Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Голборони "Хайр" ва худоҳофизии "Панҷшер"


Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бар тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби бузурги 5-1 ғалаба кард.

Ин бозии охирини даври 8-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ шоми якшанбе, 26-уми май дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат баргузор шуд. Комрони Мирзохон бозигари “Парвоз”, дар дақиқаи 30-юм дар ҷаримагоҳи дастааш қоидаи бозиро вайрон кард ва сардовари бозӣ Диловаршоҳ Орзуев аз Ҳисор ба ӯ корти сурх нишон дода, ба дарвозаи меҳмонон ҷаримаи 11-метра таъин намуд.

Баҳодур Шарифов, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 31-ум аз пеналтӣ ҳисоби бозиро кушод. Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронии “Хайр”, дар дақиқаи 32-юм голи дувумро ба ҳадаф расонд. Сӯҳроб Эгамбердиев, бозигари “Парвоз”, дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 47-ум ҳисобро тағйир дод. Се голи дигари мизбононро Ҷамолиддин Оев дар дақиқаи 69-ум, Ҷамшед Исмоилов дар дақиқаи 75-ум ва Ҳусейни Сӯҳробӣ дар дақиқаи 86-ум заданд.

Ёдовар мешавем, ки се бозии даври 8-ум рӯзи шанбе, 25-уми май бо пирӯзии мизбонон хотима ёфт. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахти кишвар бар тими ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 3-0 ғалаба кард. Голҳоро Дилшод Восиев, капитани “Истиқлол”ва беҳтарин голзани мусобиқа, дар дақиқаи 21-ум, Умедҷон Шарифов дар дақиқаи 48-ум ва Виллер Оливейра, легионери бразилии “Истиқлол”, дар дақиқаи 53-юм ба ҳадаф расонданд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе аз тими мизбон - “Энергетик” бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд. Тӯбро Одил Бобоназаров, бозигари “Регар-ТадАЗ, дар дақиқаи 28-ум ба дарвозаи дастаи худаш зад.

Дар бозии дигари даври ҳаштум дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа дастаи мизбон - “Вахш” бар тими “Истаравшан”-и Истаравшан бо ҳисоби 1-0 ғолиб омад. Голи ягонаро Бахтиёр Қаландаров дар дақиқаи 43-юм ба самар расонд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дастаи нави лигаи олӣ - «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ - бо ирсоли номае ба унвони ФФТ аз идомаи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон даст кашидааст. Ин масъала дар ФФТ баррасӣ шуд ва дастаи «Панҷшер»-ро аз мусобиқаи лигаи олӣ берун карданд. “Панҷшер” аз нисф ками бозиҳоро анҷом додааст ва бар асоси низомномаи мусобиқот,
натоиҷи бозиҳояш бекор карда мешавад. Бинобар ин, дар ҷадвали мусобиқот баъзе тағйирот ба амал омадааст.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва Равшан”-и Кӯлоб, ки дар ҳамаи бозиҳояшон пирӯз шудаанд, бо 18-имтиёзӣ пешсафанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” дар ҷойи аввал ва “Равшан” дар ҷойи дувум қарор доранд. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 10 имтиёз дар ҷойи севум аст.

Бозиҳои даври 8-ум
25-уми май, шанбе.

«ВАХШ» - «ИСТАРАВШАН» - 1-0.
Гол: Бахтиёр Қаландаров, 43.
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

«ЭНЕРГЕТИК» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 1-0. Голро Одил Бобоназаров ба дарвозаи дастааш зад.
Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».
Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

«ИСТИҚЛОЛ» - ССКА «ПОМИР» - 3:0. Голҳо: Дилшод Восиев, 21 (1:0), Умедҷон Шарифов, 48 (2:0), Виллер Оливейра, 53 (3:0).
Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ.
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

26-уми май, якшанбе.

«ХАЙР» - «ПАРВОЗ» - 2:1.
Голҳо: Баҳодур Шарифов, 31 – аз пеналтӣ (1:0), Ҳусейни Сӯҳробӣ, 32 (2:0), Сӯҳроб Эгамбердиев, 47 (2:1), Ҷамолиддин Оев, 69 (3:1), Ҷамшед Исмоилов, 75 (4:1), Ҳусейни Сӯҳробӣ, 86 (5:1).
Комрони Мирзохон (“Парвоз”) дар дақиқаи 30-юм корти сурх гирифт.
Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» (Душанбе) 6 6 0 0 17-2 18
2. «Равшан» (Кӯлоб) 6 6 0 0 12-2 18
3. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 6 3 1 2 6-7 10
4. «Хайр» (Ваҳдат) 6 2 2 2 9-7 8
5. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 6 2 2 2 5-4 8
6. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 8 2 2 4 4-8 8
7. «Энергетик» (Душанбе) 6 2 1 3 4-6 7
8. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 7 2 1 4 4-12 7
9. ССКА «Помир» (Душанбе) 6 0 3 3 1-6 3
10. «Истаравшан» (Истаравшан) 7 0 2 5 3-11 2

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 5 тӯб, Юҷин Сепуйя («Истиқлол»), Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Равшан”), Ҳусейни Сӯҳробӣ («Хайр») – 3-тӯбӣ.

Бозиҳои навбатӣ

29-уми май, чоршанбе
Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Истиқлол» - «Хуҷанд» - бозии даври 9-ум. Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ.

“Регар-ТадАЗ” – “Равшан” – бозии даври 3-юм. Турсунзода, варзишгоҳи “Металлург”.

Дарвоқеъ, комиссиюни доварону коршиносони Федератсияи футболи Тоҷикистон эътирозномаи дастаи «Парвоз»-ро баррасӣ карда, корти сурхи ба Комрони Мирзохон нишондодаи сардовар Парвиз Муртазоевро беасос донист ва бекор кард. Довари душанбегӣ Парвиз Муртазоев бо тасмими кумитаи доварону нозирони ФФТ аз ҳаққи доварӣ дар ду даври мусобиқот маҳрум шуд.

Ёдовар мешавем, дар бозии «Парвоз» бо “Истиқлол” 19-уми май дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар дақиқаи 4-уми бозӣ ҳамлагар Юҷин Сепуйя, легионери африқоии «Истиқлол» аз Уганда, дар ҷаримагоҳи мизбонон бо рақибаш Комрони Мирзохон бархӯрд ва дар натиҷа ҷароҳати сахт бардошт. Сардовари бозӣ Парвиз Муртазоев ба бозигари «Парвоз» Комрони Мирзохон корти сурх нишон дод ва ӯ дар дақиқаи 8-ум аз майдон хориҷ шуд.
XS
SM
MD
LG