Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мунтахаби бошгоҳҳо дар бозии дӯстона бар дастаи ҷавонон


Рӯзи чоршанбе, 19-уми июн дар шаҳри Қӯрғонтеппа бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби бошгоҳҳо ва ҷавонони Тоҷикистон (U-19) баргузор шуд.

Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и маркази вилояти Хатлон барпо гардид, бо пирӯзии дастаи мунтахаби бошгоҳҳои Тоҷикистон бо ҳисоби бузурги 4:0 хотима ёфт. Шодибек Ғаффоров ду гол (дар дақиқаҳои 15-ум ва 63-юм), Умедҷон Шарифов (44) ва Аҳтам Ҳамроқулов (85) якголӣ заданд.

Бояд гуфт, ки бозигари дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар Вайсиддин Сафаров дар дақиқаи 12-ум имкони садфоизаи кушодани ҳисоби бозиро аз ҷаримаи 11-метра аз даст дод. Баъди зарбаи ӯ тӯб ба тири дарвоза бархӯрд.

Дастаи мунтахаби бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон дар ҳайати зерин ба майдон омада буд: Силванус Иванс («Вахш»), Бенҷамин Ауко («Вахш»), Содиқ Мӯсо («Равшан»), Даниэл Абам («Хайр»), Дэвид Мауто («Равшан», капитан), Умедҷон Шарифов («Истиқлол»), Гершон Акуффо («Регар-ТадАЗ»), Шодибек Ғаффоров (Регар-ТадАЗ»), Бахтиёр Чориев («Энергетик»), Течи Соломон («Равшан»), Ҳусейни Сӯҳробӣ («Хайр»).

Дар нимаи дувуми бозӣ инҳо ҳамдастаҳои худро иваз карданд: Миралӣ Муродов («Энергетик»), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Чарлз Тико («Равшан»), Ҷозеф Буатен («Вахш»).

Сармураббӣ: Тоҳир Муъминов, мураббии калон - Рустам Хоҷаев .

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) чунин буд: Дилшод Дадабоев (Корхонаи маъданҳои кӯҳии нохияи Ҷаббор Расулов), Саидамири Саидаҳтам, Хуршед Бегназаров, Музаффар Назаров (ҳарсе аз «Вахш»), Самандари Хайриддин, Вайсиддин Сафаров, Додохон Муъминов (ҳарсе аз «Истиқлол»), Парвиз Ҳамидов («Хайр»), Салимҷон Умуров , Суннатулло Холов (ҳарду аз «Вахш»), Сиёвуш Муҳсинов («Истиқлол»).

Дар нимаи дувуми бозӣ инҳо ҳамдастаҳои худро иваз намуданд: Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»), Алишери Ҳотам («Энергетик»), Анвар Ҳамроқулов, Салимшо Иззатов (ҳарду аз ССКА «Помир»), Далер Бердиқулов («Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Шамшод Ҳайдаров («Регар-ТадАЗ»), Меҳроҷиддин Музаффаров («Энергетик»), Ҷумъабой Каримов («Хуҷанд»).

Сармураббӣ: Салоҳиддин Ғафуров, мураббии калон - Нуъмонҷон Юсуфов, мураббии дарвозабонҳо - Аслиддин Ҳабибуллоев.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ин бозии санҷишӣ бо ибтикори Федератсияи футболи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби омодагиҳои дастаи мо ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё миёни футболбозони синнашон то 19-сола баргузор шуд. Мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа дар гурӯҳи худ бо дастаҳои Эрон, Арабистони Саудӣ ва Лубнон рақобат хоҳад кард. Бозиҳои гурӯҳи мо аз 29 октябр то 10-уми ноябри соли 2013 дар шаҳри Теҳрон барпо мегарданд. Мо имкон дорем, ки дар муддати беш аз чаҳор моҳ ба ин мусобиқа омодагии хуб бубинем. Рақибонамон хеле дастаҳои пурқувватанд, вале мо кӯшиш мекунем, ки муқобили онҳо бозии хуб нишон диҳем.”


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:10 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG