасов, 27 (0:1). Ҳаким Амроҷонов, 31 (1:1). Баҳодур Шарифов, 53 – аз пеналтӣ (1:2). Мирзобек Мирзоев, 58 (1:3). Мирзобек Мирзоев, 66 (1:4). Идибек Ҳабибуллоев, 73 (1:5). Ҳаким Амроҷонов, 83 (2:5).

Ҷоми ФФТ аз ду давра иборат аст. Марҳалаи аввал дар ду минтақа - Душанбе ва вилояти Суғд баргузор мешавад. Баъдан даври ниҳоӣ барпо мегардад. Баъди анҷоми марҳалаи пешакӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар як минтақа ба даври ниҳоӣ роҳ меёбанд. Сипас ду дастаи ғолиби бозиҳои ниманиҳоӣ ба финал мебароянд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми ФФТ ва 20 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Дар даври дувуми мусобиқаи минтақавӣ шоми сешанбе, 25-уми июн, дастаҳои “Хайр” ва “Истиқлол” вориди рақобат мешаванд.

Ҷоми ФФТ. Мусобиқаи пешакӣ

Минтақаи Душанбе

Даври 1-ум


23-юми июн (якшанбе)
«Кӯктош-С» - «Хайр» - 2:5

24-уми июн (душанбе)
«Истиқлол» - ССКА «Помир» - 0:3

Даври 2-юм

25-уми июн (сешанбе)
«Хайр» - «Истиқлол»

26-уми июн (чоршанбе)
ССКА «Помир» - «Кӯктош-С»

Даври 3-юм

27-уми июн (панҷшанбе)
«Кӯктош-С» - «Истиқлол»

28-уми июн (ҷумъа)
«Хайр» - ССКА «Помир»

Оғози бозиҳо - соати 18:00
XS
SM
MD
LG