Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо Баҳрайн


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) бозии дӯстонаро бо мунтахаби Баҳрайн бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.

Ин бозии санҷишӣ дар доираи омодагии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Каспий” рӯзи 23-юми май дар пойтахти Баҳрайн – Манама, дар варзишгоҳи “Ал-Муҳаррак” баргузор шуд.

Голҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистонро ҳамлагар Рустам Толибов дар дақиқаи 8-ум (аз ҷаримаи 11-метра) ва нимҳимоятгар Худойдод Узоқов дар дақиқаи 60-ум ба ҳадаф расонданд.

Ёдвар мешавем, ки футболбозони навраси тоҷик дар пойтахти Баҳрайн – Манама бо раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ ширкат карда, ба мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Каспий», ки аз 28-уми май то 6-уми июн дар Бокуи Озарбойҷон баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони кишвар дар ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ 18 футболбоз, аз он ҷумла, 2 дарвозабон, 5 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар дохиланд.

Дар Баҳрайн футболбозони навраси тоҷик рӯзи 25-уми май боз як бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд. Баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Боку сафар менамояд. Дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Каспий” футболбозони навраси тоҷик дар даври пешакӣ бо дастаҳои мунтахаби наврасони Уругвай (29-уми май) ва Ҷопон (30-юми май) рақобат хоҳанд кард.

Бозии дӯстона

Баҳрайн (U-16) - Тоҷикистон (U-16) - 2:2
Голҳо: Рустам Толибов, 8 – аз пеналти (0:1). Аҳмад, 12 (1:1). Муҳаммад, 16 (2:1). Худойдод Узоқов, 60 (2:2).

Тоҷикистон: Шаҳром Исмоилов (Беҳрӯз Хайриев), Алишер Сафаров (капитан), Абубакр Азимов, Муҳаммадҷони Ҳасан (Эраҷ Сафаров), Фирӯз Ризомов (Искандар Мамадқулов), Сомон Мавлонов (Кароматулло Саидов), Худойдод Узоқов (Ҳаким Ҳасанов), Сӯҳроб Муъминов (Ҳикмат Муллодӯстов), Сироҷиддин Гулмуродов (Собир Гулаков), Рустам Толибов, Муҳаммад Шарифов.
Рустам Толибов (Тоҷикистон), барои корти дувуми зард дар дақиқаи 75-ум аз майдон хориҷ шуд.

23-юми май. Манама. Варзишгоҳи «Ал-Муҳаррак». 50 тамошогар.
XS
SM
MD
LG