Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтарин мураббӣ, бозигар ва довари моҳи май


Беҳтаринҳои моҳи май
Беҳтаринҳои моҳи май

Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин мураббӣ, беҳтарин бозигар ва беҳтарин довари мусобиқаи қаҳрамонии футболи кишварро дар моҳи май муайян кард.

Никола Кавазович, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, беҳтарин мурабббӣ, легионер аз Бразилия Виллер Соуза Оливейра, нимҳимоятгари тими “Истиқлол”, беҳтарин бозигар ва довари FIFA Равшан Ишматов аз шаҳри Қӯрғонтеппа беҳтарин довар дар моҳи май эълон шуданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи 6-уми июн дар қароргоҳи ФФТ ба беҳтаринҳои моҳи май ҷоизапулӣ ба ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ супурда мешавад.
XS
SM
MD
LG