Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Равшан” “Вахш”-ро мағлуб кард ва садрнишин шуд


Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бар тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1-0 ғалаба кард.

Ин бозии даври 9-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ шоми ҷумъа, 7-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳузури беш аз 12 ҳазор мухлис баргузор шуд. Голи ягонаро дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 48-ум Ҳасан Рустамов ба ҳадаф расонд.

Ин пирӯзӣ ба дастаи “Равшан”, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқот ба ҷойи аввал барояд. Футболбозони шаҳри Кӯлоб дар ҳамаи 8 бозиашон пирӯз шуда, 24 имтиёз ба даст овардаанд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 21 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо 11 имтиёз дар ҷойи севум аст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Равшан» (Кӯлоб) 8 8 0 0 14-2 24
2 «Истиқлол» (Душанбе) 7 7 0 0 19-2 21
3 «Хайр» (Ваҳдат) 7 3 2 2 11-8 11
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 7 3 1 3 6-8 10
5 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 8 3 1 4 7-14 10
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 7 2 2 3 5-6 8
7 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 2 2 5 4-9 8
8 «Энергетик» (Душанбе) 7 2 1 4 6-9 7
9 ССКА «Помир» (Душанбе) 7 0 3 4 2-8 3
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 7 0 2 5 3-11 2

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр») - 4 тӯб, Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ, Юҷин СЕПУЙЯ (ҳарду - «Истиқлол»), Нуъмонҷон ҲАКИМОВ («Равшан»), Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз») – 3-тӯбӣ.

Даври 10-ум
8 июн (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17.30
«Истиқлол» - «Истаравшан». Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ.
«Хайр» - «Хуҷанд». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
«Регар-ТадАЗ» - «Парвоз». Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».

9 июн (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 17.30
«Энергетик» - ССКА «Помир». Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».

Даври 11-ум
15 июн (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17.30
ССКА «Помир» - «Регар-ТадАЗ». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиа.
«Хуҷанд» - «Энергетик». Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”.
«Равшан» - «Истиқлол». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

16 июн (якшанбе)
Оғози бозӣ - соати 17.30
«Истаравшан» - «Хайр». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
XS
SM
MD
LG