Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар Қирғизистон


Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар бозии чорумаш дар Ҷоми Каспий дар Боку бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Ин бозӣ рӯзи 4-уми июн дар пойтахти Озарбойҷон баргузор шуд. Голи мунтахаби Тоҷикистонро Кароматулло Саидов зад.

Ҷоми Каспий-2013. Бозӣ барои ҷойҳи 9-10-ум

Тоҷикистон - Қирғизистон - 2:1
Голҳо: Кароматулло Саидов, 28 (1:0). Қодирбеков, 59 – ба дарвозаи худ (2:0). Славний, 67 (2:1).

Тоҷикистон: Шаҳром Исмоилов, Абубакр Азимов, Алишер Сафаров (капитан), Муҳаммадӣ Ҳасан, Фирӯз Ризомов, Кароматулло Саидов, Муҳаммадҷон Шарифов (Сомон Мавлонов, 32, Сӯҳроб Муъминов, 45), Худойдод Узоқов, Сироҷиддин Гулмуродов, Собирҷон Гулаков (Ҳикматулло Муллодӯстов, 61), Рустам Толибов.


Ёдовар мешавем, ки футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар сабқати гурӯҳи D дар нахустин бозиашон дар Ҷоми Каспий аз тими Уругвай бо ҳисоби 0:3 ва дар бозии дувумашон аз тими Ҷопон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда, бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифтанд.

Баъдан дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии севуми худ барои ҷойҳои 9-12-ум бар тими Урдун бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ниҳоят, футболбозони тоҷик дар бозии чаҳорум ва охиринашон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, мақоми 9-умро касб карданд. Таносуби тӯбҳои мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи натиҷагирии чаҳор бозӣ 5-7 мебошад.

Ин дафъа дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 12 даста ширкат кард. Натоиҷи бозиҳои рӯзи 4-уми июн чунин аст: Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – Узбакистон – 5-2, Булғористон – Уругвай – 2-3, Қирғизистон – Тоҷикистон – 1-2, Қазоқистон – Урдун – 6-7.

Ба ин тартиб, то ҳоло мавқеъи 8 даста дар ҷадвали мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Каспий муайян шудааст: ҷойи 5-ум – ИМА, ҷойи 6-ум – Узбакистон, ҷойи 7-ум – Уругвай, ҷойи 8-ум – Булғористон, ҷойи 9-ум – Тоҷикистон, ҷойи 10-ум – Қирғизистон, ҷойи 11-ум – Урдун, ҷойи 12-ум – Қазоқистон.

Дар даври ниманиҳоӣ ғолибони чаҳор гурӯҳ рақобат карданд. Озарбойҷон бар Гурҷистон бо ҳисоби 5-4 ва Туркия бар Ҷопон бо ҳисоби 1-0 ғолиб омаданд. Имрӯз, 5-уми июн барои ҷойи севум Гурҷистон бо Ҷопон ва дар бозии ниҳоӣ барои Ҷоми Каспий дастаҳои Озарбойҷон ва Туркия бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий барои бори дувум ширкат варзид. Футболбозони навраси тоҷик соли 2011-ум дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки бо ширкати 8 даста дар ду гурӯҳ баргузор шуда буд, дар ҳар се бозии гурӯҳи “В” аз тимҳои Испания бо ҳисоби 0:6, аз Гурҷистон бо ҳисоби 0:3 ва аз Қазоқистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, аз ҳаққи мубориза барои Ҷом маҳрум гашта буд. Дар рақобат барои ҷойи 7-ум дастаи Тоҷикистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуда буд.

Ду сол муқаддам дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дастаи мунтахаби наврасони Туркия, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими Испания аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуда буд, барандаи Ҷоми Каспий гардид. Замони асосӣ ва изофии ин бозӣ бидуни гол хотима ёфта буд.
XS
SM
MD
LG